Маҳмудова Мубина Мансуровна 10 январи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 5-и ш. Хуҷанд соли 1990 ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров дохил шуда, соли 1995 онро бомуваффақият хатм намудааст. Соли 2001 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи грамматикаи забони арабии Факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) қабул гардида, ҳамзамон дар ҳамин кафедра бо таълим машғул буд. Дар факултет ба корҳои ҷамъиятӣ бо донишҷӯён фаъол буда, роҳбари Иттифоқи ҷавонони факултет буд. Аз 25 ноябри соли 2002 то 15 феврали соли 2003 курси такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуровро хонд.

  Моҳи марти соли 2004 ба вазифаи ходими адабии нашриёти «Нури маърифат»-и ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров гузашт. Моҳи ноябри соли 2004 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А.Донишии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ба таҳқиқи кори илмии «Таърихи либоси анъанавии тоҷикон дар асрҳои XIV-XVIII (аз рӯи сарчашмаҳои хаттӣ) шурӯъ намуд. 

  Аз моҳи майи соли 2006 дар Кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии Факултети санъати ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров ба ҳайси омӯзгоре, ки аз фанҳои «Таърихи санъати ҷаҳонӣ», «Таърихи санъати кишварҳои ИДМ», «Таърихи санъати рус» таълим медиҳад, фаъолият оғоз кард. Соли 2009 раиси Шӯрои таълимӣ-методии факултет интихоб гардид. Дар соли хониши 2011-2012 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири Кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии Факултети санъат дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият бурдааст.

  Моҳи сентябри соли 2012 ба Шуъбаи илмӣ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) гузашт. Соли 2013 директори литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд таъин мегардад. Аз моҳи январ то апрели соли 2014 курсҳои такмили ихтисосро барои директорони муассисаҳои таълимӣ хатм менамояд.

  Пас аз ба шаҳри Душанбе кӯчидан, аз моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси ходими илмии Шуъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Ҳамзамон аз моҳи декабри соли 2018 дар маҷаллаи илмӣ-назарии Институт «Муаррих» кор мебарад. Моҳи апрели соли 2019 Маҳмудова М. дар Шӯрои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба вазифаи котиби илмии Институт интихоб карда шуд. Ҳамзамон ӯ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буда, дар Кафедраи графикаи дастгоҳӣ ва санъатшиносии Факултети санъати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз фанҳои «Таърихи санъати ҷаҳонӣ», «Таърихи санъати муосир», «Назарияи санъати тасвирӣ» ва ғайра дарс мегӯяд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

 Таҳқиқоти илмии М. Маҳмудова дар асоси маълумотҳои сарчашмаҳои хаттӣ, пеш аз ҳама дастхатҳо ва луғатҳои тафсирӣ ва луѓатҳои истилоҳотӣ, инчунин маводҳое, ки аз маъхазҳои хаттии асрҳои миёна гирд оварда шудаанд, аз қабили хронологияи таърихӣ ва ёддоштҳо. Сарчашмаҳои хаттӣ дорои маълумотҳои нодир оид ба  таърихи фарҳанги моддӣ мебошанд, ки истифодаи ин маводҳо муҳиманд.

  Ҳангоми таҳқиқот ҷолиб аст, ки номҳои либосҳо дар фархангҳо - луғатҳои асримиёнагӣ, яъне намудҳои гуногуни либосҳои асримиёнагӣ, матоъҳо, ҷавоҳирот, ороишот, инчунин тафсири аниқи номи касбҳо, асбобҳо, ашёи рӯзгор, бемориҳо ва доруҳо, тафсири ашёи бозию фароғат, варзиш ва шикор. Маҷмӯи маводҳо доир ба либоси анъанавии асрҳои миёна, алахусус либоси асрҳои X-XVII ва таҳлили муқоисавии онҳо аз рӯи истилоҳоти дар фархангҳо - луғатҳои асрҳои XIV-XVI ва маъхазҳои хаттии асрҳои миёна тасаввуроти илмӣ пайдо кардан мумкин.

  Доир ба масъалаҳои асосии таърихи либоси асримиёнагии тоҷикон аз рӯи маъхазҳои хаттӣ, таърихи калапӯшҳои тоҷикӣ, рамзҳои гулдӯзӣ, таърихи ҷавоҳирот ва ороишоти мӯй дар асрҳои X-XVII Маҳмудова М. зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ ва китобҳо омода ва нашр кардааст.

  Муҳаққиқ дар асоси маводи сарчашмаҳои хаттӣ таърихи таҳаввулоти мафҳуми «чакан» - либоси миллии занон бо гулдӯзӣ, тамоми рангҳои либосҳои суннатии асримиёнагии тоҷикон, инчунин оид ба ҳунармандони истеҳсоли либосҳои суннатии тоҷикӣ дар маъхазшиносии муаллифони асрҳои миёна.

  Дар ҳаммуаллифӣ бо мардумшиносон дар бораи ҳунарҳои Исфара ва Пенҷикент ва рушди ҳунарҳои «қуроқдӯзӣ» - гулдӯзӣ дар Тоҷикистон мақолаҳо чоп намуданд.

  Самти дигари фаъолияти илмии муаллиф иштирок дар конфронсҳои гуногуни илмӣ-назарӣ, симпозиумҳо бо маърӯзаҳои илмӣ оид ба мавзӯи таҳқиқшаванда ва доир ба мавзӯи муайянгардидаи конфронс мебошад.

 Солҳои охир муҳаққиқ ба нашри монографияи «Омӯзиши таърих ва фарҳангии либоси анъанавии тоҷикон дар асрҳои XIV-XVIII тибқи маъхазҳои хаттӣ» омодагӣ бурда истодааст.

МЕРОСИ ИЛМӢ:

Аз рӯи мавзӯи таҳқиқотӣ М. Маҳмудова мақолаҳои илмии зерин чоп намудааст:

  1. Махмудовой М.М. Средневековые словари о традиционном костюме таджиков XIV-XV вв.// «Ученые записки» ХГУ им. академика Б. Гафурова, 2004, № 9, С. 98-109.
  2. Махмудовой М.М. Чакан: некоторые исторические аспекты эволюции понятия. // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. - Душанбе, 2006, С. 268-276.
  3. Махмудовой М.М. Мемуарные источники о головных уборах таджиков XV-XVI веков. // «Известия» АН Республики Таджикистан. – Душанбе, 2006, № 2, С. 17-21.
  4. 8 мақола // Донишномаи Сомониён (Энциклопедия эпохи Саманидов). Ҷ. 1. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2008.
  5. Махмудовой М.М. Цветовая гамма средневековой традиционной одежды таджиков по материалам письменных источников. // «Вестник» ТГУПБП, 2017, № 9, с.36-50.
  6. Махмудовой М.М. Из историии головных уборов таджиков. // (В соавторстве с Юсуфбековой З., Шовалиевой М.). «Историк» Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ. – Душанбе, 2018. С. 92-95.
  7. Махмудовой М.М. Производственный этап в создании таджикского костюма (терминология для обозначения ремесел) // Материалы Республиканской научно-теоритической конференции «Роль и место исторических памятников в развитии туризма и народных ремесел» ТНУ. – Душанбе, 2018. С. 110-113
  8. Махмудовой М.М. Традиционные ремесла – гулдузи и гулбури у таджиков. // (В соавторстве с Шовалиевой М.). Очерки истории и теории искусств таджикского народа. Том 6. – Душанбе: Дониш, 2018. С 343-347.
  9. Махмудовой М.М. Додхудоева Л.Н. – исследователь духовной и материальной культуры таджиков // Материалы Республиканской научно-теоритической конференции «Наследие предков, возрождение народных промыслов в период государственной независимости Таджикистан» ГИИИДТ. – Душанбе, 2019. С. 6-10.
  10. Махмудовой М.М. Особенности стиля таджикского традиционного женского костюма XIV-XVI вв. // Монография (коллективная): На пути к гендерному равенству. – Душанбе: Сифат, 2020. С. 246-255.
  1. Махмудова М. Становление таджикской этнографической школы // (В соавторстве с Юсуфбековой З., Шовалиевой М.) Материалы конференции, посвященной 140-летию академика Е.Н. Павловского. – Душанбе, 2020. С. 49-56.
  2. Махмудова М.М. Традиционный костюм памирцев в собрании Оле Олуфсена // Иранское языкознание 2020. Труды международной научной конференции «Чтения памяти Б.Б. Лашкарбекова к 70-летию со дня рождения». Институт языкознания РАН, Москва, 18-20 октября 2018. – Москва: Языки Народов Мира; НВИ, 2020. – 472 с., с. 401-410.

Email - Суроғаи электронӣmThis email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. 
Телефони корӣ: +992(37)221-73-26