ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, котиби илмӣ, мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерин озмун эълон менамояд:
  1. Шуъбаи бостоншиносӣ: мудири шуъба - 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ-3 ҷой;  ходими  калони илмӣ - 1 ҷой; ходими илмӣ - 1 ҷой; ходими хурди илмӣ- 3 ҷой.
  2. Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав: мудири шуъба – 1 ҷой; сарходими илмӣ - 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ - 1 ҷой; ходими  калони илмӣ - 1 ҷой; ходими илмӣ - 1 ҷой; ходими хурди илмӣ  - 2 ҷой.
  3. Шуъбаи таърихи навтарин: мудири шуъба - 1 ҷой; сарходими илмӣ – 4 ҷой; ходими пешбари илмӣ -1 ҷой; ходими калони илмӣ - 1 ҷой; ходими илмӣ – 4 ҷой; ходими хурди илмӣ - 1ҷой.
  4. Шуъбаи таърихи санъат: мудири шуъба - 1 ҷой; сарходими илмӣ - 1 ҷой; ходими  калони илмӣ - 1 ҷой; ходими илмӣ - 2 ҷой; ходими  хурди илмӣ -1 ҷой.
  5. Шуъбаи таърихи илм ва техника: мудири шуъба - 1 ҷой; сарходими илмӣ - 2 ҷой; ходими  калони илмӣ - 1 ҷой; ходими хурди илмӣ - 2 ҷой.
  6. Шуъбаи мардумшиносӣ ва антропологияи таърихӣ: мудири шуъба - 1 ҷой; сарходими илмӣ - 1 ҷой; ходими пешбари илмӣ - 3 ҷой; ходими илмӣ - 1 ҷой; ходими хурди илмӣ -1 ҷой.
Талабот барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмӣ:
- барои ишғоли вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, котиби илмӣ, мудири шуъба, сарходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ, ходими  калони илмӣ  доштани дараҷаи илмии доктори  илм, доктори ҳабилитат ё номзади илм, доктори фалсафа аз рӯйи ихтисос (PhD) дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
- барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии шуъбаи дахлдор;
- на камтар аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- доштани корҳои нашршудаи илмӣ вобаста ба самти фаъолияти шуъба.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба унвонии директори Институт;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- 4 дона расми андозаи 3х4;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;
-нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  038).
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН).
Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ИТБМ ба номи А. Дониши АМИТ, утоқи №50 (Шуъбаи кадрҳо).
Тел: (+ 992)  221 37 42; (+ 992) 221 33 40; e-mail:itaijt51@mail.ru,  
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз  баъди нашри эълон.