Абдурашитов Ф.М., муовини директори

Институти таърих, бостоншиносӣ ва

                                                                 мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

 

Бахшида ба ҳафтаи илм дар Тоҷикистон

МАСЪАЛА,  ДУРНАМО ВА АФЗАЛИЯТҲОИ ИЛМИ ТАЪРИХ ДАР ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

Яке аз талаботи асри ХХI инкишоф додани раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо мебошад. Вобаста ба ин барои  мавқеи сазовор гирифтани  таърих ва  тамаддуни халқи тоҷик дар миқёси умумиҷаҳонӣ дар назди илми тарих вазифаҳои нав ба миён меояд.   Яке аз онҳо  таҳқиқ ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз мавқеи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.  Дар замони муосир барои пайдо намудани мавқеи устувор дар тамаддуни ҷаҳонӣ дар назди таърихшиносон ва омӯзгорони фанни таърих вазифаи аввалиндараҷа  пайдо намудан ва мутобиқи талаботҳои эътирофшудаи  умумиҷаҳонӣ инъикос намудани воқеаҳои муҳими дорои арзиши таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХ1 дар дунё тағйиротҳои куллӣ ба амал омад.  Аз ин рӯ дар давраи гузариш ва ислоҳотҳо дар назди илми таърих вазифаҳои нав ба миён меояд. Барои ворид кардани  таърих ва тамаддуни халқи тоҷик ба тарихи умумиҷаҳонӣ услубшиносӣ ва назарияи  нави таърихнигории Тоҷикистони соҳибистиқлолро мукаммал намуда, дар ҷараёни таҳқиқот бештар аз таърихи ҳамарӯза (история повседневности),    «таърихи шифоъи» («устная история»), таърихи ҷузъи  (микроистория), таърихи гендерӣ ( гендерная история) ва таърихи хусусияти хос (история ментальностей) истифода кардан тақозои замон аст. 

Дар марҳилаи нави таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, ки истиқлолияти комили давлатиро соҳиб гаштааст, яке аз масъалаҳои муҳим таҳияи «Таърихи ягонаи халқи тоҷик» мебошад. Вақти он расидааст, ки мо  «Таърихи ягонаи халқи тоҷик»ро дар асоси таърихнигории нав, ки ба Консепсияи миллии омӯзиши таърих, ғояҳои ваҳдати миллӣ, ягонагии меҳани тоҷикон, гиромидошти мероси ниёгон ҷавобгӯ мебошад, таҳия намоем. Масъалаи мазкур ба хотири он бардошта мешавад, ки дар таърихнигории тоҷик вобаста ба хама давру замонҳо ва воқеаҳои таърихи тафовутҳои зиёд чащмрас мебошад.

Роҷеъ ба тамаддуни замонҳои қадимтарин дар ҳудуди Осиёи Миёна таърихи халқи тоҷикро дар асоси ҳафриётҳо  дар ҳудуди Тоҷикистони муосир  дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони ҷаҳонӣ, дар асоси таҳқиқ ва таҳлили илми инъикос намудани таърих, фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ ва ворид намудани натиҷаҳои он ба таърихи умумиҷаҳонӣ дастовардҳои назарраси илми таърих хоҳад шуд.

Дар замони истиқлолият дар асарҳои таърихӣ, инъикоси раванди ба анҷомрасии ташаккули халқи тоҷик  ва созмони давлати  муттамаркази миллии тоҷикон, дар асоси дарёфт, тарҷума ва баргардонии асарҳои муаррихон ва муттафакирони асримиёнагӣ бо мақсади  равшан намудани  нақши  калидии тоҷикон дар инкишофи  тамаддуни Осиёи Марказӣ кӯшишҳои зиёде шудааст.

Аммо дар инъикоси таърихи асрҳои миёна яке аз масъалаҳои асосӣ дар замони муосир, муайян ва бо далелҳои раднопазир маънидод кардани мафҳуми “тоҷик”, пайдоиши номи миллат мебошад. Таҳлили асосноки илмии таърихи инкишофи забони тоҷикӣ ва марҳилаҳои он, инъикоси таърихи адабиёти дорои аҳамияти ҷаҳонӣ доштаи  тоҷикон ва нақши  он дар рушду нумуи фарҳанги маънавии олам ва тамаддуни Машриқзамин аҳамияти умумиллӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Давраи ҳукмронии Сомониён сарчашмаҳои зиёде далелнок ҳам дошта бошад, тафовутҳои низ ба назар мерасад.

Гарчанде, ки мо соли 1999 1100 солагии Давлати Сомониёнро ҷашн гирифта бошем ҳам дар атрофи солномаи таъсиси он фикрҳои гуногун мавҷуд аст. Иддае аз муҳаққиқон таъсисёбии давлати Сомониёнро аз соли 875, яъне аз замони ҳокими Бухоро таъин гардидани Исмоили Сомонӣ, бархе дигар аз соли 892, яъне баъд аз вафоти Наср ва роҳбари сулолаи сомониён гардидани исмоили Сомони арзёбӣ мекунанд. Аммо ақидаи дигар он аст, ки Давлати Сомониён соли 899, яъне баъд аз шикаст хӯрдани саффориён ва шомил шудани ҳудуди онҳо ба Давлати Сомониён ва ба ҳокими ягонаи сиёсии Мовароуннаҳр ва Хуросон табдил ёфтани Исмоили Сомонӣ, таъсис ёфтааст. Оид ба ин масъала назари олимон, ки таъсисёбии давлати Сомониёнро аз соли 819 мешуморанд аз тарафи муаррихони зиёде муосири тоҷик  эътироф гардидааст.

Тафовутҳо дар масъалаи таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар таркиби империяи Россия низ вуҷуд дорад. Воқеияти  таърихии он дар китобҳои чопшуда  гуногун, чун  “забт шудан”, “дохил шудан”,“шомил шудан” ва ё “пайвастан”оварда шудааст.

Омузиши сабабҳои таърихии ба Осиёи Миёна роҳ ёфтани Русияи подшоҳӣ бо дар назардошти комёбиҳои илми таърихи замони соҳибистиқлол, ба роҳ мондани баҳодиҳии назариявии давраи таърихи муосир бояд чунин масъала гузорӣ карда шавад, ки дар тақдири халқҳои Осиёи Миёна ва халқи тоҷик нақши Россия чӣ гуна буд?

Даврони Шӯравӣ яке аз давраҳои бисъёр ҳам барои таҳқиқот наздик ва пур аз маводҳо мебошад. Аммо дар омӯзиши таърихи баъд аз  инқилоби Октябр, масъалаи мақоми босмачиён дар ҳаёти тоҷикон  низ аз тафовутҳо холе нест.

Ҳаёти тоҷикон дар шароити давлатдории  Иттиҳоди Шуравӣ низ бо дар назардошти манфиатҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзъёби шуда, инъикоси нақши он дар тақдири тоҷикистониён яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Дар китобҳо  баъзе масъалаҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ ва  ё Ҷанги Дуюми ҷахон ҳар гуна ва камарзиш таҳрезӣ шудааст, ки ин таҳқиқи чуқур ва  объективонаро талаб мекунад.Муҳим он аст, ки саҳми халқи тоҷик дар Ғалаба дар миёни дигар халқҳои собиқ шӯравӣ арзанда мебошад, пурра инъикос карда  шавад.

Масъалаи дигар он аст, ки дар аксар китобҳо, сохти иҷтимои-иқтисодии(форматсия) баъд аз пошхӯрии ИҶШС чун “сармоядорӣ” номида мешавад. Ба назари мо форматсияи  замони муосирро шояд  “демократӣ” арзъёбӣ кардан дурусттар бошад. Зеро ин мафҳум асоси ҳуқуқӣ низ дорад. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дақиқ нишон дода шудааст, ки “Тоҷикистон давлати  демократӣ[1]” аст. Аз нигоҳи дигар, ҷумҳуриҳои  собиқ Шӯравӣ, аз он ҷумала як қисмати Тоҷикистони муосир ин давраи таърихиро, яъне “саромоядори”ро баъд аз феодализм ва пеш аз сотсиализм(коммунизм) аз сар гузаронида буданд. Аз ин рӯ ба сохти иҷтимои ва иқтисодии навро чун “сармоядорӣ” қабул кардан  бозгашти таърих, такрори форматсияро ифода менамояд. Гарчанде, ки дар таърихнигории дунёи тамаддун аз замонасозии иҷтимои-иқтисодӣ(форматсионӣ) таърихнигорон кайҳо боз даст кашида замони муосирро “демократӣ” арзёбӣ мекунанд. 

Дар ҳалли проблемаҳои илми таърих, дар баробари таҳияи «Таърихи ягонаи халқи тоҷик” мо бояд дар атрофи даврабандии Таърихи навтарин низ андешаронӣ намоем. Мафҳуми «Таърихи навтарин» барои инъикос намудани воқеа ва ҳодисаҳои, ки нисбат  ба замони муосир ва оянда истифода бурда мешавад.

Дар замонҳои гуногун мафҳуми «Таърихи навтарин» аз мавқеи иҷтимоӣ-иқтисодӣ истифода мешуд. Дар таърихнигории як қисми давлатҳо «Таърихи натарин» аз санаи озод шудан аз ҳукмронии аҷнабиён ва дар дигар ҳолатҳо аз санаи ба даст овардани истиклолият  оғоз мегирад.

Аммо масъалаи муҳим ва баҳсталаб  ин даврабандӣ мебошад. Ҳанӯз дар асрҳои 13 даврабандии Таърихи навтарини юнониҳо соли 1204 – ишғол намудани Константинополь аз тарафи салибчиён оғози давраи Таърихи навтарин буд[2]. Дар асри 17 оғози Таърихи навтарин ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ ва сиёси инқилоби бурҷуазии Англия  ба ҳисоб мерафт. Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ бошад Давраи эҳё (Эпоха возрождения) барои Аврупо оғози таърихи навтарин ба шумор мерафт[3].

Умуман мафҳуми «Таърихи навтарин» дар маънои таърихи солҳои охирин, ки аҳамияти муҳимтарин дорад ва аз таърихи пештара фарқияти ҷузъи дорад, истифода бурда мешавад.

Дар таърихнингории СССР Таърихи навтарин аз соли 1917 оғоз меёбад[4]. Яъне ба оғози ин давраи  «таърихи навтарин» сад сол шудааст.

Дар даврабандии тахрихнигории давлатҳои гуногуни хориҷӣ таърихи навтарин асосан 20-30 соли охиринро дар бар мегирад. Як қисми таърихнигорони Россия оғози ин давраро аз 1991 ҳисоб мекунанд[5], қисми дигар пурра асри ХХ ро ба ин давра ворид мекунанд. Нуқтаи назари олимони дигар оид ба ин масъала чунин аст, ки «Таърихи навтарин» аз соли 1945[6], анҷом ёфтани Ҷанги Дуюми ҷаҳон, оғози ҷанги сард ва муборизаи ду системаи дунё – сотсиалистӣ ва сармоядорӣ оғоз меёбад.

Умуман «Таърихи навтарин» дар ҳама давру замон аз тағйиротҳои фарҳангӣ (пайдоиши шаклҳои нави тафаккури дунявӣ, ташаккули фарҳанги нав),иқтисодӣ (ташаккули муносибатҳои сармоядорӣ дар истеҳсолот) ва дар ҳаёти сиёсӣ бошад аз инқилобҳо ва тағйиротҳои куллӣ дар сиситемаи сиёсӣ оғоз  мегирад. 

Бояд қайд намуд, ки даврабандии Таърихи навтарин на танҳо дар таърихнигории Тоҷикистон, балки дар даврабандии Таърихи навтарини дунё  яке аз масъалаҳои ниҳоят баҳсталаб мебошад.Дар таърихнигории ҷаҳонӣ оид ба ин масъала, яъне оғози Таърихи навтарин фикру андншаҳои гуногун мавҷуд аст. Дар таърихнигории аврупо ва амрико ин сана аз 1898 - ҷанги испану-амрикоӣ, дар таърихнигории як қатор мамлакатҳо аз солҳои 1914-1918 – оғоз ва анҷоми Ҷанги Якуми ҷаҳон ҳисобида мешавад[7].

Аксарият таърихнигорони Россия саршавии ин давраро аз соли 1945 – соли ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳисобанд. Аммо тавре, ки мебинем ҳамаи ин ҳудудҳо дар вақташ Таърихи навтарин буда дар айни замон чун «Таърихи нав» истифода мешавад. Яъне ин хам қонуни тамаддун буда ҳар як тамаддун бояд даврабандии худро дошта бошад.

Дар масъалаи таърихнигории Тоҷикистони муосир бояд тазаккур дод , ки Таърихи навтарин ин воқеияти ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурияти Тоҷикистон аст. Яке аз воқеаҳои мудҳиши ин давра Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 буд, ки ин ҳам дар саҳифаҳои Таърихи навтарин аз ҷиҳати таърихнигории сиёсӣ як мавқеи хоса дорад. Масъалаи ноил шудан ба Ваҳдати Миллӣ - таҷрибаи таърихии халқи тоҷик дар ҳалли мусолиҳаи миллӣ барои тамоми ҷаҳониён як дарси ибрат шудааст, воқеаи оламшумули Таърихи навтарин мебошад, ки ин ҳама ба меъёри (критерияи) даврабандии таърихи навтарин мувофиқ мебошад. 

  Дар даврони истиқлолият дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ислоҳотҳои куллӣ гузаронида шуд.   

Муҳимияти ин сана дар он, ки айнан дар ин давра на танҳо дар таърихи ҷумҳуриҳои миллӣ ва ё дар ҳудуди собиқ ИҶШС тағйиротҳои куллӣ ба амал омад. Баъд аз  байн рафтани ИҶШС дар ҷаҳон саҳифаҳои нави таърих кушода шуд. Ҷаҳони сотсиалистӣ пароканда шуда, аксар мамлакатҳои собиқ сотсиалистии Аврупо ва Осиё тамаддуни демократӣ ва ё сармоядориро ихтиёр намуданд.

 Дар замони муосир таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро чун як узви ҷудонашавандаи таърихи ҷаҳон берун аз ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ, ки аз аввали солҳои 90-уми асри ХХ  оғоз шуда буд, омӯхтан маънои канораҷӯиро дорад. Аз ин рӯ оғози давраи Таърихи навтарин аз соли 1991 ба ҳамаи талаботҳои таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ , иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавобгӯ мебошад. Аммо ин маънои инкор намудани муҳимияти воқеаҳои бузурги сиёсӣ – инқилоби Октябр ва ҳокимияти Шӯравиро дар тақдири тоҷикон, ки даврабандии Таърихи навтарин аз он ибтидо меёбад, ҳаргиз надорад. Зеро, айнан бо шарофати ин воқеаҳои муҳими асри ХХ тоҷикон соҳиби давлатдории миллии худ гардидаанд.

Умуман, Таърихи навини Тоҷикистон дар илми таърих мутаносибан як самти нав мебошад. Дар айни замон тамоюлҳои асосии таҳқиқоти институтсионалии он, консепсияи рущди илми таърих дар асоси идеологияи нави давлати соҳибистиклол, назария ва услубшиносии таҳкиқот бояд ба роҳ монда шавад. Зиёда аз ин  дар чоряк асри истиқлолият Таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми   фанни мустақили илмиро пайдо кардааст.   

Ҳамин тариқ, масъалаи даврабандии Таърихи навтарин, ки дар ин мақола баррасӣ карда шудааст барои боз ҳам дақиқтар инъикос намудани яке аз муҳимтарин давраи таърихи халқи тоҷик – даврони истиқлолияти Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Таҳияи Таърихи ягонаи халқи тоҷик бошад на барои имрӯзиён, балки барои насли оянда чун мероси ҳақиқӣ хизмат мекунад.

Ислоҳоти илми таърих тақозо дорад, ки аксар масъалаҳои таҳқиқи таърих ва тамаддуни халқи тоҷик аз нав, аз нигоҳи таърихнигории давлати соҳибистиқлол, аммо бо риоя намудани тамоюлҳои асосии институтҳои ҷахонии омӯзиши таърих ба роҳ монда шавад. Дар ин радиф Институти тарихи АМИТ чун маркази ҳамоҳангсозӣ масъул мебошад. Зеро Институти таърих чун маркази илмӣ ва тадқиқотӣ дорои захираи зеҳниву кадрӣ, маълумотҳои бойгониву таърихӣ ва адабиёти васеъи илмӣ  мебошад. Аз ин рӯ ҳамаи китобҳоро доир ба таърихи халқи тоҷик дар Институти тарих аз экспертизаи илми (санҷиш ва баҳогузорӣ) гузаронидан лозим аст.

Умуман инъикоси таърих ва тамаддуни тоҷикон, на вобаста ба он, ки манфӣ ва ё  мусбӣ мебошад  мутлақо ба манфиати миллати тоҷик ва истифодаи таҷрибаи тарихӣ  бояд ба пешрафти ҷомеаи имрӯза хизмат кунад. 

Сарчашмаҳо

  1. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 1.
  2. Сомонаи pena.do.am. Понятие , предмет и периодизация  новой и новейшей истории. 23.09.2016
  3. Маныкин А. С. Новая и Новейшая история стран Западной Европы и Америки. — М. Эксмо, 2004. — Стр. 4-6.
  4. Жуков М.Е. О периодизации всемирной истории//Вопросы истории. 1960. N 8;его же. Очерки методологии истории. М., 1980. Периодизация всемирной истории. Уч. пособие. Казань, 1984; Поршнев Б. Ф. Периодизация всемирно-исторического прогресса у Гегеля и Маркса // Философские науки. Научные доклады высшей школы. N 2. М., 1969. С. 56 - 64
  5. Новейшая история России (1990-2008 гг.): учеб. пособие для студ. высш. учеб. заведений / Под ред. Г.В. Чумакова. Петрозаводск, 2010
  6.   А.В.Филиппов. Новейшая история России (1945-1991). Москва, «Просвещение», 2007.
  7. Кредер, АЛ. Новейшая история зарубежных стран. 1914–1997:М., 1998.

[1] Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 1.

[2] Сомонаи pena.do.am. Понятие , предмет и периодизация  новой и новейшей истории. 23.09.2016

[3]  Маныкин А. С. Новая и Новейшая история стран Западной Европы и Америки. — М. Эксмо, 2004. — Стр. 4-6.

[4] Ж у к о в Е. М. О периодизации всемирной истории//Вопросы истории. 1960. N 8;его же. Очерки методологии истории. М., 1980. Д ь я к о в В. А. Методология истории в прошлом и настоящем. М., 1974; Ж у к о в Е. М., Б а р г М. А., Ч е р н я к Е. Б., П а в л о в В. И. Теоретические проблемы всемирно-исторического процесса. М., 1979; Периодизация всемирной истории. Уч. пособие. Казань, 1984; Ковальченко И. Д. Методы исторического исследования. М., 1987; Вариантность прошлого: методологические аспекты. М., 1989; Б. Г. Могильницкий. Введение в методологию истории. М., 1989; Поршнев Б. Ф. Периодизация всемирно-исторического прогресса у Гегеля и Маркса // Философские науки. Научные доклады высшей школы. N 2. М., 1969. С. 56 - 64

[5] Новейшая история России (1990-2008 гг.): учеб. пособие для студ. высш. учеб. заведений / Под ред. Г.В. Чумакова. Петрозаводск, 2010

[6] А.В.Филиппов. Новейшая история России (1945-1991). Москва, «Просвещение», 2007.

[7] Кредер, АЛ. Новейшая история зарубежных стран. 1914–1997. М., 1998.