Шовалиева Мумина Садыковна 

мардумшинос, номзади илмҳои таърих, ходими 

пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ

ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ

E-mail:mumina This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

  Шовалиева Мумина Садыковна Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Мактаби №1 ш.Душанберо соли 1965-1975 хатм намуд. Хатмкунандаи факултети таърихи ДДТ ба номи В.И.Ленин (ДМТ)  (1975-1980). Аз моҳи сентябри соли 1980 то ҳол дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ то ҳол кор карда истодааст. 19 сентябри соли 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «История кулинарной культуры таджикского народа» ҳимоя кардааст (ш. Душанбе, ҶТ) Зиеда аз 100 мақола дар китобҳо ва маҷаллаҳои илмӣ нашр кардааст.

  Бо медали давлатии «Хизмати шоиста» (2021), Ифтихорномаҳои АМИТ ва Институт сарфароз гардидааст. «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Монографияҳо ва китобҳои дар солҳои охир нашршуда:

-Албоми аксҳои "Хӯрокҳои тоҷикон" дар доираи барномаи iEARN TAJIKISTAN "Фотожурналистика 2014: Мерос, гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ", ки аз ҷониби Шабакаи Байналмилалии Маориф ва Захираҳои Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2014 нашр шудааст (бо ҳаммуаллифӣ).

-Таърихи фарҳанги таббахии халқи. Муҳаррир Л.Додхудоева. - Душанбе, 2015.

-Тоҷикистон. Тадқиқоти этнографии саҳроӣ 2013 Душанбе, 2014. (ҳаммуаллифӣ)

-Тоҷикистон: Зарафшани боло: Тадқиқоти саҳрои этнографии соли 2014. Душанбе, 2017.

-Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: Тадқиқотҳои саҳрои этнографӣ. Душанбе,2018

-Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон (дар асоси маводи таҳқиқотии саҳроии солҳои 2013-2017)./ Мураттиб Н.К. Убайдулло, муаллифон-мураттибон Л.Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева.-Душанбе, 2019