Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 07 декабри соли 2021  натиҷаи ковишҳои бостоншиносии соли 2021 баррасӣ  гардид.

  Дар оғоз мудири шуъбаи бостоншиносии Институт Сайфуллоев Н. аз натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории шаҳраки Лағмони (золи-зард) ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маълумот дод.

  Сипас бостоншиноси фаронсавӣ Матилда Жлен ва бостоншиносони тоҷик Ю. Ёқубов, С. Бобомуллоев, Н. Худойдодова, Т. Хуҷагелдиев, Т. Филимонова ва А. Пулодов аз натиҷаҳои ҳафриёти хеш дар ноҳияҳои Балҷувон, Дарвоз, Панҷакент, Фархор, Кангуртут  Ховалинг, Шаҳритус ва Данғарав маълумот доданд.