Бо ташаббуси Шуъбаи этнология ва антропологияи таърихӣ ва Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи  19 ноябри соли 2021, намоиш ва конференсияи байналмилалии илмӣ ба ифтиори 40 –солагии таъсисёбии Осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С.Андреев баргузор гардид.

  Дар оғоз маросими ифтитоњи намоиш багузор шуд, ки дар он сафири Федерасия Россия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов суханронӣ намуда,   сањми М.С.Андреевро дар ташаккули илми мардумшиносии тоҷик таъкид намуд. Дар намоиш бештар нигорањое мавриди тамошо ќарор доштанд, ки М.С.Андреев шахсан аз гўшаву канори Тоҷикистон ҷамъоварӣ намудааст.

  Сипас конференсияи байналмилалӣ ба кор оғоз намуд. Дар он директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Убайдулло Насрулло Каримзода бо сухани ифтитоњӣ баромад намуда, саҳми мардумшиносони тоҷикро дар рушди таърихшиносии миллат таъкид намуд.

  Дар идомаи конференсия олимону муњаќќиќони таърихшинос бо маърузањои илмӣ баромад намуданд.

  Мақсад аз баргузории конференсия дурбини тадқиқоти илмӣ ва муҳокимаи масъалаҳои этнология ва осорхонашиносӣ дар Тоҷикистон дар даврони истиқлолият буд.