Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА бахшида ба Рӯзи  Парчами миллӣ.

Ҳамдиёрони арҷманд!

  Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад. Аз ин рў, Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз ҷумлаи иду ҷашнҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, бо камоли эҳтиром тамоми сокинони ҷумњуриро ба муносибати ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ аз номи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ва шахсан аз номи худам табрик гуфта, бароятон саломатию саодати зиндагӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

  Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, парчамбардори созандагию бунёдкорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад».

  Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

  Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”.

  Имсол таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба айёме рост омадааст, ки то ҳанӯз дар кишвари маҳбубамон тантанаҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами шарафу ифтихор ва созандагию бунёдкориро баланд бардошта, барои фардои дурахшон аз сидқи дил заҳмат кашида истодааст. Аз ин рӯ, мову шуморо лозим аст, ки ҳар лаҳза бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатию дастовардҳои замони Истиқлолият, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллиро ба ҷой оварем. Фарзандону пайвандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намоем. Ватани маҳбуби худро сидқан дӯст дорем ва дар пешрафту шукуфоии он саҳми шоиста гузорем.

  Фарорасии Рӯзи Парчами миллиро бори дигар ба ҳамаи шумо –ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон тамоми хушињои зиндагиро орзу менамоям.

  Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!

  Рӯзи Парчами миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!