11 ноябр зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Ин ёдгории нодир соли 2009 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин  маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

ДАР АКС: дастпона аз Ганҷинаи Амударё (Осорхонаи Бритония)

Осорхонаи Британия (аз моҳи июни соли 2007 дар ҳуҷраи 52) Ганҷинаи Амударёро намоиш медиҳад. Ин маҷмӯа аз 170 осори қадимаи тиллоӣ ва нуқрагии давраи Ҳахоманишҳо (558-330 то милод) иборат мебошад, ки соли 1877 дар маҳалли бостонии Тахти Сангин дар соҳили дарёи Аму дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ёфт шудааст. Дар коллексия 1300 танга, зарфҳо, пайкарчаҳо, дастпонаҳо, медалҳо, лавҳаҳои ёдгорӣ, ганҷҳои бошукӯҳ мавҷуданд.

ДАР АКС: нусхаи тиллоии аробаи ҷангӣ аз Ганҷинаи Амударё (Осорхонаи Британия)

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  боздид аз  Тахти Сангин дар ноҳияи Кубодиён ба олимон супориш доданд, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ин нусхаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

ДАР АКС: Нусхаи ҳайкалчаи нуқрагини 29,2см, 1831 грамм

Тавре АМИТ «Ховар» моҳи октябри соли 2020 иттилоъ дод, дар ҳафриёти навбатӣ дар шаҳристони Тахти Сангин аз ҷониби гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозёфтҳои хеле нодир, ба мисли гӯшвораи тиллоӣ, тангаҳои давраи Юнону Бохтар ва сафолпораҳо пайдо гардиданд.

Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудаанд. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тӯлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ ва хориҷӣ омӯхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.

Асосан ковишҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта, солҳои 1976-1991 гурӯҳи Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ бо роҳбарии академик Б. Литвинский ва И. Пичикян ва аз соли 1998 бостоншиносони Институти таърих зери роҳбарии А. Дружинина  дар ин мавзеъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида буданд.

Таваҷҷуҳи олимонро асосан маъбади оташ бо дарозӣ ва паҳноии 51х51 м., биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва анбор,  толори сафеди мураббаи андозааш 12х12 м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м., оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки  дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб намуданд.

Тахти Сангин ёдгории чандқабата буда, қабати қадимаи он ба асрҳои VI –V то мелод рост меояд, сохтмони маъбади оташ ва дигар биноҳо ба асри  IV то мелод мансубанд, ки то асрҳои III — IV мелодӣ тармиму таъмир ёфтаанд.

Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд.

     
ДАР АКСҲО: бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик

Қисми зиёди бозёфтҳоро ашёи аз фулузот (тилло, нуқра, биринҷӣ, оҳан), оҷ ва устухони муқаррарӣ, шохи ҳайвонот, гаҷ, гили пухта ва хом, санг ва шиша сохташуда ташкил медиҳанд. Яроқу аслиҳа, ба мисли пайкон, найза, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра хеле зиёд дарёфт шудаанд.  Баъзе аз ашёи ороишӣ ва ҳатто ҳайкалҳо аз нуқра ва биринҷӣ сохта шуда буданд.

Тиллоро барои сохтани зебу зиннат, тоҷ, ришта ва абраи либос истифода мебурданд. Инчунин бисёре аз ҳайкалҳоро оби тилло медавониданд. Маҷмӯаи ашёи аз оҷ (устухони фил) сохташуда бисёр ва гуногунанд – инҳо ашёи рӯзгор даста ва ғилофи яроқҳо, ашёи ороишӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Ашёи аз оҷ сохташударо бо кандакории тасвирҳои гуногун оро медоданд. Қисми асосии ҳайкалҳо аз гаҷ ё гил сохта шуда, бо рангҳои гуногун мунаққаш шудаанд. Дар ороиши маъбад аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои ороишӣ  ба таври васеъ истифода бурдаанд.

Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

https://khovar.tj/2021/11/habari-hush-nomina-oi-2500-solagii-sha-raki-adimai-tahti-sangin-va-1050-solagii-aburaj-oni-berun-ba-fe-risti-ashnvora-oi-yunesko-baroi-sol-oi-2022-2023-shomil-gardidand/