Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло ва котиби  масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон шомиланд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ мекунад.

  Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канорӣ дар ҳошияи он бо инобати таҷлили 75-умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО, новобаста аз давраи мушкили марбут ба ҳамагирии сирояти коронавирус дар ҷаҳон ва минтақа беш аз 25 сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони баландмақоми кишварҳои ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид.

  9 ноябр, дар рӯзи аввали Конфронси генералии навбатӣ ифтитоҳи он аз ҷониби Президенти муваққатии Конфронс (Президенти иҷлоси 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷаноби Аҳмет Алтай Ҷенгизер) сурат гирифта, Президенти  Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле дар аввали иҷлос суханронӣ карданд. Сипас, Намояндаи доимии Бразилия дар ЮНЕСКО ҷаноби Сантияго Ирасабал Мурао ба мансаби Президенти 41-умин Конфронси генералӣ интихоб гардида, инчунин интихоботи ноибҳои Президенти нави Конфронси генералии ЮНЕСКО, раисон, ноибони раис ва гузоришгарони комиссияҳо ва кумитаҳо доир карда шуданд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи Мудири кулли ЮНЕСКО дар бораи фаъолияти Созмон дар солҳои 2018-2020 шунида шуд.

Бояд зикр кард, ки нимаи дуюми рӯзи 9 ноябр дар натиҷаи интихобот хонум Одрӣ Азуле ба ҳайси Мудири кулли ЮНЕСКО барои муҳлати дуюми ваколаташ таъйин гардида, дар пайи интихобот Президенти Шӯрои иҷроия ва Мудири кулли ЮНЕСКО ба мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ ҷиҳати ироаи суханрониҳои роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж то санаи 24 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок дорад | АМИТ "Ховар" (khovar.tj)