Ҳоли ҳозир дар санаи 11.10.2021 дар маҷлисгоҳи Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки бостоншиносони хориҷӣ (Русия, Дания, Эрон, Маҷористон ва ғайра) Мизгирди таҳқиқӣ бо унвони "Мушкилиҳои гоҳшуморӣ ва муҳити сукунати инсони қадим дар Ховари Марказӣ" баргузор шуд. Ҳамоиши мазкур тибқи лоиҳаи байнулмилалии THOCA роҳандозӣ шуда, муҳаққиқин аз хориҷ ва дохили кишвар ҷиҳати таъин ва эълон намудани таърихи сукунати инсони қадим дар мавзеъҳои аҳди бостонии Ховалинги имрӯза маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.   Тибқи баррасиҳои бостоншиносон дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи имрӯзаи Ховалинг чун Кӯлдара, Лоҳутӣ, Чашмнигор ва дигар ҳанӯз як миллёну сад ҳазор сол муқаддам инсонҳои аҳди бостон сукунат доштанд. Раҳбари лоиҳаи мазкур олиҷаноб Ян Питер Буллард (Донишгоҳи техникии Дания) ва муовини ӯ Раҷеп Қурбонов (Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов) ин андешаро таъкид намуда, зимни суханрониашон таърихи беш аз 1 000 000 солаи ноҳияи Ховалингро исбот намуданд. Фарҳод Ҳормалӣ (Эрон) ҷиҳати омӯзиши нигораҳои бостонӣ барои тармими иқлими аҳди қадим суханронӣ кард. Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Убайдулло Насрулло зимни баёни андеша иброз намуд, ки ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеъоти гуногуни ноҳияи Ховалинг ҳануз дар замони Шӯравӣ сурат гирифта, таърихи беш аз як миллёнаи он исбот гардида буд.
Возможно, это изображение (7 человек и люди стоят)
  Ноиби президенти АМИТ, Абдусаттор Саидов ҳангоми ифтитоҳи мизгирди мазкур мутазаккир шуд, ки кушодашавии Озмоишгоҳи бостоншиносии муштарак байни Тоҷикистону Русия дар илми ватанӣ рухдоди таърихӣ маҳсуб мешавад.
 Сардори шуъбаи бостоншиносии Институти мазкур Нуриддин Сайфуллоев зимни баррасии мавзӯи Барнома иқрор кард, ки ҳануз академик Ранов 11 қабати хоки Кӯлдараро таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки ин мавзеъ макон ва бошишгоҳи одамони ҷамъияти ибтидоӣ мебошад. Тибқи маълумоти Нуриддин Сайфуллоев, хоки мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалингро муҳаққиқин аз Олмону Шведсария ба Аврупо бурда, онҷо таҳқиқ намуданд ва хулосаи онҳо пас аз омӯзишу озмоиш ин аст, ки макони сукунати мавзеъ беш аз 1 000 000 сол таърих доштааст. Ҳамчунин, номбурда мутазаккир шуд, ки агар Ховалинг дар Осиёи Марказӣ қадимтарин бошишгоҳи инсони бостон бошад, пас дар дунё қадимтарин мавзеъҳои сукунати инсони қадим Африқо буда, таърихи сукунати инсон дар қитъаи мазкур беш аз 2 000 000 сол маҳсуб мешавад.
Возможно, это изображение (8 человек, в том числе Mashrabi Abdulloh, люди сидят и люди стоят)