Алҳол, (29.10.2021) дар маҷлисгоҳи АМИТ бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

6.02.jpg - 153.34 KB

     Дар ҳамоиш академикҳои АМИТ, аъзои вобастаи АМИТ, докторону номзадҳои илм, инчунин, меҳмонон аз вазорату муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.
    Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири ҶТ Матлубаи Сатториён ҷашни 70 - солагиро рӯхдоди таърихӣ ном бурда, олимонро бо ин санаи хотирмон табрику таҳният гуфт.
6.03.jpg - 158.78 KB
    Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди илмҳои академӣ қайд намуда, хотирнишон сохт, ки ду қаҳрамони кишвар академик Бобоҷон Ғафуров ва поягузори адабиёти ҷадиди тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар марҳалаи нахустини фаъолият бо олимони АМИТ буданд ва саҳми онҳо дар густариши илмҳои табиатшиносии ватанӣ бағоят бузург баррасӣ мешавад. Ҳамчунин, Фарҳод Раҳимӣ вазъи имрӯзаи илмро дар мамлакат баррасӣ карда, таъкид намуд, ки олимони АМИТ дар тарвиҷи ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури техникӣ саҳми камназир доранд ва месазад, ки даргоҳи илмро мавзеи рушду тараққӣ номгузорӣ кунем.
     Дар анҷоми ҳамоиш ба собиқадорони илми академӣ ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ба фаъолони илм ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
 
6.01.jpg - 274.04 KB
   
   Ҷашни илм барои афроди илмпеша идома дорад, чунки дар ҷомеаҳои тавсеаёфта таваҷҷуҳ ба илм ва тавассути уламо баррасӣ кардани мушкилиҳо ба расмият даромада, қишри судмандтарини ҷомеаро аз ҳисоби илмпешагон тахассус додаанд ва гумон меравад, ки бинобар таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба вазъи илм кишвари мо аз лиҳози давлатсозӣ ва фановарӣ минбаъд рушд хоҳад кард.