Агар ба гузаштаи куҳани мамлакат назар афканем, дар дунё сарзаминеро аз лиҳози таъриху тамаддун ба ин ҳад пурғановат пайдо карда наметавонем. Мардуми ин кишвари маҳбуб дорои мероси бузурги таърихӣ, фарҳангӣ, ҳунарҳои нодири мардумӣ, расму оини аҷдодӣ ва ҷашнҳои пурҳикмати суннатӣ мебошад. Таърих собит месозад, ки тоҷикон ҳамчун мардуми тамаддунофар дар рушди фарҳанги башарӣ аз замони бостон то имрӯз ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классикон ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик пеши назар офаридаю ҳунарҳои зебоеро ҷилва медиҳанд, ки тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро тоҷикон аз насл ба насл мерос монда, то ба замони мо расонданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим арзёби намуданд. «Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд».

Бо ташабуси Пешвоии миллат Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии тамаддунсози миллати тоҷик ба мисли Наврӯз, ва амсоли инҳо дар тӯли таърих дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии «ЮНЕСКО» ворид гардидаанд. «Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад».

Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди иқтисоди кишвар, таҳкими низоми бонкӣ ва пули миллӣ, роҳнамои сиёсат хориҷӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ, рушди босуботи саноати кишвар, рушди маорифи мамлакат, тараққиёти илм, марҳилаи сифатан нави рушди фарҳанг, саломатии мардум, рушди меҳнат ва шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, такаммули забони давлатӣ ва даҳҳо дигар ҷабҳаҳо дахл намуда, дастовардҳоро да ин бахшҳо таъкид кардаанд.

Имрӯз таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон ва варзиш корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд.

Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон махсусан ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бузург мебозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ қайд менамоянд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносии миллат мебошад. Ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурухшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Мардуми азизи Тоҷикистон Президенти маҳбубу машҳури хешро дӯст медорад ва бо имон ва эътимоди қавӣ ба ӯ такя менамояд. Пешравӣ, рушд ва тараққиёти Тоҷикистон танҳо ва танҳо ба Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият дар минтақаҳои гуногуни кишварамон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои илмӣ фарҳангӣ доир менамоянд. Аз ҷумла 2700 солагии Авесто, 2700 – солаи шаҳри Кулоб, 2500 – солагии Истарафшан, 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 1150 – солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 5500 – солагии Саразми бостон аз он дарак медиҳад, ки кишвар ободу зебо гардида, сатҳ ва дараҷаи зиндагонии мардуми Тоҷикистон боз ҳам беҳтар мегардад. Меҳнати сарҷамъонаи мардуми Тоҷикистон баракати ба худ хосеро доро мебошад. Рӯз ба рӯз, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвари азизамон рӯй ба камолот меорад. Сатҳу дараҷаи зиндагонии мардум беҳтару хубтар мегардад. Мардуми шарафманду накуноми Тоҷикистон зина ба зина майл ба камолот менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст.

Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид шуданд, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо ғояи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз карданд. Дар ҳақиқат, иброз доштани «Ман ба шумо сулҳ меорам»-и Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Роҳбари давлат заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуданд.

Баъд аз ташаккул додани низоми сиёсии идоракунӣ масъалаи таъмини субот ва эҳёи ваҳдат масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ мешуд. Дар алоқамандӣ ба ҳолати мазкур дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифта буд. Дар марҳилаи даргириҳо ва авҷи моҷароҳо дар мамлакат, инчунин, дастгирӣ ёфтани неруҳои бадхоҳ аз ҷониби манфиатдорони хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, вахдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва вахдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст.

Барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдории ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Аввалин икдоме, ки дар ин замина Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда буданд, бунёди нақбҳо ва бозсозии рохҳои мошингард ба ҳисоб мерафт. Бунёди нақбҳо ва навсозии рохҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунёди нақбу рохҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд, аз тарафи дигар заминаи муҳими таҳкими вахдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби махдуд гардидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд, бартараф шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид.

Дар мамлакат масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, инчунин, таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллат меҳвари худ қарор доданд. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардид, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуд ва ҳам| дар пешрафти соҳаи саноат мусоидат кард. Maxсусан, бунёди НБО «Роғӯн» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуданд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, дар ҳалли муаммоҳои глобалии об, гармшавии иқлим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми Тоҷикистон назаррас аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шинохти таърихӣ, таҳлили рушди фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон дар гузашта ва имрўз тавонист  тоҷиконро ба гузаштаи хеш пайванд кунад ва  дар худогоҳӣ ва ҷустуҷўҳои  таърихии миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд биёрад. Президенти кишвар ба худ ва ба ҳаммилатони хеш ҳамин мақом ва ҳиммати олиро ҳадафи кору пайкор ва  рисолати будану зистан дониста, бо асарҳои таърихии худ дар рушди давраи  навини таърихнигории миллии тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд.

 

Шуҳратҷон ҚОЗИЗОДА

Ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.