Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 23 ноябри соли 2021, дар маҷлисгоҳи АМИТ Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҳоҷӣ Абдулазиз ва анъанаҳои бадеии шеърию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ», бахшида ба 170 солагии устоди бузурги мусиқии тоҷику ӯзбек Ҳоҷӣ Абдулазиз баргузор гардид.

  Дар ин ҳамоиши байналмилалии илмию ҳунарӣ масоили мубрами фарҳангву мусиқӣ мавриди баррасӣ гардиданд.

  Симпозиуми байналмилалиро бо сухани муқаддимавӣ  директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Убайдулло Насрулло Каримзода  оғоз  намуд.

  Дар бахши аввал бештар масоили: назари нави таҳқиқӣ ба вазъи мусиқӣ (дар ҳавзаҳои фарҳангии Мовароуннаҳру Бухоро, Самарқанд, Тошканд, водии Ҳисор, хонигариҳои Хуқанду  Хева), омузиши мусиқӣ ва идомаи анъанаи устодонаи  шоир –мутриб ва мутриб-шоир дар асри ХIХ ва оғози асри ХХ, тавсифу баррасии масоили мусиқӣ (сарчашмаҳои хаттии мусиқӣ – дар мисоли «Шашмақом»), анъанаи рисола-баёзнигории мусиқӣ («Шашмақом»), вазъи омӯзиши он дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва амсоли ин натиҷагирӣ гардиданд.

  Дар бахши дувум таваҷҷӯҳ ба масоили анъанаҳои эҷодию  иҷроии мусиқӣ  дар ҳавзаи ҳунарии Мовароуннаҳри садаҳои ХIХ ва оғози садаи ХХ, жанру шаклҳои  шеърию мусиқӣ, мактабу маҳфилҳо, фаъолияти омӯзишӣ,  анъана ва меросбарии  мусиқӣ ва ғайра зоҳир шуд.

  Дар бахши савум масъалаҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз - меросбар, эҷодгар ва иҷрогари беназир, Ҳоҷӣ Абдулазиз тарғибгари эҷодиёти бадеии тоҷику ӯзбек, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва  иртиботи ӯ ба ҳавзаҳои эҷодию иҷроӣ (Бухоро, Тошканд, водии Зарафшону Ҳисор ва ғ.), саҳми Ҳоҷӣ Абдулазиз дар маорифи мусиқии тоҷику ӯзбек, ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

  Дар кори Симпозиуми муҳаққиқони тоҷику ӯзбек ва фаронсавӣ доир ба замон, мероси камназири мусиқии ин симои бузург  ибрози назар намуда, дар барномаи ҳунарӣ аз осори безаволи мусиқӣ дар иҷрои номоварони мусиқии тоҷику ӯзбек суханронӣ намуданд.