Тахти Сангин – шаҳраке (3000х100–450 м) мебошад, ки дар маҳалли  резишгоҳи  дарёҳои  Вахшу  Панҷ  (н.Қубодиён, вилояти  Хатлон)  ҷойгир  шуда,  аз  арки  истеҳкомёфта  ва маҳалли  шаҳрнишин  иборат  аст.  Ин  шаҳрак  дар  давраҳои Ҳахоманишиён, эллинистӣ ва Кушониён арзи ҳастӣ кардааст. Дар рафти ҳафриёт дар қисми ғарбии арики шаҳрак, ки аз якчанд теппа иборат буд, иншооти мӯҳташам – «Маъбади Окс»  (мувофиқи  яке  аз  манбаъҳо  Окс  тарҷумаи  юнонии истилоҳи «Вахш» – номи бостонии дарёи Аму) таҳқиқ карда шуд.  Маъбади  Окс  яке  аз  калонтарин  иншооти  меъмории шарқӣ  ва  ёдгории  муҳимми  таъриху  фарҳанги  Осиёи Марказӣ дар миёнаҳои ҳазораи 1 пеш аз милод – ибтидои ҳазораи 1 милодӣ ба шумор меравад.