Сайнаков Сайнак Парпишоевич
 
номзади илмҳои таърих,
ходими пешбари илмӣ
Тел: + 992934-16-20-99,
8e-mail: saynakov2012@mail.ru

;

saynak.rushon.saynakov@mail.ru

 

 
САЙНАКОВ С. П., номзади илмҳои таърих (2015), дотсент (2019). Мутахассиси соҳаи таърихнигорӣ ва таърихи муносибатҳои байналхалқӣ. 12.03.1977 с. дар деҳаи Дерзуд – Барзуди ноҳияи Рушони ВМКБ таваллуд шудааст. Солҳои 1983 – 1994 дар мактаби миёнаи № 8 ба номи Назаршо Бозидови ноҳияи Рушон таҳсил намудааст. Солҳои 1995 – 2000 коргари колхози «Навруз» - и ноҳияи Рушон буд. Солҳои 2000 – 2005 дар шуъбаи таърих-ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон аз фанни таърих дар соли 2005 мебошад. Аз соли 2005 то соли 2007 ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик, с. 2007 – 2010 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи мазкур, с. 2010 – 2012 ассистент, с. 2012 – 2013 муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ва с. 2013 – 2015 муовини декан оид ба корҳои илмии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. С. П. Сайнаков 21 майи соли 2015  дар Шӯрои дифои диссертатсияҳои докторию номзадии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диссертатсияи номаздиашро зери роҳбарии профессор Ҳ.Пирумшоев бомуваффақият ҳимоя кард. 
Аз соли 2015 то сентябри соли 2022 мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, аз сентябри соли 2022 то кунун мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Соли 2019 ба ӯ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи дотсент аз рӯи ихтисоси таърих дода шудааст.
Аз соли 2020 ба тариқи ҳамкор дар вазифаи ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи қадим, асри миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Муаллифи 100 корҳои нашршуда, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ - методӣ, барномаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ - тадқиқотӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои таърихи сиёсии халқи тоҷик, таърихнигории мардумшиносии тоҷикон ва масъалаҳои давлатдории Ашкониёнро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Таҳти роҳбарии ӯ ду докторант (PhD) рисолаҳои илмиашонро дифоъ намудаанд. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023) мебошад.
 
  • Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарони муғул. Маводи таълимӣ. – Душанбе, 2011. – 72 с. Дар ҳаммуаллифӣ.; Таърихи Россия (охири асри XVII – ибтидои асри XX). – Душанбе, 2014. – 254 с.; Таърихнигории давраи нави мамлакатҳои Европа ва Америка. – Душанбе, 2018. – 180 с.; Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ. – Душанбе, 2020. – 650 с.; Таърихи Россия дар давраи империя. – Душанбе, 2021. – 345 с.; Первые этнографические сведения о Памире в русской историографии // Вестник педагогического университета. – № 1. (50) – Душанбе, 2013. – С. 143 – 151.; Из истории присоединения Памира к России // Вестник педагогического университета. – № 3. – (58 – 1). – Ч. 1. – Душанбе, 2014. – С. 88 – 100.; Диана // Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷилди 5. Душанбе, 2017. – С. 570 – 571.; Г. А. Арандаренко об этнографии Дарваза // Муаррих. – № 3 (15). – Душанбе, 2018. – С. 96 – 100.; Муҳорибаи Ҳаррон (Карр): сабабҳо ва натиҷаҳо // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. – № 5 (82). – Душанбе, 2019. – С. 262 – 267.; О вкладе А. В. Муханова в изучение этнографии Памира // Доклады Академии наук Республики Таджикистан. Отделение общественных наук. – № 4 (008). – Душанбе, 2019. – С. 74 – 77.; М. С. Андреев в исторической перспективе: обзор книги «Таджики долины Хуф». Отдел культурного наследия и гуманитарных наук УЦА. – Научный доклад № 9. – Бишкек, 2020. – 24 с.; Мақоми империяи Ҳахоманишиҳо дар муносибатҳои байналхалқии Дунёи Қадим // Идоракунии давлатӣ. Маҷаллаи илмию сиёсии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – № 4/2 (49). – Душанбе, 2020. – С. 304 – 311.; Инъикоси таърихи давлати Порт дар «Тоҷикон» - и академик Б. Ғ. Ғафуров // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. – № 6 (89). – Душанбе, 2020. – С. 241 – 246.; Баъзе масъалаҳои зуҳур ва сатҳи рушди ташкилоти сиёсию давлатдорӣ дар Америка (то давраи Колумб) // Идоракунии давлатӣ. Маҷаллаи илмию сиёсии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – № 3 (47). – Душанбе, 2020. – С. 229 – 234. Дар ҳаммуаллифӣ.; Ашкониён ва талошҳои онҳо дар барчидани ҳукумати бегонагон дар сарзаминҳои ориёӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. – № 1 (90). – Душанбе, 2021. – С. 199 – 205. Дар ҳаммуаллифӣ.; Вопросы истории индоариев, ахеменидов, парфян и кушан в трудах Джавахарлала Неру // Вестник педагогического университета. № 3 (92). Душанбе, 2021. С. 239-242.; Муносибатҳои сиёсии Рим ва Порт дар давраи ҳукмронии Октавиан Август // Идоракунии давлатӣ. Маҷаллаи илмию сиёсии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – № 2 (51). – Душанбе, 2021. С. 256 – 266.; Бозии бузург: рақобати геополитикии Британия ва Россия дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба тақдири тоҷикон // Идоракунии давлатӣ. Маҷаллаи илмию сиёсии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – № 4/1 (53). – Душанбе, 2021. – С. 179 – 188.; А. А. Бобринской – исследователь истории исмаилизма на Памире // Вестник педагогического университета. № 5 (94). Душанбе, 2021. С. 220-225.; Заметки С. П. Ванновского по этнографии рушанцев // Вестник педагогического университета. № 2 (91). Душанбе, 2021. С. 226-231.; Баъзе назарҳо оид ба таназзулёбию барҳамхӯрии империяи Ашкониён // Идоракунии давлатӣ. № 3 (57). 2022. С. 256-266.; Сабабҳои таназзул ва суқути шоҳаншоҳии Ашкониён // Муаррих. № 4 (32). Душанбе, 2022. С. 28 -34.; Краткий обзор сочинений античных авторов по истории Парфии // Историк (научно-теоретический журнал). № 1 (33). 2023. С. 101 – 108.