Ҳайати кормандони Шуъба 
 Ҳамза Камол - мудири Шуъба
 Пирумшоев Ҳайдаршо - сарходими илмӣ
 Абдуқаҳҳор Саидов - сарходими илмӣ 
Муқимов Рустам - ходими калони илмӣ  
Сайнаков Сайнак - ходими пешбари илмӣ 

Аз давраи таъсисёбӣ, дар институт се сектор: таърихи ҷомеаи шӯравӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ фаъолият мекарданд. Чӣ тавре аз ин сохтор бармеояд, дар сектори таърихи ҷомеаи шӯравӣ таҳқикоти масоили таърихи Тоҷикистони замони шӯравӣ мақоми марказӣ пайдо карда буд. Масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави халқи тоҷик низ то ин ё он дараҷа дар доираи ҳамин сектор ва давраи қадимтарини он дар сектори бостоншиносӣ мавриди омӯзиш қарор ёфта буданд. Масалан, дар байни 55 корҳои дар ҳаҷми умумии 205 ҷузъи чопии солҳои 1951-1955 аз тарафи ходимони илмии сектори ҷомеаи шӯравӣ ба чоп расонда шуда, рисолаи ниҳоят муҳими Боҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (барориши дуюм ва сеюм дар Москва, мутаносибан солҳои 1952, 1955) мақоми ҳалкунанда дошт. Дар ин ҷода бояд аз аҳамияти таҳқиқоти гурӯҳи муаллифон «Материалҳо доир ба таърихи тоҷикон ва ӯзбекони Осиёи Миёна», ки дар ду барориш ба дасти мутахассисон ва қишри васеи хонандагон расида буд, ёдовар шуд. Барориши аввал ба масоили пайдоиши ӯзбекони ба Шайбонихон иртибот дошта ва амалиёти истилогаронаи онҳо дар Осиёи Миёна, барои Мовароуннаҳр (муаллиф А.А.Семёнов) ва «Ислоҳоти пулии Шайбонихон (муаллиф Е.А.Давидович) бахшида шуда буд; барориши дуюм бошад, очерки сохтори идоракунии марказии хонигарии Бухороро (муаллиф А.А.Семёнов) дар бар мегирифт[1].

Соли 1952 ходимони илмии сектори ҷомеаи шӯравӣ дар доираи ду самти даврабандии таърихӣ тадқиқот мебурданд: «Омӯзиши таърихи тоҷикон» ва «Тоҷикистони давраи навтарин», ки дар маҷмӯъ ҳафт мавзӯро дар бар мегирифт. Аз онҳо фақат ду мавзӯи аввал ба таърихи тоҷикистони давраи шӯравӣ иртибот дошт. Дигар 5 мавзӯъ ин ё он масъалаи таърихи қадим ва асрҳои миёнаву нави халқи тоҷикро дар бар мегирифт, ки аз рӯи онҳо А.А.Семёнов ва Б.И.Искандаров таҳқиқот мебурданд. Баъзе аз масъалаҳои илмӣ – тадқиқотии ба таърихи қадим ва асрҳои миёна бахшида шуда, дар сектори бостоншиносӣ ба ҷо оварда мешуданд. масъулияти ҳалли онҳоро асосан Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович ба зимма доштанд[2].

Соли 1953 сектори ҷомеаи шӯравӣ дар тадқиқи се масъала фаъолият мебурд, ки дар маҷмӯъ 8 мавзӯро дар бар мегирифтанд. Аз ин нишондиҳанда чор мавзӯъ ба масъалаҳои таърихи тоинқилобии халқи тоҷик тааллуқ доштанд[3].

Ходимони сектори таърихи ҷомеаи шӯравӣ тибқи нақшаи мавзӯӣ барои соли 1955 таҳти роҳбарии мудири сектор В.А.Казачковский, дар болои чунин мавзӯъҳои таърихи тоинқилобӣ тадқиқот мебурданд: А.Ҷалилов – «Суғд дар асрҳои VIII – X», Б.И.Искандаров – «Бухорои Шарқӣ ва Помир солҳои 1870-1920», А.Мухторов – Материалҳо доир ба таърихи Ӯротеппа. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои расмӣ»[4].

Соли 1956 дар рӯйхати корҳои ба анҷом расидаи ин сектор доир ба таърихи асрҳои миёна таълифоти А.А.Семёнов «Таърихи исмоилизми Фидоии Хуросонӣ», «Очеркҳои замони Рӯдакӣ»; А.Мухторов – «Материалҳо доир ба таърихи Ӯротеппа (ҳуҷҷатҳо)»; А.М.Беленитский, В.Л.Воронина, П.И.Костров – «Санъати Панҷакенти қадим» ва дигар мақолоти илмӣ ворид гаштанд[5].

 Таъсисёбии сектори таърихи асрҳои миёна ва фаъолияти он дар солҳои 60 – нимаи аввали солҳои 80-уми асри XX

 Соли 1958 дар сохтори Институт баъзе тағйироти ба талаби барномавии он ҷавобгӯ гузаронида шуд. Дар ибтидои ин сол аз ҳисоби сектори мардумшиносӣ (этнография) сектори таърихи санъат ташкил ёфт. Барои қавитар гаштани иқтидори таҳқиқотии он 6 нафар ходимони илмиро аз сектори мардумшиносӣ ба ин сектори навтаъсис гузаронида, боз ду ҷои (штати) иловагӣ ҷудо карда шуд.

Моҳи июни соли 1958 дар Институт аз ҳисоби ходимони илмии сектори ҷомеаи шӯравӣ, ки доир ба масоили таърихи асримиёнагии халқи тоҷик тадқиқот мебурданд, сектори таърихи асрҳои миёна кушода шуд. Ба сифати иҷрокунандаи мудирии ин сектор ходими илмии сектори бостоншиносӣ, Нӯъмон Неъматов таъйин гардид. Ҳамчунин ҳамин сол Пойгоҳи археологии Панҷакент бо теъдоди кормандонаш иборат аз 10 нафар ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ҳисоботи фаъолияти яксолаи сектори таърихи асрҳои миёна баъди таъсисёбӣ аз ҷумла омадааст: «Дар солҳои охир таҳқиқи масоили таърих ва таърихи фарҳанги асримиёнагии халқи тоҷик аз омӯзиши чунин масъалаҳои ба дигар давраҳои таърих иртибот дошта, хеле қафо мондааст. Агар таърихи сиёсии асримиёнагиро дар ин ё он дараҷа тадқиқшуда ҳисобем ҳам, аз ин манзар омӯзиши масоили иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи ниҳоят паст эҳсос мегардад. Дар оянда ақибмонӣ дар таҳлили илмии давраи асримиёнагӣ метавонад таълифи давраҳои тоинқилобии «Таърихи халқи тоҷик»-ро. ки дар чаҳор ҷилд ба нақша гирифта шудааст, ҷиддан халалдор намояд»[6].

Ҳамин тариқ, аз рӯи нишондиҳандаҳои 1 декабри соли 1958 сектори таърихи асрҳои миёна дар ҳайати мудир (Н.Неъматов), як нафар ходими калони илмӣ (А.Ҷалилов), ду нафар ходимони хурди илмӣ (А.М.Манделштам ва К.Н.Ҷамолов), ду лаборанти калон (Р.Гусейнова ва Ф.Хушенов) фаъолият мекард[7].

Соли 1959 ба вазифаи мудири сектор номзади илмҳои таърих, ходими калони илмӣ, Аҳрор Мухторов таъйин гардид ва онро академики оянда то соли 1991 ба дӯш дошт.

Фаъолияти илмии ходимони сектор соли 1960 ниҳоят рушд намуд. Дар сектор ду отряд барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои расмӣ аз ҷумла васиқаҳо, маводи характери ҳуқуқӣ дошта, катибаҳо, маълумоти шифоҳии шоҳидони воқеаҳои тоинқилобӣ дар Бухорои Шарқӣ ва ғайра, сафарбар шуда, кор мебурданд. Отряди Кӯлоб (зери роҳбарии А.Мухторов) ва отряди Помир (бо роҳбарии К.Ҷамолов) қариб 60 навиштаҷоти рӯйсангии ба асри XVII тааллуқдошта, 40 ҳуҷҷатҳои расмӣ доир ба масоили муносибатҳои аграрӣ (кишоварзӣ), иҷтимоию иқтисодӣ ва маълумоти зиёди шифоҳӣ доир ба таърихи ҷунбишҳои халқӣ дар Бухорои Шарқии охири асри XIX – ибтидои асри XX ва ғайраро ба даст оварданд[8].

Соли 1961 рисолаҳои илмии А.Ҷалилов «Суғд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо ва муборизаи суғдиён ба муқобили истилогарони араб дар нимаи аввали асри VIII» ва З.Ш.Раҷабов «Маорифпарвари барҷастаи халқи тоҷик Аҳмади Дониш» ба табъ расиданд[9]. Рӯи чоп расидани тадқиқоти ниҳоят муҳиму бунёдии Б.Искандаров «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX» дар ду китоб (Душанбе, 1962-1963) муҳимтарин падидаи илмии сектор дар нимаи аввали солҳои 60-ум ҳисоб меёбад.

Натиҷаи назарраси тадқиқотии сектор дар тӯли чанд сол доир ба масъалаи «Ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва рушди фарҳангии халқи тоҷик дар асрҳои миёна» ба чоп тайёр намудани ҷилди дуввуми «Таърихи халқи тоҷик», ки асрҳои V – XVI-ро дар бар мегирифт, ҳисоб меёбад[10].

Соли 1965 дар сектор аввалин отряд барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои расмии давраи тоинқилобӣ ва сангнавиштаҳои ноҳияи Ҳисор зери роҳбарии А.Мухторов ташкил ёфт. Дар натиҷаи фаъолияти ин отряд зиёда аз 350 ҳуҷҷатҳои расмии ба асрҳои XVII – ибтидои XX тааллуқ дошта, чандин сангнавиштаҳои болои қабрии асрҳои XV – XVIII, 312 сикка (асрҳои I – XIX), ду сарсутуни бо кандакории аҷоиб оро ёфтаи замони юнону бохтарӣ ва дигар маълумоти шифоҳӣ доир ба ҷунбишҳои мардумии ноҳияҳои Нов ва Ғарм (феълан Рашт) гирдоварӣ шуданд[11].

Соли 1966 рисолаи илмии Н.Маҳмудов «Зироаткорӣ ва муносибатҳои аграрӣ дар Осиёи Миёнаи асрҳои XIV – XV (10 ҷ.ч.) ва китоби А.Мухторов «Кандакорӣ дар чӯб дар водии Зарафшон нақшҳои асримиёнагӣ)» (китоб-нигора) ба табъ расиданд[12].

Фаъолияти сектори таърихи асрҳои миёна дар нимаи аввали солҳои 70-ум босуръат пеш мерафт. Ходимони сектор зери роҳбарии А.Мухторов дар ҳудуди Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ корҳои нақшавиро пеш бурда, чандин навиштаҷоти болои санг, нақшу нигори ниҳоят ҷолиби болои чӯбро пайдо намуданд. Аз аҳолии маҳаллӣ 160 ҳуҷҷати нодири ба асрҳои XVIII –XX тааллуқ дошта, ва маълумоти зиёди шифоҳӣ доир ба анъанаҳои халқии сокинони кӯҳистон ҷамъ оварда шуд. Яке аз дастоварҳои муҳими сектор соли 1971 дифои рисолаи доктории мудири он А.Мухторов дар мавзӯи «Ёдгориҳои катибавии асрҳои XI – XIX аз Кӯҳистон, чун сарчашма доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна» дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дар Москва ҳисоб меёбад.

Соли 1973 дастхати «Таърихи Бадахшон», ки аз тарафи Б.Искандаров ва А.Ягонӣ ба нашр тайёр шуда буд, дар Москва (зиёда аз 25 ҷ.ч.), китоби дарсӣ «Таърихи ҶШС Тоҷикистон» барои синфҳои 7–10, ки гурӯҳи муаллифон бо иштироки А.Мухторов таълиф намуда буданд, ба чоп расиданд.

Дар нимаи дуюми солҳои 70-ум сектор фаъолияти худро аз рӯи масъалаи умумӣ – «Таърихи форматсияи феодалии халқҳои ИҶШС» пеш бурда, диққати асосиро ба мавзӯи «Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ (аз рӯи ҳуҷҷатҳои расмӣ, китобҳои дастнавис, ва ёдгориҳои катибавӣ)», равона кард.

Аз рӯи ин мавзӯъ ходимони сектор кофтукови сарчашмаҳоро идома дода, дар асоси маводи ба дастомада ба таҳлилу таълифи масоили таърих ва таърихи фарҳанги тоинқилобии халқи тоҷик машғул буданд. Ба туфайли кӯшиши мутассил чунин таълифот ба анҷом расонда шуд: А.Мухторов – «Балхи охири асримиёнагӣ (материалҳо барои топографияи таърихии шаҳр дар асрҳои XVI –XVIII)» дар ҳаҷми 7 ҷ.ч., Ш. Юсупов – «Таърихи шаҳри Душанбе» (8 ҷ.ч.), Қ.Элчибеков «Ҳуҷҷатҳо доир ба таърихИ Дарвози асрҳои XVIII – ибтидои XX» (6 ҷ.ч. дар шакли дастнавис), Р.Одилбекова – «Вазъи иқтисодӣ ва ҳаёти мадании ноҳияҳои ғарбии Помир» (2 ҷ.ч.).

Дастоварди муҳими соли 1977 ба чоп расидани корҳои тадқиқотии Б.И.Искандаров «Рушди илми таърих дар Тоҷикистон», А.Мухторов «Ёдгориҳои катибавӣ дар Кӯҳистон (асрҳои XI –XIX)»[13]буданд. Ҳамин сол ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Н.Неъматов китоби «Давлати Сомониён»-ро аз чоп баровард. Ҳарчанд ин рисола ба фаъолияти ходимони илми сектори асрҳои миёна иртиботе надошта бошад ҳам, вале он ба таърихи давраи тақдирсози асрҳои миёнаи тоҷикон бахшида шудааст.

Ходимони сектор соли 1978 34 мақолаҳои илмӣ ба чоп расонда, аз ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент бештар аз 100 ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷамъоварӣ намуданд. ҳамчунин чандин ёдгориҳои катибавӣ кашф ва ба қайд гирифта шуданд[14].

Соли 1980 таълифоти «Луғати тоҷикӣ – русӣ аз таърих» (мураттибон А.Мухторов ва А.Ягонӣ), дар ҳаҷми 8 ҷ.ч., «Луғати ибораҳои мусиқии Шарқӣ»-и А.А.Семёнов» (мураттибон А.Мухторов ва А.Низомов), дар ҳаҷми 5 ҷ.ч., «Ёдгориҳои катибавии Самарқанд асрҳои XI –XIV (муаллиф Л.Додхудоева), дар ҳаҷми 8 ҷ.ч., «Ҳуҷҷатҳо доир ба таърихи кишоварзии Қаротегин. Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо» (мураттиб Р. Одилбекова), дар ҳаҷми 8 ҷ.ч., «Таърихи отряди сарҳадии Помир» (муаллиф Қ.Элчибеков), дар ҳаҷми 4 ҷ.ч., «Доир ба таърихи муносибатҳои аграрӣ дар вилояти Ӯротеппа (аз рӯи материалҳои оқсоқолии Шаҳристон (муаллиф Х.Қурбонова) дар ҳаҷми 8 ҷ.ч. анҷом ёфтанд.

Дастоварди муҳими сектор рисолаи А.Мухторов «Балхи охири асри миёна. Материалҳо оид ба топографияи таърихии шаҳр дар асрҳои XVI – XVIII» – Душанбе: Дониш,1980 (7 ҷ.ч.) ва маҷмӯаи «Хотираи А.А.Семёнов» (гурӯҳи муаллифон). – Душанбе: Дониш, 1980 ҳисоб меёбанд.

Ҳамин тариқ, солҳои 70-уми асри гузашта барои сектори таърихи асрҳои миёна, ҳамчунин барои тамоми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, даҳсолаи дастовардҳои муҳим, даҳсолаи рушди илми таърихи ҷумҳурӣ, ки дар он хизмати ходимони тамоми секторҳои он эҳсос мешавад, аҳамияти калидӣ дошт.

Ба солҳои 80-ум сектори таърихи асрҳои миёна бо пойгоҳи мустаҳкам, бо фазои муайяни фаъолияти касбии ходимонаш ворид гардид. Кормандон мисли пешина дар чаҳорчӯбаи масъалаи «Таърихи форматсияи феодалии халқҳои ИҶШС» кор бурда, диққати асосиро ба мавзӯи «Таърихи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна (аз рӯи ҳуҷҷатҳои расмӣ, маъхазҳои дастнавис ва ёдгориҳои катибавӣ)» равона карда буданд.

Аз таълифоти муҳимтарини соли 1982 нашршуда, барориши факсимилии «Мунтахаб ат-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон(ба чоп тайёркунанда, муаллифи пешгуфтор А.Мухторов ва муҳаррири масъул М.С.Осимов), А.Мухторов, Н.Неъматов, В.Ранов, Ю. Яъқубов «Саёҳат дар Суғд» ва китоби А.Мухторов «Аз пайи таърихи кӯҳан» ҳисоб меёбанд.

Ба ғайр аз мақолоти сершумори дар маҷмӯаҳои илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо ба табъ расида соли 1983, таълифоти ниҳоят муҳими Б.Искандаров «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии таърихи мулкҳои Помир (асри X – нимаи аввали асри XIX)», дар ҳаҷми 9,5 ҷ.ч., А.Мухторов ва Ш.Шарифов «Академик Бобоҷон Ғафуров» (дар ҳаҷми 5 ҷ.ч.), ҳамчунин нашри маъхази ниҳоят муҳими таърихии муаллифи номаълум «Ҳудуд ал-олам», ки аз тарафи Н.Қосимов ба чоп тайёр карда шуда буд, дастоварди муҳими ин сол маҳсуб мешаванд.

Соли 1984 А.М.Мухторов китобҳои «Дурдонаҳои маданияти тоҷик дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (9 ҷ.ч.) ва «Балхи охири асри миёна», ки дар Донишгоҳи Нью-Йорк ба табъ расида буд, ба дасти мухлисону мутахассисон расиданд.

Соли 1985 тибқи нақша чопи факсимили китоби дуввуми Ҳакимхон «Мунтахаб ат-таворих» бо пешгуфтори А.Мухторов (15 ҷ.ч.) анҷом ёфт. Дар хориҷи чумҳурӣ (Кобул) А. Мухторов дар шакли мақола «Ҳудуд ал-олам» ва «Омӯзиши эҷодиёти Бедил дар Тоҷикистони Шӯравӣ»-ро интишор намуд.

 Ба шӯъбаи таърихи асрҳои миёна ва нав табдил додани сектори асрҳои миёна

 Тибқи Қарори раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни соли 1986 таҳти рақами 165 дар сохтори Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон як қатор дигаргунсозиҳо ба низом дароварда шуданд. Ба ҷои 10 сектор 8 шӯъба ташкил дода шуд. Дар асоси ин қарор дар пойгоҳи сектори таърихи асрҳои миёна шӯъбаи таърихи асрҳои миёна ва нав таъсис дода шуд (ба ҳайси мудири шӯъба доктори илмҳои таърих А.Мухторов таъйин гардид). Кор мисли пештара дар атрофи проблемаи «Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодии Осиёи Миёна» пеш бурда мешуд. Дар доираи ин талабот чунин корҳои ҷолибу рӯзмарра аз қабили «Аз таърихи ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна» (Маҷмӯаи мақолаҳо). «Феҳристи ёдгориҳои катибавии Осиёи Миёна асрҳои XVI– XVII» (дар ду ҷилд), китоби Ш. Юсупов «Аз таърихи тоинқилобии шаҳри Душанбе» ва ғайра ба чоп расонда шуданд.

Дар ҳадди солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта Институт бевосита ба таълифи таҳқиқоти шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» оғоз намуда, барои ин иқдоми ниҳоят ҳалталаби таърихнигории миллӣ тамоми қувваро сафарбар намуд. Шӯъбаи таърихи асрҳои миёна аз ин ташаббус дар канор буда наметавонист. Акнун навиштани ҷилдҳои сеюму чаҳорум дар нақшаи илмӣ-тадқиқотии тамоми кормандони шӯъба мавқеи марказиро ишғол мекард.

 Фаъолияти шӯъба дар замони истиқлолият

 Пош хӯрдани ИҶШС ба раванди қавию бемайлони илм бетаъсир буда наметавонист. Ин дар фаъолияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ва шӯъбаҳои он, аз ҷумла таърихи асрҳои миёна пурра эҳсос мешуд. Ин давра барои шӯъба мушкилоти зиёде ба бор овард. Дар сатҳи ниҳоят пасти иқтидори касбии илмӣ қарор доштани аксари мутлақи кормандони шӯъба гувоҳи вазъи мураккаби ба амал омада, буда метавонад. Ба ниҳоят паст шудани музди меҳнат нигоҳ накарда, ходимони илмӣ барои ба иҷро расондани нақшаҳои илмӣ ҷиддан талош меварзиданд. Нишондиҳандаи чопии шӯъба дар нимаи аввали солҳои 90-ум панҷ рисолаи илмӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат ба чоп расида, як маводи таълимӣ, ду ҷузвия (брошюра) ва даҳҳо мақолаю тақризҳои дар маҷаллаҳои илмӣ нашр шударо дар бар мегирифт.

Баъди ба нафақа рафтани мудири шӯъба академик А.Мухторов соли 1992, масъулияти ин вазифа сараввал ба зимаи Лола Додхудоева, ва баъди як сол ба ӯҳдаи Ю.С.Малтсев гузошта шуд. Иваз шудани роҳбарияти шӯъба ба раванди фаъолияти он таъсири ҷиддӣ расонда натавонист. Агар аз баъзе корҳои (аксаран мақолаҳо) Л.Н.Додхудоева, Ю.С.Малтсев, А.Саидов, Қ.Махсумов сарфи назар назар кунем, қариб тамоми вазни иқтидори чопии шӯъба ба таълифоти А.Мухторов рост меомад. Вале ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда, дурнамои нақшаи кории дар давраи роҳбарии А.Мухторов тасдиқшуда, ҳамоно дар маркази фаъолияти ходимони илмии шӯъба қарор дошт.

Соли 1993 А.Мухторов як қатор корҳои барои 2500-солагии шаҳри Ӯротеппа ба нақша гирифтаро ба итмом расонд. Аз ҷумлаи онҳо «Хаттоти хушнавис Мирҳусайн Ҳусайни Истравшанӣ» (2 ҷ.ч. ва 11 тасвирҳо), «Гузарҳои Ӯротеппа» (7 ҷ.ч. ва 10 расмҳо), «Таърихи Ӯротеппа дар асрҳои XVI – XIX» (15 ҷ.ч. бо замимаи дар ҳаҷми 1 ҷ.ч. тасвирҳо) ба чоп расонда шуданд. Ҳамчунин дар ин радиф бояд аз заҳмати ба чоп тайёр кардани «Ёддоштҳои амири Бухоро» – ро аз тарафи А.Мухторов, ки дар Теҳрон соли 1993 ба чоп расидааст, ёдовар шуд. Аз таълифоти ин олим, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ нашр гардидаанд «Топография таърихии Балх» (дар маҷаллаи «Ошно». – Теҳрон, 1992 (№ 6-7), 1993 (№ 8-9, 11-12) ва нашри ҳамин китобро дар Ню-Йорк соли 1993 қайд кардан зарур аст. Ҳамчунин нашри навбатии китоби дарсии А.Мухторов «Таърихи халқи тоҷик» барои синфҳои 8-9 макотиби миёна, ки дар ҳаммуаллифӣ бо Б.А.Литвинский таълиф шудааст, низ ба ҳамин сол рост омад. Албатта дар ин радиф бояд аз таълифоти дигар ходимони илмии шӯъба, ки дар ҳаҷми чанд мақолоти илмӣ ва илмӣ-оммавии ба табъ расондаи онҳо маҳдуд мешавад, бояд ба назар гирифт[15].

Соли 1994 А.Мухторов «Ёддоштҳои амир Олимхон»-ро таҳия ва дар Теҳрон (3,5 ҷ.ч.) ба чоп расонд. Бо пешгуфтору тавзеҳоти олим рисолаи Муҳаммадалии Балҷувонӣ «Таърихи нофеъӣ» (Душанбе, 7,8 ҷ.ч.) ба дасти хонандагон ва мутахассисони соҳа расид. Ҳамчунин таълифоти худи олим «Хушнавис Мирҳусайн Ҳусайни Истравшанӣ (Душанбе, 2,25 ҷ.ч.), «Балхи охири асри миёна» ва боз чандин мақолоти илмии олим рӯи чоп диданд. Ҳамин сол китоби дарсии А.Саидов ва Қ. Махсумов «Худомӯзии забони арабӣ» бо забони тоҷикӣ ва чандин мақолаҳои Ю.С.Мальтсев, Л.Н.Додхудоева, Ш.Юсупов, ки аз рӯи нақшаи шӯъба таълиф шудаанд, ба табъ расиданд[16].

Соли 1995, мисли солҳои пешин фаъолияти намунавии академик А.Мухторов идома ёфт. Ҳамин сол рисолаҳои олим «Ҳисор. Очерки таърихӣ (охири асри XV – ибтидои асри XX)» ва «Ҳокимони Ҳисор» аз нашр бароварда шуданд. Ба замми ин А.Мухторов ва Ю.С.Мальтсев 6 мақолаи илмӣ ба чоп расонда, бештар аз 10 мақола ба нашрияҳои гуногун супоридаанд[17].

Аз дастовардҳои илмии шӯъба дар соли 1996 ёдовар шуда, қайд кардан ҷоиз аст, ки назаррастарин таълифот рисолаи Б.Искандаров «Таърихи Помир», таҳқиқоти А.Мухторов «Ҳокимони Ҳисор», «Таърихи Ӯротеппа (асрҳои XVI – ибтидои XX)», «Ҳокимони Ӯротеппа (асрҳои XV – XIX)» ҳисоб меёбанд. Дар ин радиф аз китобчаи Ю.С.Мальтсев «Занҳо дар ҷомеаи муосир» ва панҷ мақолаи дигари онро, ки дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд дар назар бояд дошт[18].

Охири соли 1996 вазифаи мудирии шӯъбаи таърихи асрҳои миёна ва навро ба зиммаи Х.Пирумшоев гузошта, ҳамзамон онро расман Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав номгузорӣ намуданд. Ходимони илмӣ фаъолияти худро аз рӯи мавзӯи умумии қаблан тасдиқшуда, «Таърихи халқи тоҷик. Қонуниятҳои умумӣ ва хусусиятҳои хоси раванди таърих (кадим, асрҳои миёна ва нав)» идома дода, диққати худро асосан ба фаслҳои: 1) «Таърихи қадимтарин ва қадими халқи тоҷик», 2) «Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёнаи давраҳои асримиёнагӣ ва нав» равона карданд. Дар ин давра шӯъба 15 кормандонро дар бар мегирифт, ки ҳар кадом аз рӯи нақшаи муайян фаъолияти касбии худро идома медод. Ба мушкилоти сустии пойгоҳи моддии шӯъба нигоҳ накарда, ходимони илмӣ дар доираи мавзӯҳои нақшавӣ ва берун аз он бештар аз 20 номгӯй корҳоро ба чоп расонданд. Дар байни онҳо кори академик А.Мухторов «Амирону вазирони Сомониён» ҷолибияти хосса дорад.

Аз рӯи ҷамъбасти корҳои ба табъ расида, аз ҷиҳати самаранокӣ бартарии соли 1998 бештар ба назар мерасид. Дар байни таълифоти ин сол рисолаи Ҳ.Пирумшоев «Таърихи омӯзиши Шӯриши Восеъ» ва маҷмӯаи илмии «Русия дар қисмати таърихии халқи тоҷик» хеле ҷолиб буданд. Ҳамчунин аз падидаҳои илмии шӯъба таълифоти А.Мухторов «Асрори номаҳо», «Академик Бобоҷон Ғафуров», «Таърихи халқи тоҷик» (китоби дарсӣ барои синфҳои 8-10), «Таърихи Ӯротеппа» ва рисолаи С. Бобомуллоев «Болооби Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод», ҳисоб меёбанд.

Соли 1999 ба ҷуз корҳои нақшавӣ, ки асосан бобҳои ҷудогонаи ҷилди IV «Таърихи халқи тоҷик»-ро дар бар мегирифтанд, ходимони шӯъба 27 таълифоти муҳимро ба нашр расонданд, ки дар байни онҳо се рисолаи А.Мухторов «Таърихи Ӯротеппа», «Ҳисор. Очерки таърихӣ» ва «Мероси ниёгон. Очерки таърихӣ» қимати баланди илмиро соҳибанд.

Соли 2000-ум ба ғайр аз мавзӯъҳои нақшавӣ, ки пурра ба иҷро расида буданд, ходимони шӯъба чанд таълифоти илмӣ ва илмӣ-оммавиро ба аҷом расондаву рӯи чоп оварданд, ки дар байни онҳо китоби А.Мухторов «Санг ҳам диле дорад» ва рисолаи Ҳ.Пирумшоев «Муносибатҳои Русия ва Осиёи Миёна асрҳои XVI – миёнаи XIX дар таърихнигории рус», очеркҳои илмӣ-оммавии ҳамин муаллиф «Замини мардхез» ва «Ҷовидон дар ёдҳо» чун нишондиҳандаи ҷиддии дастоварди илмии шӯъба ҳисоб меёбанд.

Дар панҷсолаи аввали асри XXI дар шӯъба кор аз рӯи нақша ҷараён гирифта, дар марказ ҷилди IV-ми «Таърихи халқи тоҷик» қарор дошт. Ҳамаи маҳсули илмии (нақшавию ғайринақшавӣ) интишорёфтаи солҳои 2001-2005 180 таълифотро дар мегирад, ки аз ин нишондиҳанда 23-то рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмӣ-оммавӣ мебошанд. Дар ин қатор китобҳои Ҳ.Пирумшоев «Нахустмаркази таълими таърих ва таърихшиносӣ» (дар шарикмуаллифӣ), «Ванҷ (очерки илмӣ-оммавӣ)», «Кашшофи нақди таърих», «История города Душанбе» (дар шарикмуалифӣ), «Таърихи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон» –ҷилди I (дар ҳаммуаллифӣ) ва ғайра ба дасти мутахассисон ва хонандагон расида, баҳои муносиб гирифтанд.

Чунин тадқиқоти ҷолиби дар ин давра интишорёфтаи академик Аҳрор Мухторов «Аз таърихи Мовароуннаҳри асри XVI», «Мақоми Истравшаниҳо дар тамаддуни башар», «Мукотибот, ёддошт, мушоҳидот», «Шаҳрҳои Афғонистон сӣ сол қабл», «Зуфархон Ҷавҳарӣ. Андешаи муаррих», «Тавсифномаи умумии шаҳри Балх дар асрҳои миёна», «Афшин Ҳайдар – сарлашкари бузургтарини арабҳо (асри IX)» дар таърихнигории муосири ватанӣ мақоми хосса гирифтаанд.

Ходими пешбари илмӣ Лариса Додхудоева ин панҷсоларо бо натиҷаи чашмрас ҷамъбаст намуд. Ба ғайр аз мақолоти сершумор рисолаҳои ба чоп расондаи ӯ «Маданияти ороиши китобҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустони асрҳои XVI –XIX», «Пешсафӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ дар замони қадим ва асрҳои миёна», китоб-мусаввараҳои «Истаравшан», «Ирам» натиҷаи баланди заҳмати бобарори ин олим ҳисоб меёбанд. Ба қатори таълифоти ҷолиби ин давра китобҳои ходими пешбари илмӣ Ҳамза Камол «Аз таърихи мазорҳои Тоҷикистони Шимолӣ», «Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифӣ), ва рисолаи ходими хурди илмӣ Н.Хоҷаева «Дарёфти ҷойгиршавии кӯҳҳои Хара Березаити, дарёҳои Вахви-Дат, Ранха ва баҳри Ворукаша» низ ворид мегарданд.

Ҳамин тариқ дар солҳои 2001– 2005 ходимони илмии шӯъба дар иҷрои нақшаи корӣ ва таълифоти ғайринақшавӣ саҳми босазо гузоштанд. Ҳар як китобу ҷузвияҳо ва мақолаҳои сершумори муаллифони номбурда, ки ба масоили гуногун бахшида шудаанд, аз аҳамияти илмӣ – назариявӣ холӣ набуда, маҷмӯъан дар таърихнигории муосир нақши барҷаста гузоштанд.

Дар нимаи дуввуми даҳсолаи аввали асри XXI (2006–2010) қувваи асосии ходимони илмии шӯъба барои ба чоп тайёр намудани ҷилди IV ва навиштани ҷилди III-ми «Таърихи халқи тоҷик», ки бо сабабҳои объективӣ ба анҷом нарасида буданд, равона карда шуд. Дар баробари чунин масъулияти ҷиддӣ, бо заҳмати онҳо теъдоди зиёди рисолаҳои илмӣ, китобҳои илмӣ – оммавӣ ва мақолот рӯи чоп омадааст. Боиси хурсандист, ки дар ин давраи нисбатан кӯтоҳ ба сафи докторони илм Абдуқаҳҳор Саидов ва Ҳамза Камол ворид гардида, иқтидори таҳқиқотию таълифотии шӯъбаро афзуданд.

Аз дастовардҳои илмии ин давра нашр шудани таълифоти академик Аҳрор Мухторов «Афшин Ҳайдари Уструшанӣ – сарлашкари бузургтарини Халифати араб», «Авроқи рангини таърих», ба чоп тайёр намудану нашри асарҳои Муҳаммадали писари Муҳаммадсаиди Балҷувонӣ «Таърихи нофеъӣ», Муҳаммадҳакимхон «Мунтахаб ат-таворих» дар ду ҷилд (бо сарсухан ва тавзеҳоти олим) маҳсуб мешаванд.

Бо изҳори таассуф бояд қайд кард, ки китобҳои номбурда ва даҳҳо мақолаҳои илмии солҳои 2006-2007 ба чоп расондаи академик А. Мухторов, охирин таълифоти нашрии давраи дар қайди ҳаёт будани ин муаррихи барҷастаи миллат, ки ҳаёту фаъолияти беш аз нимасраи худро барои рушду нумӯи илми таърихи ҷумҳурӣ сарф намудааст, ҳисоб меёбанд.

Дар солҳои 2006-2010 мудири шӯъбаи номбурда, Ҳ. Пирумшоев чандин китобу ҷузвияҳо аз ҷумла «Фаъолияти Асотсиатсияи ҷумҳуриявии муаллимони таърих, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ аз рӯи амалӣ сохтани лоиҳаи «Модернизатсияи таълим» дар солҳои 2005-2007», «Таърихи Дарвоз (аз қадим то замони муосир)», ҷилди дуюми «Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои факултетҳои таърихи макотиби олии ҷумҳурӣ» (дар шарикмуаллифӣ), «Русия-Тоҷикистон: таърихи муносибатҳои тарафайн» (дар ҳаммуаллифӣ) ва ғайраро рӯи чоп овард.

Ходими пешбари шӯъба, доктори илмҳои таърих А.Саидов ин панҷсоларо бо нишондиҳандаҳои ҷолиб ҷамъбаст намуд. Таҳқиқоти ӯ «Вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии хонигарии Бухоро дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», «Таърихи сиёсии хонигарии Бухоро дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», «Фарҳанги маънавӣ ва моддии халқи тоҷик дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», аз камолоти баланди илмиаш шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар ин давра бо заҳмати ин олим «Худомӯзии забони арабӣ» (барориши дуюм ва сеюм, дар ҳаммуаллифӣ), «Ишораҳо ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой», китоби аҳамияти маъхазӣ доштаи Ҷамол ал-Қаршӣ «Мулҳакот ас-Сурах» ба забони русӣ тарҷума ва бо пешгуфтору тавзеҳоти мукаммал ба чоп расиданд.

Ходими пешбари илмии шӯъба, доктори илмҳои таърих, Хамза Камол дар ин давра рисолаи ниҳоят ҷолиб – «Таърихи сиёсии Мовароуннаҳр дар асри XVI» ва дар ҳаммуаллифӣ «Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон»-ро рӯи чоп овард.

Ходими илмии шӯъба, доктори илмҳои таърих С.Бобомуллоев дар ин панҷсола рисолаҳои «Аз таърихи тадқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ», «Таъсисёбии Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар солҳои 40-50-ум», «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистони Ҷанубӣ (асрҳои XX – ибтидои XXI»-ро ба табъ расонд, ки аз саҳми назарраси ӯ дар фаъолияти илмии ин давраи шӯъба гувоҳӣ медиҳад.

Дастоварди муҳимтарини шӯъба дар ин солҳо ба чоп расидани ҷилди IV-ми «Таърихи халқи тоҷик» ва анҷоми ёфтани таълифоти ҷилди III-ми он ҳисоб меёбад. Хусусияти тафовутии ин тадқиқоти бунёди аз нашри қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки мӯҳтавои марказиро мақоми худи тоҷикон, чи тавре унвони ин китоби биёрҷилда талаб мекунад, ишғол менамояд.

Хусусияти дигар ва муҳими фарқкунандаи ин ҷилдҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар асоси пойгоҳи маъхазии хеле қавӣ, ки муаллифон аз назари танқидӣ воқеъбинона мавриди таҳлил қарор дода, манобеи ниҳоят зиёдеро, ки аз навиштаҳои муаллифони асримиёнагии шоҳиди воқеаҳо бармеояд, ба доираи таҳлили воқеан илмӣ кашидаанд. Дар ҷараёни таълифи ин ҷилдҳо муаллифон то ҷое мантиқи кор талаб мекунад, манбаъҳои хаттӣ ва адабиёти дар давраҳои гуногун, то замони муосир (соли 2012) таълифшударо мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Дастовардҳои ин панҷсоларо (2006-2010) бо овардани чунин далелҳо ҷамъбаст намудан аз рӯи мантиқ аст. Дар ин давра ходимони илмии шӯъба 25 китоб, 4 ҷузвия (брошюра), 224 мақолаҳои илмию илмӣ оммавӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ, Ахбороти АИ ҶТ, маҷаллаю рӯзномаҳо нашршударо пешкаши мутахассисон ва доираи васеи хонандагон гардонданд.

Аз камолоти илмии ходимони шӯъба чунин далел шаҳодат медиҳад, ки фақат соли 2007 кормандон Абдуқаҳҳор Саидов дар мавзӯи «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии хонигарии Бухоро дар асрҳои XVII – нимаи аввали XVIII», Хамзахон Камолов дар мавзӯи «Таърихи ҳуҷуми қабилаҳои кӯчии Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна (асри XVI)» рисолаи докторӣ, Сулаймоншо Ғуломшоев дар мавзӯи «Таърихи корҳои китобдорӣ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Дар ин радиф хурсандиовар аст, ки дар ибтидои соли 2011 дигар ходими илмии шӯъба Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон Ҷанубӣ (асрҳои XX – ибтидои XXI)» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба ин унвони олии илмӣ соҳиб гардид.

Дар назди шӯъба Китобхонаи А.А.Семёнов, ки ҷамъи (коллексия) китобҳои нодир, аз ҷумла, дастнависҳои асримиёнагӣ ва дастхатҳои то кунун интишор нашудаи ин олим – шарқшиноси барҷастаро дар бар мегирад, фаъолият мекунад. Дар оянда бо ҷалби олимони маъхазшинос ба чоп тайёр намудани дастнависҳои нодири ин китобхона ва худи меросӣ олим, дар назар дошта шудааст. Ба ин қатор таълифоти то инқилоб интишорёфтаи олимону сайёҳони рус, ки дар асоси мушоҳидаҳои бевоситаи худ дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ навиштаю дар шакли китобу мақолаҳо рӯи чоп дидаанд, дохил мешаванд. Ин мероси гаронбаҳоро ба хизмати наслҳои оянда гузоштан, яке аз вазифаҳои касбии ходимони илмии шӯъба ҳисоб меёбад.

Дар назди шӯъба инчунин бойгонии ҳуҷҷатҳои ниҳоят камназири Институти таърих (ба истиснои ҳуҷҷатҳои характери мардумшиносӣ дошта), ки дар тамоми давраҳои фаъолияти он ҷамъоварӣ шудаанд ва теъдодашон ба 8 ҳазор мерасад, нигоҳ дошта мешаванд. Маводи маъхазии дар ин бойгонӣ маҳфузбуда, ба сифати манбаи боэътимод барои омӯзиши давраҳои асримиёнагӣ ва нави минтақа хизмат карда метавонад. Ин хазинаи бебаҳо низ ба нигаҳдошту ворид намудан ба системаи электронӣ ва ба ин васила дастраси доираи васеи мутахассисони кунунию наслҳои оянда гардондан, ниёз дорад. Анҷоми ин зарурат низ дар мадди назари ходимони илмии шӯъба қарор гирифтааст.

Барои дуруст ва самаранок пеш бурдани кор дар ин самтҳо зарурати мустаҳкам намудани пойгоҳи техникӣ ва тахассусӣ пеш меояд. Алҳол дар шӯъба 4 доктор, 3 номзадҳои илм ва ду лаборантҳои калон фаъолият мекунанд. Муҳаққиқин бо олимони шинохтаи мактабҳои олӣ ва мутахассисони соҳавии хориҷӣ ҳамкории муфиди илмиро нигоҳ дошта, барои рушди он талош меварзанд.

Роҳбарияти Институт дар ояндаи наздик барои қавитар гардондани иқтидори илмӣ ва пойгоҳи техникии шӯъба, амалӣ намудани баъзе чораҷӯиҳоро дар ин самт дар назар дорад. Аз рӯи барномаи дурнамои Институт, дар назди шӯъба таъсис додани сектори маъхазшиносӣ ё гурӯҳи кории мутахассисони маъхазшинос, ки ба зиммаи онҳо тарҷума, баргардонӣ бо хатти кириллӣ ва ба чоп тайёр намудани маъхазҳои муҳими барои омӯзиши ин ё он давраи таърихи халқи тоҷик зарур гузошта мешавад, ба нақша гирифта шудааст.

Табиист, ки дар доираи як очерки мухтасари таърихнигорӣ ҳамаи самтҳои фаъолияти шӯъба, аз ҷумла ҳамкорӣ бо мактабҳои олии ҷумҳурӣ, тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ, фаъолияти таҳририи ходимон, тарғиби дастовардҳои илмӣ аз минбарҳои симпозиуму конфронсҳои сатҳи гуногун ва ғайраро ҳадафи таҳлили ҷиддӣ қарор додан номумкин аст. Бешубҳа дастовардҳои илмии шӯъба метавонанд дар маърази таҳқиқоти хосаю ҷиддии таърихнигорӣ қарор ёбанд, чунки бе омӯзиши пурраи фаъолияти он, раванди ташаккул ва рушди илми таърихи ҷумҳурӣ, инчунин таърихнигории минтақаи Осиёи миёнаро воқеъбинона муайян кардан номумкин аст.

 

 

[1] Бойгонии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Донишш, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Бойгонии ИТБМ АИ ҶТ). – Ф.2. – Оп.2. – Бастаи нигаҳдошт – № 200. – В.1.

[2] Бойгонии ИТБМ АИ ҶТ – Ф.2. – Оп.2. – Бастаи нигаҳдошт (дарт оянда Б.Н.) № 12. – Парв. № 116 (Ҳисобот доир ба корҳои илмӣ-тадқиқотии Институти търих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва секторҳои он). – В.7-10.

[3] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – Б.18. – Парв. № 200. (Ҳисоботи Институт). – В. 1-2.

[4] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – Б.18. – Парв. № 200. – В. 69-70, 79.

[5] Ҳамон ҷо. – Б. 20. – П. № 224. – (Ҳисоботи Институт ва секторҳо барои с. 1956). – В. 6-10, 44.

[6] Дар оянда, ҳангоми нашри ин таҳқиқоти бунёдӣ, қарор дода шуд, ки он дар се ҷилду панҷ китоб интишор шавад. – М.: Издательство Восточной литературы, 1963-1965.

[7] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – Б.18. – Парв. № 200. – В. 69-70, 79. – Б.22.– П. № 254 (Ҳисобот Институт ва секторҳо соли 1958). – В.68.

[8] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – П. №.357 (Ҳисоботи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Институт ва секторҳои он барои с. 1960). – В.7.

[9] Ҳамон ҷо. – В.60.

[10] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – П.377. (Ҳисоботи Институт ва секторҳои он барои с. 1961). – В.61.

[11] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – П.392. (Ҳисоботи Институт ва секторҳои он барои с. 1964 – 1965). – В.208-209.

[12] Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – П.404. (Ҳисоботи Институт ва секторҳои он барои с. 1966). – В.11-12.

[13] Бойгонии ҷории ИТБМ АИ ҶТ (Ҳисоботи корҳоиилми-тадқиқотии Институт барои с. 1977). – В.20-21.

[14] Бойгонии ҷории ИТБМ АИ ҶТ (Ҳисоботи корҳои илми-тадқиқотии Институт барои с. 1978). – В.8-10.

[15] Бойгонии ҷории ИТБМ АИ ҶТ (Ҳисоботи корҳои илми-тадқиқотии Институт барои с. 1993). – В.1-9.

[16] Дар ҳамон ҷо. Ҳисоботи шӯъба барои соли 1994.

[17] Ҳамон ҷо. Ҳисоботи шӯъба барои соли 1995.

[18] Ҳамон ҷо. Ҳисоботи шӯъба барои соли 1996.