ИДОМАИ КОРҲОИ БОСТНОШИНОСӢ
 ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
         Бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва геологҳою бостоншиносони Федератсияи Россия дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинги вилояти  Хатлон корҳои бостоншиносии мавсими наваро оғоз намуданд. Ҳайати гурӯҳ бостоншиносон бо роҳбари Шарипов А., Ашурмадов И., Бурҳонов Ғ., аз Тоҷикистон, геологҳову бостоншиносон Қурбанов Р. К. н. и. т., Анойкин А. А. д. и. т., профессор Чистиков П., Филатов Ё. А. Мещерякова О. А., Токарева О. А., Кулакова К. П аз Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.
            Муҳаққиқони Тоҷикистону Россия аз санаи 12.05.2022 дар ёдгориҳои Лоҳутӣ, Обимазор ва Хонақоҳ корҳои геобостоншиносиро оғоз намуда, дар бошишшгоҳи Лоҳутӣ IV ду ҳафриёт гузоштанд. Ҳафриёт якум дар қабати палеолити панҷум ва ҳафриёт дувум бошад дар қабати палеолити шашум гузаронида шуд. Ҳангоми ковиш зиёда аз сад олоти сангӣ дарёфт гардид, ки маҳсули дасти инсони замони палеолит буда, дар дохилашон олотҳои меҳнат аз ҷумлаи чопер, нуклеус, пластина, атшеп ва дигар намуди олоти меҳнат инчунин устухонпораҳо ва як дандони ҳайвонот пайдо ва дастраси мутахассисони гардид. Ин натиҷаи хуби рафти корҳои бостоншиносӣ аз чунин як ёдгории замони қадимтарини таърихи кишвар мебошад. Бозёфтҳо дар озмоишгоҳҳои дохили кишвар ва дигар марказҳои илмӣ мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд гирифт.
              Корҳои геобостоншиносӣ то санаи 10. 06. 2022 идома меёбанд.
 
photo_2022-05-21_16-18-20.jpgphoto_2022-05-21_16-11-12.jpg

1.jpg2.jpg