Ҳайати кормандони Шуъба 
 Ғафуров Абдулло - мудири Шуъба
 Абулҳаев Рақиб - сарходими илмӣ
Ҳотамов Намоз - сарходими илмӣ
Ҷурабек Мирзоев - ходими калони илмӣ

  Омӯзиши таърихи муосири Тоҷикистон аз барпо намудани ҳокимияти шуравӣ дар ҷумҳурӣ шурӯъ мешавад. Аммо таҳқиқоти мунтазам он аз таъсис намудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ ҶСС Тоҷикистон дар соли 1951 оғоз шуданд. Дар ҳайати пажӯҳишгоҳи номбурда сектори ҷамъияти шӯравӣ ба кор оғоз намуд ва роҳбарии онро В.А. Козачковский ба уҳда гирифт.

  Аз он замон то ба имрӯз проблемаҳои таърихи муосири Тоҷикистон – давраҳои Шӯравӣ ва истиқлолият дар ҳамин марказ омӯхта мешаванд.

Давраи шуравӣ барои тақдири таърихии тоҷикон аҳамияти ҳаётан муҳим дошт. Маҳз дар ин аҳд соли 1924 тоҷикон давлатдории миллии хешро еҳё намуданд, муваффақиятҳои бузургеро дар барта­раф намудани ақибмонии асронаи модди-техникӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, илми муосирро, аз ҷумла илми таърихшиносиро рушду нумуъ бахшиданд.

Аз ҷониби олимони сектор меҳнати бузурге дар омӯзиш ва ҷамъбасти таърихи сохтмони шӯравӣ дар ҷумҳурӣ анҷом дода шуд. Натоиҷи ҷустуҷӯи илмӣ ва таҳқиқоти таърихшиносони алоҳида ва гуруҳҳои олимон дар корҳои сершумор оиди таърихи даврони шӯравӣ ва истиқлолият, ҳамчунин дар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ инъикос ёфтаанд.

Тасвири ҳақиқии таърихи инкишофи сохтори шӯравиро дар Тоҷикистон инъикос дода, илми таърих адабиёти кабир бо ҳаҷм ва ҳаргуна бо мавзуъ эҷод кард. Аҳамият ба аҳди шӯравии таърихи халқи тоҷик тамоюли устувори ивазнашаванда ба афзоиш ва тақвият дошт.

Нахустин маводҳои назарӣ, ки дар онҳо бархе аз хулосаҳои омӯзиши таърихи халқи тоҷик карда шудаанд солҳои 40-ми асри бистум пайда шуда ва солҳои 50-ум инкишоф ёфтанд. Бо мазмун ва вазоифи аз ҷониби муаллифон гузошта онҳо хислати проблемавӣ-назарӣ доштанд. Ин асарҳо инъикосгари ҳақиқати даврони хеш будаанд.

Солҳои 1950-ум аз ҷониби олимони сектор як қатор асарҳо бахшида ба мавзуоти мухталифи таърихи Тоҷикистони солҳои 20-50-уми асри 20 тайёр ва чоп шудаанд. Аз он ҷумла асари А.А. Семёнов ва В.А. Козачковский «Историческая наука в Таджикистане за 25 лет (с 1929 до 1954гг.)», ки дар он фаъолияти муассисаҳои илмӣ таҳлил гаштанд ва шарҳи мухтасари асарҳои дар он замон ба чоп расида дода шуд.

Дар пояи сектор «Гуманитарные науки в Таджикистане за 40 лет Советской власти» [1] ва як катор асарҳои дигар омода шуданд. Дар қатори интишороти назари талошҳои умиминамудани таърихнигории амиқи адабиёти илмӣ варзида буданд.[2] Солҳои оянда шавқ ба таҳқиқотҳои таърихӣ дар марказҳои илми ва омузишӣ хеле зиёд шуд, хусусан дар сектори ҷомеаи шӯравии Институти таърих.

Дар охири солҳои 40-ум – аввали солҳои 50-ҳум як қатор асарҳо ба чоп расид, ки дар онҳо талоши нахустини баррасии илмии барқарор ва инкишофи хоҷагии ҷумҳурӣ баъди солҳои ҷанг гузаронида шуда буданд.

Бо пайдоиши солҳои 60-ум таҳқиқотҳои умумӣ оиди таърихи ҷомеаи шӯравӣ ва дехқонии колхозӣ,[3] дар коркарди ин масъала муваффақиятҳои намоён ба даст омаданд. Аз маводҳои оварда шуда бар меояд, ки ҳато ҷанд дар қаламрави Тоҷикистон нагузашта аст, аммо ба соҳаи асосии хоҷагии деҳқонии кишвар – пахтакорӣ – зарари ҷидди расонида шуд. Вазоифи муҳиме, ки колхозҳо баъд аз ҷанг дучорашон гаштанд, барҳам додани вайронкунии Оинномаи артели, устувор намудани колхозҳо, ҷалб намудани деҳқонҳо ба иҷроиши муваффақонаи нақшаҳои хоҷагии халқӣ панҷсолҳои чорум ва панҷум.

 Муваффақиятҳои зиёди илми таърихӣ тоҷик вобаста бо пайдоиши асарҳои зиёди адр бораи ҳама соҳаҳои таърихи халқи тоҷик мебошанд. Танҳо дар ин давра асарҳои поягузори таърихи халқи тоҷик пайдо шудаанд. Аз онҳо, зиёда аз 90 % бахшида ба барпо ва мустаҳкам намудани ҳокимияти шӯравӣ дар ҷумҳурӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳориба бо босмачигарӣ, сиёсати нави иқтисод(НЭП), тақсимоти марзӣ-миллӣ, коллективизатсия ва индустриализатсия.

Аз соли 1960 то 1963 мудирони сектори ҷомеаи шӯравӣ номзади илмҳои таърих Ю. Николаев ва аз соли 1963 то соли 1974 номзади илмҳои таърих К.П. Марсаков буданд.

Константин Петрович Марсаков саҳми зиёди ба омӯзиши таърихи аҳди шӯравии Тоҷикистон гузошт. Аксари масоили калидии таърихи ҷумҳурӣ дар монографияи ӯ «Очерк истории колхозного строительства в Таджикистане (1917-1965 гг.)» (1968) ва мақолоти илмиаш барраси шуданд. Тули солҳои роҳбарӣ К.П. Марсаков ҳамчунин муҳарририи масъули аксари асарҳои коллективӣ оиди таърихи ислоҳоти аграрӣ, синфи коргар ва сохтори фарҳангӣ дар Тоҷикистон.

Аз ниммаи дуюми солҳои 60-ум сар шуда обзорҳои таърихнигорӣ ҷузъи ҳатмии таҳқиқотҳои монографӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оиди таърихи шӯравии Тоҷикистон шуданд. Дар ин солҳо аввалин рисолаҳо дар бораи проблемаҳои алоҳидаи илми таърих дар Тоҷикистон дифо шуданд.

Ба раванди афзоиши таҳқиқотҳои таърихнигорӣ дар ҷумҳурӣ ҷашнҳо мусоидат мекарданд – 100-солагии В.И. ленин, 50-солагии ташкили ИҶШС, 30-солагии ғалаба дар ҶБВ. Ба ин ҷашнҳо мақолоти таърихнигорӣ дар «Известия ООН АН Таджикской ССР»[4], маҷмӯаи илмӣ, маҷалоти таърихӣ[5] ва дар китоби «Развитие советской исторической науки, 1970-1974 гг.»[6] бахшида шудаанд. Дар онҳо ақибмондагӣ дар эҷоди асарҳои ҷамъоварӣ оиди проблемаҳои пайвастаи таърихи Тоҷикистон ва масоили кам омӯхтаи халқи тоҷики даврони шӯравӣ. Солҳои 70-ум инчунин таҳқиқотҳои монографии оиди тарихнигории Тоҷикистони Шӯравӣ пайдо шуданд.[7] Асарҳои коллективии ҷамъбастии ҳамон солҳо ба чоп расида оиди таърихи синфи коргар ва сохтори фарҳангӣ дар Тоҷикистон инчунин обзорҳои таърихнигории муҳиме дарбар мегиранд.[8]

Аз соли 1974 то соли 1988 Шӯъба зери роҳбарии академик Р.М. Масов буд. Дар ин давра омода намудани ҷилдҳои панҷум ва шашуми «Таърихи халқи тоҷик» (бо забони руси) В этот период начинается работа над пятым и шестым томами «Истории таджикского народа», начинается углубленное изучение современной истории Таджикистана.

Дар солҳои коркард дар сектор сахми зиёд ба омузиши дигаргуниҳои аграрӣ Борис Андреевич Антоненко гузошт. Дар корҳои ӯ «Кооперативно-колхозное строительство в Таджикистане, 1917-1929 гг.», «В. И. Ленин и решение аграрно-крестьянского вопроса в Таджикистане», «Аграрные преобразования в доколхозном таджикском кишлаке (1917-1929 гг.), «Октябрьская революция и борьба за решение аграрного вопроса в Таджикистане в 1917-1927гг.» ва ғ. Дар асоси сарчашмаҳои чоп шуда ва бойгонӣ равандҳои душвори инкишофи муносибатҳои аграрӣ дар Тоҷикистон аз замони барпо намудани ҳокимияти шуравӣ то оғози сохтмони колхозӣ дар ҷумҳурӣ таҳқиқ шудаанд.

Аз ҷониби кормандони илмии сектор соли 1975 маҷмуаи «Советский Таджикистан в Отечественной войне» тартиб дода шуд. Дар он маколаҳо оид ба саҳми халқи тоҷик ба ғалаба, кори оммавӣ-сиёсӣ байни меҳнаткашони ҷумҳурӣ, роҳбарии Шурои вакилони меҳнаткашон маорифи халқи, таёр намудани кадрҳои омузгорӣ, тетрҳои Тоҷикистон дар хизмати фронт, дар бораи вазъияти тандурусти дар рузҳои ҷанг, дар бораи нависандагони Тоҷикистон, дар бораи авиаторони ҷумҳурӣ ва обзори адабиёти таърихнигорӣ давраи Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дода шуд. Дар охири маҷмуа библиографияи корҳо оиди таърихи халқи тоҷик дар солҳои ҷанг оварда шуда аст.

Мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зина ба зина аз ҷониби доктори илмҳои таърих Л.П. Сечкина омухта шуда аст. Дар асарҳои ӯ самтҳои асосии инкишофи Тоҷикистон дар солҳои ҷанг – ҳолати ақибгоҳ, фаъолияти Ҳизби коммунисти ва қаҳрамонии тоҷикистониён дар солҳои ҶБВ омухта шудаанд. Дар натиҷаи чунин таҳқиқотҳо аз ҷониби ӯ асарҳо ба мисли «Трудовой подвиг Таджикского народа в годы Великой Отечественной войны», «Таджикистан в годы Великой Отечественной войны», «Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Великой Отечественной войны» ва ғайра ба чоп расиданд.

Проблемаҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунин аз ҷониби иштирокчии ҷанг, ходими илмии сектор Секретов А.Н. таҳқиқ шуда аст. Аз ҷониби ӯ асарҳои ба мисли «Боевая слава Таджикистана (1978), «Орденоносцы (1986), «Воины посланцы советского Таджикистана в годы Великой Отечественной войны (1978) ва ғайра ба чоп расидаанд.

 Дар сектор солҳои дароз Николай Петрович Пак кору фаъолият дошт. Аз ҷониби ӯ асарҳо ба унвони «Советы Таджикистана в годы Великой Отечественной войны (1985), ва дар якҷоягӣ бо академик Р. Масов «Торжество ленинской аграрной политики в Таджикистане» (1986) чоп шудаанд.

Аз ҷониби коллективи сектор ва Институт зери таҳрири Б.А. Антоненко китоби дарсӣ барои муассисаҳои таълимии олӣ омода шуд, ки то ҳол машҳур аст ва барои муассисаҳои таълимии ҷумҳури талаби зиёд дорад.

Аз ҷониби Абулхаев Р.А. проблемаҳои барпо намудани ҳокимияти Шуравӣ дар болооби Заравшон, сохтмони маъданӣ дар ҷумҳурӣ, масоили ирригатсионӣ ва азхуд намудани заминҳои нави Тоҷикистон таҳқиқ гаштаанд.[9]

Фаъолияти доктори илмҳои таърих Т.В. Каширина фоиданок буд. Аз ҷонибаш асарҳои «Первый Всетаджикский съезд Советов» (1984), «Третий Чрезвычайный съезд Советов» (1989) ба чоп расиданд, ӯ фаъолона дар омода намудани ҷилди 5-уми «История таджикского народа» иштирок намуд, проблемаҳои инкишофи фарҳанг ва ҳаракати иттифоқи касбии Тоҷикистонро омухт.

Дар ин давра асарҳо оиди вазъи соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқӣ – саноат, хоҷагии деҳқонӣ, фарҳанг чоп шуданд.[10] Ҷои муҳим дар фаъолияти таърихчиёни он давра асарҳо бахшида ба раванди барқарорсозии ҳар гунна соҳаҳои хоҷагии халқӣ доштанд[11].

Дар ин рисолаҳо нишон дода буд ки ба вазъи мушкили иқтисодӣ нигоҳ накарда на танҳо фаъолияти доимии обектҳои индустриалӣ таъмин шуда буд, балки корхонаҳои саноатии нав, муассисаҳои фарҳангӣ, обектҳои инфрасохтори хоҷагии деҳқонӣ ба кор дароварда шуда буданд. Аз ин ҷиҳат ҷои муҳим асарҳо гирифтанд ки бахшида ба инкишофи чунин соҳаи лозимаи хоҷагии хадқи, ки бе он фаъолияти афзалиятноки дигар соҳахои хоҷагии халқӣ дар шароити ҷумҳурии куҳӣ, яъне тақлиёт шудаанд. Дар ҳадди имкон достовардҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии он дар солҳои ҶБВ дар таҳқиқотҳои коллективӣ ва фундаменталии таърихчиёни Тоҷикистон, ба хусус дар асарҳои илмӣ мисли «История таджикского народа»[12] ва «Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана» нишон дода шуданд.[13]

Аз сабабе ки Тоҷикистон дар он давра ҷумҳурии аграрӣ-индустриалӣ буд ва хоҷагии деҳқонияш соҳаи асосии иқтисод буд, табиатан ба масъалаҳои аграрӣ ҷои васеъ дар таърихнигорӣ ҷудо шуда буд.

Аз соли 1988 то соли 1999 шуъбаро доктори илмҳои таърих, профессор Р.А.Абулхаев роҳбари мекард. Зери роҳбарии ӯ шуъба омузиши проблемаҳои таърихи муосири Тоҷикистонро давом дода ҷилдҳо 5 ва 6-уми «Истории таджикского народа» омода намуд.

Дар қисми дуюми солҳои 80, ба унвони даврони азнавсози (перестройка), таҳқиқотҳои таърихнигорӣ бештар объективӣ, қисман озод аз чорчубаи идеологи ва методологӣ (аммо то охир не).

Дар байни онҳо намоёнтарин асари Р.М. Масова оиди таърихи илми таърих ва таърихнигории сохтори сотсиалисти дар Тоҷикистон аст.[14] Ин таҳқиқоти фундаменталӣ даврони кули (аз замони қадим до муосир) пайдоиш ва инкишофи илми таърихи тоҷик ва тамоми маҷмааи таърихнигории Тоҷикистони Шуравиро дар бар мегирад. Олим тавонист кариб ки ҳама асарҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ, фалсафӣ ва асарҳои аслии иқтисоди ва сарчашмаҳоро бахшида ба давраи шуравии таърихи халқи тоҷик ҷам, таҳлил ва таҷзия намудан ва хусусиятҳо, дастовардҳо ва нуқсонҳо ва инчунин вазифаҳои асосӣ барои таҳқиқотҳои илмии ояндаи таърихчиёни тоҷик муайян намояд.

Хислати объективӣ ва критики ҳамчунин рисолаи номзадии Ф.Ш. Джураев «Историография образования и развития таджикской советской государственности» (Дисс… канд. ист. наук. – Душанбе, 1989) дошт, ки дар он нуқсонҳо дар омузиши проблема муайян шудаанд, ба илм сарчашмаҳои нав дохил карда шудаанд, лозимоти омода намудани монографияи объективии эҳё намудани давлатдории мили тоҷикон дода шуд. Инчунин рисолаҳои таърихнигорӣ оиди инкишофи собиқҷангии Тоҷикистон зарурияти аз нав коркард ва аз нав чоп намудани асарҳои муҳими оиди таърихи ҷумҳурӣ мутобиқи вазъияти он давра асоснок кард.

Ибтидои солҳои 90 вобаста бо ба чоп расидани асарҳо оиди масоили кам тақиқ шудаи проблемаҳои таърихи ирригатсия дар Тоҷикистон ва вобаста ба он сиёсати кучондани Ҳизби коммунистӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ буд. Нақши муҳимро дар он Р.А. Абулхаеву дорад.[15] Дар таҳқиқотҳои чунин мавзу мачмааи кули корҳои омодагӣ, ҷамъитаҷриба ва раванди обрезии заминҳо омухта шудаанд ва фактҳои манфии омода набудан, элементҳои маҷбурӣ ва гоҳе маргӣ муҳоҷирон ошкор шудаанд.

Ҳодисаи намоён дар таърихнигории проблема дар давраи зикр шуда асарҳои М.Н. Наимова ва З.З. Богуманова[16]шудаанд, ки дар онҳо дустии халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ҳамкории мувафақӣ онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва фарҳанг инъикос ёфтаанд.

Кормандони шуъба таҳқиқотҳо муҳим оиди таърихи таъсис ва инкишофи муассисаҳои фарҳангӣ-маъданӣ гузаронданд, ки онҳо дар асарҳои ҷамбастии таърихи сохтмони фарҳангӣ дар Тоҷикистон, дар монографияҳо ва мақолаҳои махсус инъикос ёфтанд.[17] Дар онҳо таҷрибаи калони фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳури дар маъсис ва инкишофи муассисаҳои мадании оммавӣ инъикос ёфта нақш ва аҳамияти онҳо дар раванди тарбияи сиёсӣ ва фарҳангии меҳнаткашон нишон дода шуд.

Таҳлили таърихнигорӣ шаҳодат медиҳад, ки илмӣ таърих дар таҳқиқи мавзуи сохтмони фарҳангӣ ба натиҷаи намоён расид. Аммо ба айни ҳол мавҷуд будани теъдоди зиёди бо ҳаҷм ва мазмуни гуногуни адабиёт давраҳо ва проблемаҳои зиёд ҳануз комилан барраси нашудаанд. Таърихи сохтмони фарҳангӣ ҳануз ва ҳоло ҳам бештар соҳавӣ омухта шуда аст, яъне таърихчиён ҳамчун обекти таҳқиқоти илмӣ соҳаҳои гуногуни фарҳангро интихоб мекарданд (маориф, илм, адабиёти санъат ва ғайра). Акнун проблема баррасии кулӣ дар ягонагии ҳама қисмҳои онро талаб менамояд.

Инчунин, баъд аз таъсис додани Академияи илмҳони ҶСС Тоҷикистон илми таърих ва таърихчиёни Тоҷикистон комилан аз уҳда баромаданд.

Дар замони барҳам хурдани Иттифоқи Шуравӣ илми таърихи ҷумҳурӣ асарҳои фундаменталии илми дар асоси сарчашмаҳои бой дошт, монографияҳо оиди таърихи навтарини Тоҷикистон мавҷуд буданд.

Бо ба даст овардани соли 1991 истиқлолияти давлатӣ давраи нави инкишофи илми таърихи тоҷик шуру шуд.

Ин давра бо буҳрони имиқ дар таърихнигории ватани шаҳодат дошт ва сабаби кучидани муттахасисон ба хориҷи кишвар шуд, ки аксарияти коргарони таҷрибодорро аз даст дод, бахусус дар соҳахои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ. Муттахасисони таърихи навтарин ҳам қисман ҷумҳуриро тарк намуданд, қисми дигари онҳо касбашонро иваз намуданд.

Ба ин нигоҳ накарда, ба гумони мо, олимон-таърихчиён тавонистанд қисмати асосиии муттахасисашонро нигоҳ доранд, ки ба аз нав ба дараҷаи пештараи таҳқиқотҳо расидан имкон дод. Кормандони илмӣ айни ҳол дар қатори давраи шуравӣ давраи собиқшуравиро ҳам, аниқтараш таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро, ки аз сентябри соли 1991 оғоз мешавад таҳқиқ мекунанд.

Замон пеши таърихчиён вазифаҳои навро гузошт, ки муҳимтарин аз онҳо баёни объективии ҳодисот бидуни зулми идеологӣ ва ё манфияти ягон муқаррароти сиёсӣ.

Аз ибтидои солҳои 90 корҳое пайдо шуданд, ки роҳои тули 70 соли ҳукумати шуравӣ гузаштаи Тоҷикистонро холисона барраси менамоянд. Дар ин давра аз ҷониби ходимони шуъба дар асоси маводҳои бойгони маҷмуаи «Речи, статьи и выступления Н. Махсума» ва маҷмуаи мақолот «Фидоии миллат», бахшида ба Раиси якуми КИМ ҶСС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Максум омода гаштанд.

Зери омузиши нав пеш аз ҳама солҳои барпо намудани ҳокимияти шуравӣ шуданд. Дар асари Н.Б. Хотамова,[18] бахшида ба инқилоби Бухоро андешаҳои нав пайдо гаштанд оиди муносибатҳои русӣ-бухорои ва шуравӣ-бухороӣ, фаъолияти ҷадидони Бухоро, мавқеъи роҳбарияти Туркфронт оиди проблемаи Бухоро, оиди амалиётҳои соли 1920 дар Чорҷуи куҳна ва Бухорои куҳна, оиди таърихи ташкил ва ҳаракати гуруҳи ҳарбӣ-экспедитсионии Ҳисор ва дигар ҳодисаҳо, вобаста бо ҷараёни сарнагуни тартиботи амирӣ дар Бухоро. Дар асоси маводҳои нави бойгонӣ ҷараёни сарнагуни тартиботи амирӣ дар Шаҳрисабз, Китоб, Гузар, Каршӣ, Қароқул, Кармина ва ғ барраси шудаанд. Монографияи Н.Б. Хотамов консепсияи навро оиди ин проблема пешниҳод намуд, ки дар инкори ҳақиқати инқилоби Бухоро баён гашта аст.

Аз ҷониби Ҳотамовым Н.Б. силсилаи рисолаҳо омода шуд бахшида ба нақши капитали бонкии рус дар инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии Осиёи Миёна даврони колониалӣ[19].

Яке аз саҳафаҳои каҷ шудаи таърихи навтарини Тоҷикистон тақсимоти миллӣ-ҳудуди Осиёи Миёнаи соли 1924 буд. Ин проблема аз мавқеъи нав аз ҷониби академик Р.М. Масов дар се монография таҳқиқ шуд[20]. Дар онҳо масъалаҳои каммашҳур ё куллан номаълуми ҳануз ҳаётан муҳими таърихи халқи тоҷик пешкаш шудаанд. Арзиштарин сарчашмаҳои таърихии бойгонӣ ва адабиёте ки олим истифода бурд саҳафаҳои фоҷеатарини таъсиси ҷумҳурияҳои миллии соли 1924-ро ошкор мекунанд.

Солҳои истиқлолият проблемаи муҳоҷират аҳамияти зиёд пайдо намуд. Тули солҳои дароз ин масъала аз ҷониби профессор Р. Абулҳаев омухта мешуд. Олим асарҳои зеринро ба чоп расонданд: «Таърихи мухочират дар Точикистон (солхои 1924-1941)» (2008), «Таърихи мухочират дар Точикистон (солхои 1961-2000)» (2009), «Таърихи мухочирати Точикистон (солхои 1917-2000)» (2012) ва як қатор мақолаҳо.

Ходимони Шуъба корро ба омода намудани ҷилдҳои панҷум ва шашуми «История таджикского народа» давом медоданд. Якумаш соли 2004 ва дувумаш соли 2011 ба чоп расиданд.

Таҳқиқотҳои проблемаҳои кам омухта шудаи таърихи ҷумҳурии давраи муосир давом доранд. Аҳамияти махсуси ходимон ба таҳлили ҳаракатҳои ҳаргуна қувваҳои сиёсӣ ва гуруҳҳо дар шароити фурупошии давлати шуравӣ. Нақши давлатҳои бузург ва минтақа дар мубориза барои нуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин тамоюлоти асосӣ дар руоварӣсиёсати хориҷии қувваҳо – иштирокчиёни мукобалаи низоъи тоҷикӣ, фаъолияти Комиссияи оштишавии миллӣ баъд аз соли 1997.

Таҳқиқоти «Экономические преобразования в Республике Таджикистан в годы независимости» (1991-2006гг.) ба итмом расид, ки дар он муфассал равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ҷой дошта, шаклгирии шаклҳои ҳаргунаи моликият ва ҳамчунин векторҳои иртиботи сиёсии хориҷии Тоҷикистон таҳлил шуданд. Аҳамияти махсус ба сабабҳо ва раванди таносухи сохтори хоҷагии халқӣ, пешомади дигаркунии иқтисоди Тоҷикистон дода шуда аст.[21]

Корҳои таҳқиқотии проблемаҳои таърихи муносибатҳои русӣ-тоҷикӣ дар давраи солҳои 1991-2001 давом дорад. Дар асоси маводҳои бойгонӣ ва дигар сарчашмаҳо аксаран инкишофи пайвастиҳои ҳарбӣ-сиёсии байни давлатҳо ва ҳамчунин тамоюли асосии шаклгирии пайвастиҳои иқтисодӣ[22] таҳқиқотҳои қонуният ва хусусиятҳои махсуси равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ ва муборизаи силоҳии солҳои 1992-1997 ва ҳамчунин давраи пасомоди барқарорсозӣ боасос мекардад.

Таҳқиқотҳои муносибатҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1999-2006 ба охир расонида шуд. Таърихи муҳоҷирати дарунии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи солҳои 1991-2000 давом дода шуд. Таҳқиқотҳои муомилоти қарзии бонкҳои заминии кишвари Туркистон (қарзи давоммуҳлат) дар солҳои 1870-1917 ва ҳамчунин тамоюл ва шаклҳои равандҳои диннӣ ва наҳзати диннӣ дар Тоҷикистон дар давраи 1992-2007 сол ба итмом расид.      

Шӯъбаи таърихи навтарин ташаббускори гузаронидани конфронсҳои зиёди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад намуд. Дар пояи шӯъба чорабиниҳо бахшида ба 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 120 ва 130-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Н. Махсум, 80-солагии арбоби давлатӣ Ҷ Расулов, 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Б. Ғафуров, 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ва дигар гузаронида шуданд. Ҳама маводҳои ин конфронсҳо чоп шуда буданд.[23]

Соли 2009 ходимони шуъба як қатор таҳқиқоти нақши академик Б. Гафуров дар омузиши таърихи халқи тоҷик гузарониданд. Саҳми олими бузурги тоҷик дар бахогузории адолатноки нақши тоҷикон дар таърихи минтақаи Ховари Миёна ва ҷои онҳо дар таърихи навтарини АвруОсиё ҳаматарафа арзишманд эътироф шуд.

Бахшида ба 65-солагии Ғалабаи халқи шуравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ брошюра «Таджикистан в годы Великой Отечественной Войны» чоп шуд ва ҳамчунин як қатор мақолаҳо ва баромадҳо дар бораи ҶСС Тоҷикистон дар давраи ҷанг омода шуд. Вобаста ба 65-солагии рузи Ғалаба дар ҶБВ таҳқиқотҳои таърихи Тоҷикистон дар давраи 1941-1945 гузаронида шуданд. Дар қатори таҳқиқотҳои нақши кушунҳои ҶСС Тоҷикистон масъалаҳои муҳофизати сарҳади давлатӣ, саҳми ҷумҳӯрӣ дар амал намудани нақшаи кучонидани корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, санъатӣ ва тандурустӣ омухта шуданд (Абулхаев Р.А., Наимов М.Н., Хотамов Н.Б., Гафуров А.).  

Корҳои омодагии монографияи коллективии «Очерки истории Таджикистана периода независимости», бахшида ба 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид. Дар он масъалаҳои инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар дар давраи истиқлолият барраси шуданд. (Масов Р.М., Гафуров А., Наимов М., Хатамов Н.Б., Абулхаев Р.).        

Соли 2010 натиҷаи асосии таҳқиқотҳои илмии Шӯъба таҳқиқи амиқи таърихи давраи истиқлолият дар асоси маводҳои бойгонӣ, маводҳои ВАО ва нашри электронӣ шуд, ки ба проблемаҳои кам омухта шуда равшани мепардозанд, азҷумла оиди муборизаи стлоҳӣ, шароити иқтисодӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат.

Соли 2010таҳқиқотҳои маҷмуавии таърихи равобити Тоҷикистон ва русия солҳои 1917-2010 ба итмом расиданд. Дар ин асар аҳамияти махсус ба таҳлили муфассали ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникии ҳарду кишвар дар давраи истиқлолият (1991-2010гг.) дода шуд.

Таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар осиёи миёна омухта мешуд. Дар асоси таҳқиқотҳои равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Губернатории генералии Туркистон ва ҳамчунин дар Аморати Бухоро ва хониёти Ҳива гузашта, қонуният дар таносухи низоми бонкии минтақа омухта шудаанд. Байни равандҳои фаъолияти молиявӣ дар минтақа охири асри XIX – ибтидои асри XX мавҷуд буда ва равандҳои муосири капитализатсия дар Тоҷикистон монандӣ ошкор шуда аст (Хотамов Н.Б.).

Таҳқиқотҳои соҳаи дини ҳаёти аҳолии ҶСС Тоҷикистон дар солҳои 1924-1941 давом дода шудаанд. Аввалин бор дар асоси дар асоси истифодабарии маводҳои дастрас гардида ҳёти диннии Тоҷикистон даврони муборизаи алаҳи бомачиён ва механизми равобити сохторҳои диннии исломӣ ва ҳокимияти дунявӣ дар ҷумҳурӣ баён гаштанд (А.Назаров).

 Солҳои 2006-2010 таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ходимони шуъба гузаронида шуда дар ҳар гуна соҳаҳои таърих, фарҳанг ва санъати халқи тоҷик дар китобҳои таълимии таърихи ватани барои муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ, хониши курсҳои махсус дар донишгоҳҳои пешбурди ҷумҳурӣ инъикос ёфтаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқотҳо барои беҳтар намудани барномаи омузиши таърихи давраи ноавтарин дар муассисаҳои таълимии олӣ, пайдо ва инкишофи худшиносии миллӣ, афзоиши фаҳмиши таърихии халқҳои Тоҷикистон истифода шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқотҳо ҳамчунин барои дарсдиҳии курси «История Таджикистана», ва як қатор курсҳои махсус дар факултаҳои таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омузгорӣ ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славанӣ) ва ғ.

Тули солҳои мавҷутияташ сектори ҷомеаи шуравӣ – шуъбаи таърихи навтарин даҳҳо таърихчиёни касбиро омода намуд. Дар шуъба насли бутуни олимон тарибия ёфт, ки айнан баҳри беҳтарии илми таърих меҳнат мекунанд. Дар заминаи шуъба зиёда аз 20 таърихчиёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанди ба номи Б. Ғафуров ва дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ рисолаҳои номзади ва доктории хешро дифо намуданд. Ҳарсол муттахасисони ҷавон дар шӯъба хонишро дар аспирантураро адо менамоянд.

Айни ҳол дар Шуъба се муттахасиси ҷавон кор мекунанд, 6 унвонҷуи унвони номзади илмҳо зери роҳбарии муттахасисони таҷрибадор.

Ходимони Шуъба ба ҳалли проблемаи «История таджикского народа. Общие закономерности и специфические особенности исторического процесса (новейшее время)» машғуланд, ҳаматарафа таърихи Тоҷикистонро давраи асрҳои ХХ ва ХХI меомузанд, ба саҳафаҳои кам таҳқиқ шудаи таърихи муосири ватани аҳамият медиҳанд.

  

[1]Гуманитарные науки в Таджикистане за 40 лет советской власти //Известия АН Тадж. ССР. ООН. – Вып. 15. – Сталинабад, 1957. – С. 3-25.

[2]Дриккер Х. Работы по истории Таджикистана советской эпохи. – Советское востоковедение, 1958. – № 5. – С. 146-153.

[3]Скоробогатов И. Компартия Таджикистана в борьбе за развитие народного хозяйства и культуры в послевоенный период. – Душанбе 1963; См. также: История таджикского народа. Т. 3, кн. 2-М, 1965; Очерки истории Компартии Таджикистана. – Душанбе, 1962, 1968; Очерки истории колхозного строительства в Таджикистане. (1917-1965) – Душанбе, 1968.

[4]Масов Р. Таджикистан в годы Великой Отечественной войны (1941-1945 гг.). – Душанбе: Дониш, 1975.

[5]Антоненко Б., Искандаров Б. Развитие исторической науки в Таджикистане //Вопросы истории. – 1974. – № 4. – С. 3-19; Масов Р. Изучение истории социалистического и коммунистического строительства в Таджикистане. //История СССР. – 1974. – № 5. – С. 71-88.

[6] Искандаров Б. Таджикистан //Развитие советской исторической науки. 1970-1974.

[7] Масов Р. Историография Советского Таджикистана. – Душанбе: Дониш, 1978.

[8]См.: Масов Р. Историография рабочего класса Таджикистана. Введение //История рабочего класса Таджикистана (1917-1970гг.). – Т. 1. – Душанбе: Дониш, 1978. – С.. 9-18; Он же Историография культурного строительства в Таджикистане (1917-1977гг.) //История культурного строительства в Таджикистане. – Т. 1. – Душанбе: Дониш, 1979. – С. 5-18.

[9]Абулхаев Р.А. Упрочение Советской власти в районах верховьев Зерафшана. – Душанбе, 1972; Он же. Чароги маърифат. – Душанбе, 1985. (В соавт. с Р. Масовым); Он же. Новь Зерафшанской долины. – Душанбе, 1987; Он же. Развитие ирригации и освоение новых земель в Таджикистане. – Душанбе, 1988 и др.

[10]История рабочего класса Таджикистана (1917-1970гг.). – Кн.1. – Душанбе, 1972. Кн..2. – 1973; Очерк истории колхозного строительства в Таджикистане (1917-1965 гг.). –Душанбе, 1968; История культурного строительства в Таджикистане. – Т.1. – Душанбе, 1979; – Т.2. – 1983; Из истории культурного строительства в Таджикистане.1941-1960 гг. Сборник документов. – Т.1. – 1972, Т. 2. – 1976.

[11]Сечкина Л.П Промышленность и сельское хозяйство Таджикской ССР в годы Великой Отечественной войны //Материалы к истории таджикского народа в советский период. – Сталинабад, 1954; Козачковский В.Таджикская ССР в первой послевоенной пятилетке. Там же. – С.381-460

[12]История рабочего класса Таджикистана (1917-1970) кн.2, Душанбе, 1972.

[13]Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана-Душанбе 1964; См. также: Скоробогатов И. Компартия Таджикистана в борьбе за развитие народного хозяйства и культуры в послевоенный период (1945-1953), 1963. – Душанбе.

[14]Масов Р. История исторической науки и историография социалистического строительства в Таджикистане. – Душанбе: Дониш, 1988.

[15]Абулхаев Р.А. Развития ирригации и освоения новых земель в Таджикистане. Душанбе, Дониш», 1988; Он же. Историографический опыт ирригационного строительства и освоения новых земель в Таджикистане (1961-1985гг.). – Душанбе: Дониш, 1991.

[16]Наимов М.Н. Ленинским курсом дружбы и братства. Душанбе, 1983; Он же. Проблемы национальных отношений. Душанбе, 1989; Богуманова З.З. Дружба и сотрудничество Таджикистана с братскими республиками СССР в условиях развитого социализма. (1959-1975гг.). – Душанбе, Дониш, 1982; Она же. На пути культурного взаимообогащения. – Душанбе: Дониш, 1988.

[17]История культурного строительства в Таджикистане (1917-1977гг.). – Т. 1. – Душанбе, 1979; Масов Р., Абулхаев Р. Культурное возрождение Таджикистана (на тадж. яз.). – Душанбе, 1995.

[18]Хотамов Н.Б. Свержение эмирского режима в Бухаре. – Душанбе: Дониш, 1997. – 348 с.

[19]Хотамов Н.Б. Роль банковского капитала в социально-экономическом развитии Средней Азии (начало 90-х годов Х1Х века – 1917г.); Из истории банков и предпринимательства. – Душанбе. 2002 и др.

[20] Масов Р.М. История топорного разделения. – Душанбе, 1991; Он же, Таджики: история с грифом «Совершено секретно «. – Душанбе, 1995, Он же. Таджики: Вытеснение и ассимиляция. – Душанбе, 2000., Он же. Таджики: история национальной трагедии. – Душанбе, 2005.

[21]Хотамов Н.Социально-экономические преобразования Республики Таджикистан в период суверенитета (1991 – 2006гг.). – Душанбе, 2008. – 269с.

[22] Наимов М., Сатторов А. Россия – Таджикистан. – Душанбе, 2005.

[23]Очерки по истории Истаравшана (Уратюбе). ХХ век. – Душанбе, 2002; Фидоии миллат. – Душанбе, 2003; Материалы международной научной конференции», «У истоков истории. К 130-летию со дня рождения Н.Максума». – Душанбе:2011; Б.Г. Гафуров выдающийся исследователь истории Центральной Азии», Душанбе :Дониш, 2009; У истоков истории. – Душанбе, 2011; Материалы научно-теоретической конференции, посвященной 20летию независимости Республики Таджикистан. – Душанбе, 2011. – 88с. и др.