Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.

  Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 23 ноябри соли 2021, дар маҷлисгоҳи АМИТ Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҳоҷӣ Абдулазиз ва анъанаҳои бадеии шеърию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ», бахшида ба 170 солагии устоди бузурги мусиқии тоҷику ӯзбек Ҳоҷӣ Абдулазиз баргузор гардид.

  Бо ташаббуси Шуъбаи этнология ва антропологияи таърихӣ ва Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи  19 ноябри соли 2021, намоиш ва конференсияи байналмилалии илмӣ ба ифтиори 40 –солагии таъсисёбии Осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С.Андреев баргузор гардид.

  11 ноябр зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.