Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷамолиддин Убайдулло ва котиби  масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон шомиланд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ мекунад.

  Каталоги намоиши «Тоҷикистон  - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои Шарқи   Гимеи шаҳри Париж  13 октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ифтитоҳ гардид.  

 Ҳоли ҳозир дар санаи 11.10.2021 дар маҷлисгоҳи Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки бостоншиносони хориҷӣ (Русия, Дания, Эрон, Маҷористон ва ғайра) Мизгирди таҳқиқӣ бо унвони "Мушкилиҳои гоҳшуморӣ ва муҳити сукунати инсони қадим дар Ховари Марказӣ" баргузор шуд. Ҳамоиши мазкур тибқи лоиҳаи байнулмилалии THOCA роҳандозӣ шуда, муҳаққиқин аз хориҷ ва дохили кишвар ҷиҳати таъин ва эълон намудани таърихи сукунати инсони қадим дар мавзеъҳои аҳди бостонии Ховалинги имрӯза маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

 Дар таърихи 18.01.2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ ҷаласаи солонаи КИИ "Хирадмандон" - и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Ҷаласа бо замзамаи Суруди миллӣ оғоз шуд. Раиси КИИ "Хирадмандон", академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати фаъолияти сиёсии ин ниҳод дар соли 2020 ҳисоботи мушаххас пешниҳод намуда, зикр кард, ки яке аз муваффақиятҳои асосии ҳизб дар соли 2020 дастгирии 92 дар сади раъйдиҳандагон номзадии ҲХДТ - ро маҳсуб мешавад.