Бостоншиносони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон дар Ховалинг нишонаҳоеро пайдо кардаанд, ки осори зиндагӣ дар тақрибан як миллион сол пешро нишон медиҳад.

Ҳайати 40 нафараи бостоншиносон аз Русия, Дания, Шветсия, Олмон, Эрон, Норвегия ва Тоҷикистон се соли пеш ковишҳои худро дар Ховалинг оғоз карда буданд.

Бостоншиносон, ки рӯзи 12-уми октябр натиҷаи як бахши кори худро ҷамъбаст карданд, гуфтанд, нигора ва сангпораҳое, ки аз мавзеъҳои Кулдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг пайдо шудааст, осори зиндагӣ дар 800-900 ҳазор соли пешро нишон медиҳад.

  16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватанамон, хусусан дар рушди таърихшиносии миллӣ ва омӯзиши тамаддуни бостонии аҷдодони тоҷикон беандоза бузург аст.

  12 сентябри соли 2020  5500-солагии  шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шудааст.

  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ афзалиятро бештар ба соҳаҳои илму маориф дода, дар бораи омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба аҷдодони худ дастуру супоришҳо доданд.

  Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сайрҳои маҷозӣ ё худ экскурсияҳои вертуалии экспозитсияҳоро роҳандозӣ намудааст.