16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватанамон, хусусан дар рушди таърихшиносии миллӣ ва омӯзиши тамаддуни бостонии аҷдодони тоҷикон беандоза бузург аст.

  Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  бо директори Институти таърих, доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло УБАЙДУЛЛО дар мавзӯи консепсияи таърихи халқи тоҷик  дар асарҳои Пешвои миллат суҳбат намуд.

  АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат ҳамеша донишмандонро ҳидоят мекунанд, ки дар омӯзишу тадқиқи таърихи миллату давлати хеш ҷиддӣ бошанд, барои насли имрӯзу фардо асарҳои пурарзиш ба табъ расонда, бо ин амал дар тарбияи насли наврас, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд. Истиқлолият барои омӯзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи паҳлуҳои гуногуни таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик чӣ гуна шароитро фароҳам овард?

Насрулло Убайдулло: Истиқлолият на танҳо барои омӯзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи паҳлуҳои гуногуни таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созандаро муҳайё  сохт, балки ба давраи комилан  нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт. Маҳз дар ҳамин давраи нисбатан кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ олимони  ҷумҳурӣ ба пажӯҳиши саҳифаҳои торик ва берун аз доираи таҳқиқ мондаи таърихи халқи тоҷик рӯ оварда, дар ин ҷода натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Чоп шудани таҳқиқоти ҷиддӣ ва рисолаҳои бунёдӣ, ба дасти хонанда расидани осори хаттии гузашта, ба вижа манобеи гуногуни таърихӣ шаҳодати рушди марҳалаи комилан нав дар таърихнигории ватанӣ мебошад.

Омили ҳалкунанда ва созанда барои таҳқиқу омӯзиши таърихи миллати тамаддунофар, дар марҳалаи кунунӣ таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанги гузаштаи аҷдодӣ ҳисоб меёбад. Президенти мамлакат на танҳо тавассути Паёму суханронӣ ва дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, арҷгузории худро нисбат ба хидмату дастовардҳои нухбагони таъриху фарҳанг ва илму адаби миллат, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ нишон медиҳад, ҳамчунин  бо таълифи мақолаву асарҳои илмӣ  назари худро ба масоили гуногуни таърихӣ иброз намуда, дар таҳқиқи таърихи миллат нақши арзандаву сазовор мегузорад.

АМИТ «Ховар»: Аз мутолиаи мақолаву асарҳо ва мусоҳибаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки он кас бештар ба масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии аҷдодони тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намудаанд. Таҳқиқоти таърихии Пешвои миллат  дар таърихшиносии миллӣ чӣ нақш дорад?

Насрулло Убайдулло: Дар ҳақиқат Пешвои миллатро бештар масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии аҷдодони тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ба худ ҷалб сохтааст, ки он дар ҳамаи мақолаву асарҳо ва мусоҳибаҳои ӯ возеҳ ба чашм мерасад.

Дар ин поя метавон асарҳои пурарзиши Президенти мамлакат «Тоҷикон дар оинаи таърих».  Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Дар бораи дин», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва чандин асару мақолаҳои дигарро ёдовар шуд.

Таҳлили андешаҳои Пешвои миллат оид ба масоили гуногуни таърихӣ ва инъкоси онҳо дар асару мақолаҳо ва суханронию мусоҳибаҳо дар доираи як мақолаи хурд аз имкон берун аст. Аз ин рӯ мо танҳо атрофи таҳқиқоти чоргонаи Пешвои миллат  «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва нақши он дар таърихшиносии миллӣ андешаронӣ менамоем. 

Воқеан ба чоп расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» қадами ҷиддие дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни минтақа ва ҷаҳонӣ мебошад. Силсилаи мазкур дар ибтидо ҳамчун дастури муҳими таълимӣ барои хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот (солҳои 1995-1999) бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расида буд.

Нашри мукаммали «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар шинохт ва таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз рӯи меъёрҳои нави таърихнигорӣ тобиши нав ва комилан ҷиддиеро ба миён овард. Сарвари давлат дар китоби якум  ба таърих рӯ овардани худро «аз рӯи адои қарзи фарзандӣ дар назди обу хоки диёр, Ватани кӯҳанбунёд ва миллати азизу ҷафокашидаи тоҷик» ва илҳом гирифтан «аз баракати истиқлолият ва давлатдории миллӣ» бо «азми ба сарчашма ва оғози оғозҳо расидан» медонад.

Дар ин замина аз масоили меҳварӣ ва суннатии тамаддуни қадими ниёгон, бавижа сабақҳои таърих, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрӯза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон ба мисли Дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт-паямбари оини ростин, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон-Бохтару Суғд ва тафсири дигар арзишҳои таърихию фарҳангиро ёддовар мешавад.

АМИТ «Ховар»: Сабаби рӯ овардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили таърихӣ дар чӣ аст?

Насрулло Убайдулло: Рӯ овардани Сарвари давлат ба ин масоили таърихӣ бесабаб нест. «Зуҳуроти бегонапарастӣ, — менависад Пешвои миллат,- дар либосу ҷомаи нав ба ҷилва омадааст, ки баъзан арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро ба марзҳову кишварҳои ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд».

Воқеан, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ин замина эълон шудани ҷумҳуриҳои мустақил, роҳбарияти нави ин кишварҳо ва зиёиёни дар атрофи онҳо муттаҳид гардида, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ ба таълифи ғаразмандонаи таърихи миллату давлати хеш оғоз намуданд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ҳарчи бештар нақши халқи худро дар ташаккулу рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳонӣ  ба дараҷаи намунавию ҳалкунанда ҷилва диҳанд. Табиист, ки ба чунин шакл навиштани таърих  дар амал маънии инкори арзишҳои таърихии халқи тамаддунофари минтақа — тоҷиконро дорад. Чунин муносибати пурра ғайриилмӣ ба таърихи минтақа, Сарвари хирадманди давлатро бетараф гузошта наметавонад.

Дар китоби аввал, чӣ хел ки ишора рафт, масъалаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар яке чун мӯъҷизоти муҳими таърихи башар эътироф шуда, аз нақши мукаммалу фарҳангофарии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд. Ин арзишҳои суннатӣ имрӯз низ асолати гумманистӣ ва пайвандгарии наслҳоро гум накардаанд. Пешвои миллат, аз ҷумла,  Роҳи бузурги абрешимро чун пайвандгари гузаштаву имрӯз ва фардо нишон дода, Авасторо нахустин қомусномаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ҳамзамон таъкид менамояд, ки «Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишҳои ахлоқиро дар либоси дин ба ҷилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарманшаи зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор дод».

Тамаддуни ориёӣ дар ҳавзаи дарёҳои бузурги минтақа арзи вуҷуд намуда, дар ин паҳно ташаккул ёфтаву қавму қабоили гуногунро ғизои маънавӣ додаст. Ин падидаи беамсол мисли рӯдҳои кишвар пайвандгару рӯҳбахшу созанда ва чун об ҳамеша софу шаффоф будааст. «Мо ба гузашта, — менависад муаллиф, — ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем».

Китоби дуввуми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» рамзист, ки бо таҳлили авзои сиёсии ҷаҳон дар давраи гузариш аз садаи бист ба қарни бистуяк оғоз меёбад. Ва ин бесабаб нест. Муаллиф дар ин ҷо на танҳо чун муҳаққиқ, балки ҳамчун Сарвари давлат ва сиёсатмадори даққиқназару дурандеш авзои сиёсии ҷаҳонро дар давраи гузариш аз як сада ба садаи дигар дар мизони таҳлил бар кашида, диди худро доир ба пешомади ҷаҳони муосир дар садсолаи нав манзур намуда, ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, ки рӯ ба таърих оваранд ва бубинанд, ки ҷангу ҷидол ва хунрезиҳо аз худ чӣ осоре боқӣ гузоштаанду инсоният чӣ талафоти бузурге додааст.

Ду ҷанги ҷаҳонии садаи бистум беш аз 60 миллион мардуми рӯи заминро ба коми марг кашид. Талафоти ҷонии мамлакатҳои Аврупо танҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ду баробар аз талафоти сеюнимасраи пеш зиёд буд. Оё ин сабақи таърихӣ нест? Вале, афсӯс ҳоло ҳам «садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рӯз ба гӯш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи замин оғӯштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд». Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир муаллифро ба хулосае овардааст, ки ҷомеаи инсонӣ баробари рушди босуръат ва дастовардҳои нодир дучори хатарҳои бузург низ гардидааст ва тақдири инсоният ба ҳалли дуруст ва боақлонаи онҳо вобаста аст.

АМИТ «Ховар»: Воқеан, Пешвои миллат ба чунин хулоса ва натиҷагирӣ ҳуқуқи комил доранд, зеро он кас на танҳо дар сухан, балки амалан собит сохтанд, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдат омили асосӣ ва созандаи ҷомеаи инсонӣ аст…

Насрулло Убайдулло: Таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон, ки бо сарварии Пешвои миллат амалӣ гардид, дар таърихи башарият падидаи нодиру ибратомӯз аст. Ин тадбир, ки маншаъ аз таърихи тӯлонӣ ва фарҳанги ғании аҷдодӣ гирифтааст, натиҷаи сабақҳои пурҳикмати чандинҳазорсолаи ниёкон мебошад. Пешвои миллат таърихро на чун амали ҳаводиси гузашта, балки  чун сабақи раҳнамо эҳсос мекунад ва таъкид менамояд, ки «агар бихоҳӣ ояндаро бубинӣ, ба гузашта назар намо».

Мукарраран рӯ оварданро ба гузаштаи таърихии халқи худ муаллиф чун воситаи «дар тарозуи адлу инсоф баркашидан» ва «аз бурду бохти онҳо сабақҳои ибратомӯз»  бардоштан медонад. Бо назардошти чунин ҳикмат муаллиф дар бобҳои баъдинаи асари безаволи худ масоили мубрам ва ибратомӯзи таърихи гузаштаи ниёгонро ба риштаи таҳлил мекашад. Диққати ӯро масъалаҳои густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ, рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар замони Ҳахоманишиён, талошу истиқлолхоҳии  ниёгони тоҷикон-бохтариҳову суғдиҳо алайҳи аҷнабиёни юнону мақдунӣ, омезиши фарҳанги баландпояи ориёӣ бо фарҳанги юнонӣ ва нақши онҳо дар тамаддуни эллинӣ, ташаккул ва болоравии давлати юнониасоси Бохтар, ғуруби тамаддуни эллинӣ ба худ ҷалб менамоянд.

Андеша ва хулосаҳои муаллиф дар заминаи асноди арзишманди таърихӣ ва таҳлили муқоисавии таҳқиқоти олимони шинохтаи ватаниву хориҷӣ пешакаши хонандагон мегардад. Натиҷаи то кунун ба даст овардаи илми таърихшиносиро нуктасанҷона ба риштаи таҳлил кашида, масоили ҳалталаб ва ё мавриди баҳс қарор доштаро, ки омӯзишу ҳалли он вазифаи аввалдараҷаи пажӯҳишгарони муосир мебошад, пеш мегузорад. Аз ҷумла, ба масъалаи фарҳанги давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки «оини давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз думболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст».

Аммо, муаллиф ба он розӣ нест, ки баъзе аз олимону муаррихон «умри давлатдории тоҷиконро аз давраи Сомониён оғоз намуда, чандин силсилаи муқаддами давлатдории ниёгони моро аз мадди назар дур меафкананд». Ҳамчунон масъалаи этногенези халқи тоҷикро яке аз масъалаҳои муҳим, вале печидаву мураккаби таърихӣ ҳисобида, омӯзиши онро ҳаматарафа ва бо хулосаи амиқ аз мутахассисони соҳа талаб менамояд. Ақидаҳо ва навиштаҳои пажӯҳандагон оид ба маънои этноними «тоҷик» ва пайдоишу паҳншавии он, хулосаву натиҷагириҳо атрофи он низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намондааст. Ҳарчанд дар ин самт тадқиқотҳои чашмрас ва хулосаҳои зиёди илмӣ ҷой дошта бошанд ҳам, аммо дастовардҳо ва натиҷаҳои охирини илмҳои ҷомеашиносӣ, бавижа таърих, лингвистика, бостоншиносӣ, таърихи тамаддунҳои бостонӣ ва амсоли инҳо таҳқиқи амиқи масъаларо аз диди нав тақозо менамоянд.

Чунин тарзи масъалагузорӣ ва натиҷагирии амиқ аз масоили норӯшану баҳсталаб ё нодида гирифтану хӯрдагирии баъзе аз муҳаққиқон ба таърихи халқи тоҷик дар дигар бобҳои китоби дуввум низ ҷой дорад.

Масалан, бо як иродатмандӣ ва ифтихори баланд муборизаи ниёгон-бохтариёну суғдиён, қаҳрамонии Спитамен ва ёронаш муқобили истилогарони юнону мақдунӣ, таъсирпазирии фарҳанги пешрафтаи маҳаллӣ ба фарҳанги юнонӣ ва эллинӣ, нақши гузаштагон дар рушду такомули давлати Селевкиёнро тасвир намуда, Сарвари давлат ақидаи дар байни баъзе аз муаррихон маъмул, ки истилои юнониҳо ва ташкили давлатҳои эллиниро барои халқҳои Шарқ ҳамчун як пешрафт ва дастоварди бузурги фарҳангӣ қаламдод менамоянд, бепоя ва аз назари илмӣ беасос маънидод намудааст.

Академик Б.Ғафуров низ дар ин масъала таъкид менамояд, ки  аксарияти олимони хориҷӣ оид ба таъсири фарҳанги юнонӣ ба фарҳанги мардуми Шарқ ҳарф зада, аз дастовардҳои беназири фарҳангии мардуми маҳаллӣ чашм мепӯшанд. Ҳол он ки «дар маданияти ба истилоҳ эллинӣ на ин ки эҷодиёти мадании «соф» юнонӣ, балки омезиши махсуси маданияти юнонӣ ва шарқӣ инъикоси худро пайдо намудааст ва дар бобати инкишофи ин маданият роли бузургеро халқҳои Осиёи Миёна бозӣ кардаанд».

Вобаста ба ин Сарвари давлат пешниҳод менамояд, ки давлати Юнону Бохтар, ки «дар силсилаи давлатдории аҷдодии тоҷикон як давраи навбатии истиқлолият ва рушду нумӯи тамаддуни муштараки эллинию ориёӣ буд», давлати юнониасоси Бохтар номида шавад. Аммо баровардани хулосаи ниҳоиро оид ба масъалаи мазкур ба зиммаи олимону муаррихон мегузорад ва ҳамзамон таъкид менамояд, ки омили асосии нуфуз ёфтани юнониҳоро дар Бохтар на дар волоияти  тамаддуну давлатдории эллинӣ, «балки дар густариши тиҷорат, пешрафти робитаҳои иқтисодӣ ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани Роҳи Бузурги Абрешим бояд ҷуст».

Боби чаҳоруми китоби дуввум ба таҳлили таърихи ҳокимиятдории силсилаи турониён ва эҳёи давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар ин бахш бештар ба таъсисёбӣ ва ташаккули давлатдории хонадонҳои ҳукмрони ориёии туронӣ, пеш аз ҳама Портҳо, Кушониён ва Ҳайтолиён таваҷҷӯҳ намуда, онро давраи азнав эҳёшавии давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ меномад.

Дар фаслҳои алоҳида боби чоруми китоби дуввум диққати Сарвари давлатро масъалаҳои эҳёи тамаддуни ориёӣ ва коҳиш ёфтани нуфузи эллиниҳо дар давраи ҳокимиятдории хонадони Ашкониёни Порт  ва мақоми сулолаи Кушониён дар рушд ва такомули минбаъдаи давлатдории аҷдодии тоҷикон ба худ ҷалб сохтааст. Бояд таъкид намуд, ки дар рафти таҳлили масоили мазкур низ ягон мушкилоти илмии дар таърихшиносии муосир ҷой дошта, аз мадди назари муаллиф берун намондаааст. «Давлати Ашкониёни Порт, — хулоса намудааст муаллиф,- дар ҳамсоякишвари давлати юнониасоси Бохтар ва канорҳои Суғду Фарғона қомат афрохта, дар тӯли панҷ аср яке аз тавонотарин давлатҳои аҳди қадим буд, ба эҳёи тамаддуни ориёӣ ва рушду нумӯи фарҳанги  ниёгони тоҷикон мусоидат кардааст».

Яке аз беназиртарин дастоварди Ашкониён поягузории забон ва адабиёти паҳлавӣ мебошад, ки чун мероси муштарики қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон эътироф шудааст. Нақши ин хонадонро на камтар аз Ҳахоманишиён дониста, муаллиф таъкид мекунад, ки «Ашкониёни Порт тамаддуни ориёиро аз асари ногувори истилои мақдуниён ва шояд аз хатари нобудшавию ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодан наҷот доданд».

Таърихи салтанати Кушониён ва нақши онҳо дар ташаккулу рушди тамаддуни ориёӣ яке аз масоили диққатҷалбкунанда дар илми таърихшиносӣ маҳсуб меёбад. Гарчанде оид ба ин давраи таърихӣ тадқиқотҳои зиёди ҷолиби таърихию бостоншиносӣ мавҷуд бошад ҳам, вале  то имрӯз нисбат на ба ҳама паҳлуҳои он нуқтаи назари амиқ ва хулосаи қатъии илмӣ мавҷуд аст. Пешвои миллат дар такя ба тадқиқотҳои илмии солҳои охир, рисолаву маколаҳои олимону муаррихони шинохтаи дохиливу хориҷӣ ва баробари он бо истифода аз асноди зиёди таърихӣ, хусусан маъхазҳои чинӣ мӯшикофона дар шакли саҳеҳ ба бисёр аз мушкилот ва масоили чигил рӯшанӣ андохтааст. Дастрас гардидани ду катибаи гаронбаҳои аҳди Кушониён — Катибаи Сурхкӯтал ва Катибаи Работак ва инчунин пажӯҳиши олимони варзида оид ба ин маъхазҳоро ба асос гирифта, муаллиф  натиҷагирӣ менамояд, ки «Кушониён халқияти ориёинажод, ориёизабон ва ориёимазҳаб» буданд ва давраи давлатдории  онҳо «яке аз дурахшонтарин силсилаи давлатдории ниёгони ориёии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули таърихии халқияти тоҷик ва ҳамчун миллати ҷудогона ба камол расидани он саҳми бағоят бузург дорад».

Дар хотимаи китоби дуюм Пешвои миллат қазияи давлати кабири Кушониён ва мақоми он дар ташаккули давлату давлатдории тоҷиконро мушкилтарин мавзӯъ номида, ин давлатдориро «ҳалқаи заррине дар силсилаи давлатдории ориёиҳои тӯронӣ» меномад, ки «тӯли се аср пуштибони Роҳи бузурги абрешим  ва қофиласолори тамаддуни ориёӣ дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ба шумор мерафт».

Замони пайдоиш, ташаккул ва рушди силсилаи Сосониён ва Ҳайтолиёнро Пешвои миллат давраи нави эҳёи тамаддуни ориёӣ қаламдод карда, зикр менамояд: ки  таърихи куҳан «бо чархишҳои ногаҳониаш ба ҷои давлати Ашкониёни Порт дудмони Сосониён ва бар ивази Кушониён тоифаи нави силаҳшӯру кӯчии ориёӣ  — Ҳайтолиёнро ба ҷабҳаи сиёсат ва оини давлатдорӣ оварда, ба эҳёву растохези дубораи тамаддуни ориёӣ ва густариши фарҳанги зардуштӣ мусоидат» кард.

Дар ин таҳқиқот ба таври муфассал ба сари қудрат омадани хонадони Сосонӣ, ташкили низоми идоракунӣ ва молиёт, эҳёи суннатҳои аҷдодии ориёӣ, рушди илму фарҳанг, оин ва мазҳаб, бавижа оини зардуштӣ, ба як империяи абарқудрати ҷаҳонӣ мубаддал гардидани Давлати Сосониён ва баробари он муборизаи тӯлонии онҳо бо ҳамқавмони ориёии ҳайтолии худ ва дигар кӯчиёни воридшуда, бахусус болоравии нуфузи туркон мавриди ҳамаҷонибаи таҳқиқи Сарвари давлат қарор гирифтааст.

Тазаккур бояд дод, ки хулосаҳои муаллиф оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Ҳайтолиён, макони пайдоиш ва баромади этникӣ, забон, расму оин, ба сари қудрат омадани онҳо, инчунин низоми давлатдорӣ ва нақши онҳо дар ташаккулу рушди  давлатдорӣ ва фарҳанги ориёӣ, дар заминаи сарчашмаҳои муътамад ва рисолаҳои арзишманди илмӣ комилан аз нигоҳи тоза мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Дар баробари он муаллиф зарурати пажӯҳиши ҳаматарафа  ва натиҷагирии амиқро оид ба таърихи Ҳайтолиён ва давлатдории онҳоро чунин таъкид намудааст: «Сарфи назар аз тадқиқоти зиёде оид ба пайдоиш, паҳншавӣ ва мақоми таърихии қабилаҳои ориёии тӯронӣ, аз ҷумла хиониҳо масъалаи падидоӣ ва ташаккули қавмию этникии ҳайтолиҳо дар илм чандон равшан нашудааст. Барои ба масъалаи сарнавишти таърихии ҳайтолиҳо рӯшанӣ афкандан, хоҳу нохоҳ ба тақдири ташаккулёбии саромади онҳо қавмҳои кӯчманчии тӯронӣ, бахусус хиониҳо ва дигар қавмҳои ҳамнасаби онҳо бозгаштан рост меояд». Ин тарзи нигоҳ чун дастур барои олимону муаррихон дар омӯзиши ҳайтолиёншиносӣ хизмат хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи шумо таҳқиқоте, ки Пешвои миллат дар асари «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба анҷом расониданд, дар таърихшиносии миллӣ чӣ аҳамият дорад? 

Насрулло Убайдулло: Ба андешаи мо, рӯи чоп омадани ин асари бунёдии Сарвари давлат, ки аз зарурати таърихогаҳӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ маншаъ  гирифтааст, дар таърихшиносии миллӣ, ҳамзамон дар омӯзишу баррасии таъриху тамаддуни ориёӣ чун дастоварди бузург  арзёбӣ мешавад. Аз тарафи дигар ин таҳқиқот баробари пажӯҳиши ҷиддии илмӣ будан чун дастуру роҳнамои барномавии фаъолият барои олимону муаррихон ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии таърихии ҷумҳурӣ хизмат хоҳад кард. Тавре Пешвои миллат 19 марти соли 2018 зимни суханронии хеш дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар таъкид намуданд: «Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

https://khovar.tj/2019/11/konsepsiyai-tarihi-hal-i-to-ik-dar-asar-oi-peshvoi-millat/