КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ»
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10 ноябри соли 2022 ба ифтихори 30 солагии Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ», баргузор гардид.
Конфренсияро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Убайдулло Насрулло Каримзода оғоз намуда, аҳаммияти таърихии иҷлосияро барои миллати тоҷик таъкид намуд.
Қайд шуд, ки “дар замони барои халқи тоҷик сарнавиштсоз, вақте алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифта буд, интихоб намудани фарзанди сарсупурдаи миллат - Эмомалӣ Раҳмон , ки давлати ҷавони Тоҷикистонро аз нестӣ эмин дошт, аҳамияти калонро бархӯрдор буд. Дар он рӯзҳои фоҷиавӣ сокинони ҷумҳурӣ, тоҷикони ҷаҳон ва дӯстони дуру наздики ин кишвари ғамзада ҳамаи умедашонро ба Иҷлосияи ХV1-ум, хираду дурандешии Парлумони Тоҷикистон баста буданд. Ходимони давлатӣ, сиёсатмадорони аксари кишварҳо оқибатҳои ин фоҷиаро эҳсос мекарданд ва умед надоштанд, ки иштирокчиёни иҷлосия забони якдигарро мефаҳманд. Бештари сиёсатмадорон муътақид буданд, ки дар вазъияти бавуҷудомада ягон ходими шоис­таи давлатӣ ёфт намешавад, ки ба хиради мутафаккирони миллат такя карда, тавонад ақлро асоси идоракунии худ қарор диҳад, алангаи оташи низоъҳои миллиро хомӯш ва кишварро аз ҷанги бародаркуш наҷот бахшанд.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқони таърихшинос бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
photo_2022-11-11_11-26-06.jpg IMG_20221110_091853_0.jpg photo_2022-11-11_11-26-07.jpg