Додхудоева Лариса Назаровна,

Доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи этнология ва антропологияи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ

Тел: +992918619584 Телефон - 918 61 95 84.

Почтаи электрони -This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

  Зодаи ш. Душанбе.Таҳсил дар мактаби миёна( 1951-1961). Хатмкардаи факултети ҳунаршиносии Институти рассомӣ, ҳайкалтароши ва меъмории ба номи И.Е. Репини Академияи ҳунарҳои СССР дар ш. Санкт-Петербург(1970). Ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи Шарқшиноси АИ ҶТ(1970-1991); мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ (1993-1996) ва ҷонишини директори Пажуишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалии АИ ҶТ(  1996-2000); ходими калони илмӣ  ( 2000-2008) ва мудири шуъбаи мардумшиносии Пажуҳищгоҳи таърих, археология вамардумшиносии ба номи А.Дониш АМИТ (2008- то ҳол)

  Муаллифи зиёда аз 500 китоб,албом, рисола ва мақолаҳои илми,ки дар Ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар чоп шудаанд. Нахустин тадқиқотчие, ки расмҳои миниатюраҳои Шарқро аз хазинаи Акадимияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра омухта, дастраси илми ҷахон гардонидааст.МаданиятиТоҷикистонро  дар хориҷи кишвар фаъолона ташвиқу тарѓиб намудааст: дар  Осорхонаи Ҳиндустон (Берлин,с.2011);Донишкадаи мутараққии тадқиқотҳо (Принстон, Нью Джерси, ИМА с. 2004- 2005);  дар Макотиби олии тадқиқотҳои иҷтимои (Париж, 2007) ; Донишгоҳи Ратгерс (ИМА, с.2008); Донишгоҳи Колгейт(ИМА,2011) лексия хонда, намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ташкил кардааст .  Яке аз тадқиқотчиёни асосӣ дар соҳаи ҳунарҳои муосир ва яке аз муаллифони  китоби тараққиёти ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон шинохта шудааст.

Китобҳо ва албомҳои тозанашр:

-Тоҷикистон. Тадқиқотҳои саҳроии этнографӣ дар соли 2013 (водии Ҳисор ва Варзоб) / Муаллиф-мураттибон: Додхудоева Л., Юсуфбекова З., Шовалиева М., Васитова Н. Душанбе, 2014.

-Тоҷикистон. Болооби Зарафшон. Таҳқиқотҳои  саҳроии этнографӣ дар соли 2014. / Муаллиф-мураттибон: Додхудоева Л., Юсуфбекова З., Шовалиева М. Душанбе, 2017.-198с.-Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: тадқиқотҳои этнографӣ. Душ,2018/ Р.М.МасовМасов. Муаллиф -мураттибон: Додхудоева Л.Н., Юсуфбекова З., Шовалиева М., Ашурмадова Т. ва дигарон - Душанбе, 2018.-Монография «Истеҳсолоти ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (аз маводҳои тадқиқотҳои  саҳроии  солҳои 2013-2017).