ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БОСТОНӢ ВА ОСОРХОНАИ МАРДУМШИНОСИИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Дар соли 1949 дар назди шӯъбаи Институти таърих, забон ва адабиёти Тоҷикистон Осорхонаи мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ ифтитоҳ ёфт.

 Ҳамчун воҳиди мустақил осорхонаи мардумшиносӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон 4 апрели соли 1979 таъсис ёфтааст. Ифтитоҳи осорхона барои шинос кардани ҷомеа бо ёдгориҳои таърихӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносии халқи тоҷик дар моҳи сентябри соли 1991 баргузор гардид.

 Ба ҳайси пойгоҳи Осорхона фондҳои мардумшиносии шӯъбаи этнографии Институти таърихи дар соли 1948 таъсисёфта, хизмат карданд. Ибтикори ҷамъоварии фондҳои мардумшиносӣ ба узви вобастаи АИ ИҶШС, олими шинохта – муаррих ва мардумшинос М.С.Андреев тааллуқ дошт, ки ба Осорхона номи ӯ дода шуд (1949).

 Ҷамъоварии нигораҳои мардумшиносӣ дар соли 1948 оғоз ёфта буд. Нақши махсусро дар ин самт кормандони шоистаи илми Тоҷикистон, донандаҳои барҷастаи фарҳанги халқи тоҷик А.К.Писарчик ва Н.Н. Ершов иҷро кардаанд. Дар солҳои минбаъда дар ҷамъоварии нигораҳои мардумшиносӣ кормандони шӯъбаи этнографӣ М.А.Ҳомидҷонова, З.А.Широкова, А.С. Давидов, И.М. Муҳиддинов, А.Мардонова, Т.И. Мезурнова, Н.С. Бобоева, Н. Тошматов, Р.Абдулвоҳидов ва дигарон иштирок намуданд.

 Коллексияи фондҳо, асосан, тавассути харидории нигораҳо аз аҳолӣ ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

 Имрӯз коллексияи Осорхона қариб 11 ҳазор нигора, ки инъикоскунандаи маишати суннатӣ, инкишофи ҳунари мардумию корбурдӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноати дастӣ, ифодакунандаи фарҳанги моддию маънавии тоҷикон ва халқҳои камшумори дигари маскуни Тоҷикистон мебошанд, шомил мебошад. Нигораҳои Осорхона шомили ашёҳои асил мебошад, ки дар расму русуми ҳамарӯза, идона ва маросимӣ истифода мешуданд. Онҳо аз зиндагию хоҷагидории суннатии халқ шаҳодат медиҳанд. Куллиёти Осорхона аз коллексияҳои сафолӣ, ашёи мисӣ, либосҳо, дарздӯзӣ, маҳсулоти заргарӣ, олотҳои мухталифи тавлидӣ ва маҳсулоти дигари саноати дастӣ, ашёҳои махсус иборат мебошад, ки нишондиҳандаи хусусиятҳои халқ ва портрети этникии онро фароҳам меорад. Коллексияи либоси суннатӣ, ки давраи аз охири асри 19 то замони ҳозираро дарбар мегирад, ба таври ғанӣ муаррифӣ шудааст. Дар либоси мардумӣ, ранги он, нақшҳо, суннатҳо, маҳорати эҷодӣ ва салиқаи бадеии мардум намоён астанд, ки дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтаанд. Дар коллексия либоси мардона ва занонаи буриш ва тарҳои мухталиф пешниҳод шудааст, ки шомили куртаҳои ва халъатҳои идона, рӯзмарра, маросимӣ, сарпӯшҳо, рӯймолҳои миёнбанд, ҳамчунин пойафзол мебошад. Дар маводи коллексияи осорхонавии либосҳо маҷмааҳои хосса ва унсурҳои дигари костюми суннатии ноҳияҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон мавҷуданд, ки костюми мардумшиносиро дар динамикаи он баррасӣ намудан мумкин аст.

 Таваҷҷуҳи хосаро коллексияи дарздӯзӣ ба худ ҷалб менамояд. Паноҳои зинатӣ, рӯпӯшҳои ҷойгаҳи тӯӣ, саҷҷодаҳо, рӯболиштҳо, рӯпӯшҳои рафи кӯрпаҳо, саҷоқҳои зинатӣ, дарздӯзиҳои хурди навъҳои мухталиф аз тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ карда шудаанд. Гулдӯзӣ яке аз навъи оммавии ҳунари мардумӣ ба шумор меравад. Чеварии тоҷик бо зебу зиннати хосса, пуробурангӣ, нақшҳои марғуб фарқ карда, хусусиятҳои ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолиро доро мебошад. Гулдӯзиҳои дар фондҳои Осорхона ҷамъоварӣ карда шуда коллексияи нодирро ташкил дода, давраи сад соли охирро дарбар мегирад; намунаҳои алоҳидаи он бо таърихи дертар замонабандӣ карда шудааст. Коллексияи нақшбандиҳо мутафовит аст. Тавассути мӯҳр задан, тавассути қолибҳои чӯбӣ ва истифодаи рангҳои гиёҳӣ, рӯпӯшҳо, саҷҷодаҳо, дастархонҳо тайёр карда мешуданд. Панноҳои рӯидеворӣ, ки аз ҷониби устои нақшбанд А.Ҷумъаев, сокини Истаравшан тайёр карда шудааст, яке аз зеботарин ва ғанитарин намуна аз ҷиҳати гаммаи рангҳо мебошанд.

 Дар коллексияи Осорхонаи мардумшиносӣ нигораҳои бо матоъҳои аз ҷиҳати бадеӣ ороиш дода шуда ва аз ҷиҳати саноати дастӣ содда сохта шуда, мавҷуданд. Матоъҳои нимашоҳӣ ва шоҳӣ: алоча, бекасаб, адрас, атлас бо зебоии худ шуҳрат доранд.

 Ҷойгоҳи махсусро дар куллиёти Осорхона коллексияи маҳсулоти заргарӣ ишғол менамояд. Ороишот дар костюми занона ҳатмӣ ба шумор мерафтанд. Ин маснуот шаклҳои мухталиф дошта бо усулҳои мухталифи фаннию нақшӣ иҷро карда шудаанд. Аксари онҳо бо марҷон, шишаи ранга, марворид, ақиқ, садаф ороиш дода шудаанд. Ороишот аз Истаравшан, Хуҷанд, Кӯлоб, Қаротеғин, Ванҷ, Помир ҷамъоварӣ карда шудаанд. Қисмати аососии мавод бо охири асри XIX – аввали асри XX замонабандӣ карда шудааст. Ороишоти дар осорхона гузошта шуда аз ҷиҳати табақабандӣ мухталиф ҳастанд: рӯисинаӣ, рӯисарӣ, дастӣ, рӯимӯӣ, рӯӣ. Онҳо аз ҷиҳати истеҳсоли техникӣ, шакл, нақшунигор ва ном фарқ мекунанд.

 Коллексияи маснуоти сафолӣ ғанӣ мебошад. Он маснуоти қариб тамоми марказҳои истеҳсолоти сафолиии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Чи тавре маълум аст, дар байни тоҷикон кулолгарии мардона бо чархи кулолгарӣ ва кулолгарии занонаи дастӣ аз дер боз арзи вуҷуд дорад. Ҳунармандони мард дар чархи кулогарии бо пойҳо ба ҳаракат дароянда маснуоти мухталифро истеҳсол мекарданд: табақ, коса, пиёла, чоргӯша, дугӯша, кӯза, офтоба ва бисёр дигар. Сафолгарии мардона, ки дар коллексияи Осорхона муаррифӣ гардидааст, дар мавридҳои зиёд, сирдавонӣ шуда бо рангҳои гуногун, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон истихроҷ мешаванд, нақшунигор карда шудааст. Коллексияи кулолгарони маҳаллаи Чоркӯҳ бисёр ҷолиб аст. Ин ашё бо нақшунигорҳои пуробуранги ангобию кобалтӣ бо ранги кабудчатоб тайёр карда шудаанд.

 Дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ – ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб, дар Бадахшон, Қаротегин, Файзобод, Яғноб – ба истеҳсоли кулолгарӣ занҳо машғул ҳастанд. Маснуоти сафолии бидуни чархи кулолгарӣ сохта шуда бо гуногунии шакл, суфтагарӣ, нақшунигори гаҷкоришуда ё бо истифодаи лои ранга мунаққашшуда фарқ мекунад. Коллексияи бозичаҳо – ҳуштакҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳунармандон бозичаҳоро маъмулан барои рӯзҳои ид тайёр мекарданд. Онҳо ба ҳайвоноти тахаюлӣ шабоҳат доранд. Зимни тамошои онҳо тахаюлоти коҳишнаёбандаи ҳунармандон касро ба ваҷд меоварад.

 Коллексияи асбобу анҷоми хона бо анвои васеи маснуоти мисӣ ва чӯбини бо мақсадҳои гуногун истифодашаванда муаррифӣ шудааст. Дар миёни асбоби мисин, ки бештар барои шаҳрҳо (Истаравшан, Хуҷанд, Бухоро, Самарканд) хосанд, нигораҳои зиёде мавҷуданд, ки бо сикказанӣ нақшунигор шудаанд. Ҳунармандон ашёҳоро аз мис, биринҷ, чӯян ва дигар гудохтаҳои фулузӣ месохтанд. Доираи васеи ашёҳои бо мақсадҳои гуногун истифодашаванда дар бораи анъана ва инкишофи ин навъи саноати дастӣ шаҳодат медиҳад. Бештар чойникҳо, табақҳо, кӯзаҳо, сатилҳо барои об нақшунигор карда мешуданд. Ин ашёҳо дар бораи ҳунари волои созандаҳои онҳо шаҳодат медиҳанд.

 Дар тамоми қаламрави Тоҷикистони муосир истеҳсолоти маснуоти чӯбӣ васеъ паҳн шуда буд. Чӯб барои сохтани ашёҳои хоҷагӣ, маишатӣ, зинатӣ ва ороиши биноҳои истиқоматӣ хизмат мекард. Чӯббуррони пурмаҳорат китобмонак – лавҳ, қуттичаҳо, қолибҳо барои нақш задан дар рӯи матоъ месохтанд. Бо кандакорӣ ашёҳои мухталифи маишӣ: сандуқчаҳои мухталиф, гаҳвораҳои кӯдак сохта мешуданд. Сохтани дарҳо ихтисоси махсус ҳисобида мешуд ва аксар бо кандакорӣ ороиш дода мешуданд. Дар куллиёти Осорхона якчанд намунаҳои дарҳои кандакоршуда аз Истаравшан, сандуқчаҳои гуногун, зермонакҳо барои чароғҳои махсус – лучин, равғанзанак, зарф мавҷуд ҳастанд. Ин маснуот хусусиятҳои вежае ба манзили суннатӣ медиҳад. Ҳунари кандакорӣ инчунин бо ҳаёти мусиқии халқ робита дорад. Дар Осорхона асбобҳои гуногун муаррифӣ гардидаанд – дутор, рубоб, дойра, ғижжак, сурнай, най, – ки бо кандакорӣ ва хотамкорӣ зинат дода шудаанд.

 Куллиёти фондӣ пойгоҳи васеи сарчашмавӣ барои корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандони Осорхона, шӯъбаи мардумшиносӣ мебошанд. Дар соли 1956 корманди илмӣ З.А.Широкова феҳрасти «Коллексияҳои мардумшиносии Институти таърих» (коллексияи мардумшиносии Дарвози соли 1954 ҷамъоварӣ шуда) –ро таҳия ва нашр намуд. Дар асоси коллексияҳои либос аз ҷониби Н.Н.Ершов ва З.А.Широкова «Албоми либоси тоҷикон»тартиб дода шуд, ки дар соли 1969 нашр гардида буд. Дар асоси маводи фондҳо инчунин «Албоми ҳунари корбурдии тоҷикон» (1979, мураттиб А.К.Писрачик) ба чоп расид. Дастаи бозномаҳои марбут ба «Ҳунари мардумии тоҷикон» ва «Ҳунари заргарии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Н.Н.Ершов таҳия шуда буд, ба чоп расиданд. Коллексияҳои фондҳои Осорхонаи мардумӣ пайваста барои нашри асарҳои илмӣ, албомҳо ва маҳсулоти гуногун, ки аз ҷониби кормандони Институт ва муассисаҳои дигар эҷод карда мешаванд, мавриди истифода қарор доранд.

 Осорхонаи мардумшиносӣ дар созмондиҳии намоишгоҳҳо иштирок мекунад. Дар тӯли мавҷудияти фондҳо зиёда аз 50 намоишгоҳҳои хориҷӣ ва 30 намоишгоҳ дар ИҶШС созмон дода шуданд. Дар солҳои охир нигораҳои Осорхона дар Олмон, Ҷопон, Австралия муаррифӣ карда шуданд.

 Дар тӯли мавҷудияти Осорхонаи мардумшиносӣ экскурсияҳо ба ҳайси шакли асосии интиқоли иттилоот ба боздидкунандагон дар бораи фарҳанги мардум ба шумор мераванд. Дар давоми кори Осорхона, аз намоишгоҳҳои он меҳмонону сайёҳони сершумор боздид намуданд. Боздидкунандагони доимии осорхона инчунин донишҷӯён, волидон бо фарзандонашон ва муаллимоне мебошанд, ки маводи мардумшиносиро дар амалияи таҳсилот фаъолона истифода мебаранд.

 Барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти осорхона бо кӯмаки молии ЮНЕСКО кор аз рӯи рақамгузории коллексияҳо оғоз шуд. Аз ҷониби озмоишгоҳи аксбардории Институт аксбардории 2700 нигора анҷом ёфта, нигаҳдории барномавии аксҳо ҳамроҳ бо шиносномаҳои ашёҳо ташкил карда шуд. Пойгоҳи иттилооот имкон медиҳад, ки ба кори Осорхона аз рӯи баҳисобгирӣ ва нигаҳдории коллексияҳо беҳбуд бахшида шавад. Фаъолияти Осорхона барои ҷамъоварӣ, нигаҳдории ашёҳои осорхонавӣ ва омӯзиши онҳо ба ҳайси сарчашмаҳои дониш, ҳомили далелҳои пурарзиши замонҳои мухталиф равона шудааст. Дар давоми солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ дар асоси нигораҳои осорхонавӣ албомҳои «Ҳунари мардумии Помир» ва «Ҳунари мардумии Тоҷикистон» ба чоп расиданд.

 Дар марҳалаи душвори оғози истиқлолият Осорхонаи бостонии милллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ аз тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд, ки давраҳои таърихии таърихи мардумро аз давраи ибтидоӣ – ҷамоатӣ то охири асри миёна муаррифӣ мекунанд. Теъдоди зиёди маводи мардумшиносӣ дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ аз ҷониби олимони тоҷик ва ҳампешагони онҳо аз Санкт-Петербург, Москва ва дигар марказҳои илмии Федератсияи Россия кашф шудаанд. Акнун далелҳои инкорнопазире вуҷуд доранд, ки синни таърихии фарҳанги қадимтарини муқимию заминдории халқи тоҷик 5500 солро ташкил медиҳад. Ин кашфиёти илмӣ бо шарофати кори олимоне, ки дар иқоматгоҳи Саразм дар водии Зарафшон ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронидаанд, ба вуқӯъ пайваст. Арзиши таърихиро маводи кашфшуда аз ҷониби бостоншиносон зимни омӯхтани ёдгорҳои қадима дар ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ, Ҷанубӣ ва дар Помир доро мебошанд. Ёдгориҳои таҳқиқшуда шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи қадим халқҳои ҳиндуаврупоӣ дар ин ҷо сукунат варзида, қаламрави бузурги Осиёи Марказии кунунӣ, кишварҳои ҳамсояи Шарқи Наздик ва Миёна, минҷумла минтақаҳои Урал, Алтай ва қисмати зиёди Сибирро азхуд карда буданд.

 Тарзи зиндагии муқимию заминдорӣ дар муқоиса бо ҳаёти кӯчманчигӣ аз афзалияти худ бархурдор аст. Бо вуҷуди он ки шаклҳои тавлидкунандаи хоҷагидорӣ, ҳамчун заминдорӣ, чорводорӣ ва саноатҳои асосии дастӣ – кулолгарӣ ва матоъдӯзӣ, аллакай дар давраи неолит пайдо шуда буданд, вале инкишофи пешравандаи минбаъдаи ҳаёти хоҷагидорӣ ва ҷамъиятии инсон дар шароити зиндагии муқимӣ пайдо шуданд.

 Ташаккули иттиҳодияҳои аввалини давлатӣ, сохторҳои шаҳрӣ ва иқоматгоҳҳои заминдорӣ такони шадиде ба инкишофи тавлиди саноати дастӣ ва тиҷорат дод.

 Арзиши аслии нигораҳои дар Осорхонаи бостонии миллӣ ҷой додашуда инчунин дар он аст, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди худи Ҷумҳурӣ ёфт шудаанд.

 Бо вуҷуди мушкилот дар давраи истиқлолият имкон фароҳам омад, ки маснуоти аҷиби ҳунарии давраи эллинистӣ аз маъбади Окса (Амударё) дар димнаи Тахти Сангин ёфтшуда эҳтиёткорона маҳфуз нигоҳ дошта шаванд. Дар он ҷо то ҳол таҳқиқоти бостоншиносӣ идома дорад.

 Шоҳкориҳои нақшнигории рӯидевории «Помпеи тоҷик» дар димнаи Панҷакенти асримиёнагӣ, шаҳри зебои суғдӣ, ки дар толорҳои Осорхона ба маъраз гузошта шудаанд, мояи ифтихор аст. Тамоми ин шоҳкориҳо, ба шарофати Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон, дастраси мардум ва шиносоии васеи меҳмонони хориҷӣ бо онҳо гаштаанд.

 Ёдгориҳои давраи аввали асримиёнагии Тоҷикистон ба муҳаққиқони фарҳанг ва ҳунари он тӯҳфаҳои хушнудона меоранд: намуди меъмории биноҳо, кандакорӣ дар рӯи чӯб, муҷассмаҳо ва фризҳои бисёрметраи муҷассамавӣ аз гил, садҳо метрҳои квадрати нақшунигори сюжетдор – ҳамаи ин дар қасрҳо ва маъбадҳо, дар хонаҳои ашрофзодагон ва бозаргонони бой, дар дайрҳои буддоӣ ва қалъаҳо кашф шудаанд. Ҳар як асари ҳунари рассомӣ фаҳмиши фарҳанги маънавии аҷдодони халқи тоҷик, идеология ва эҷолиёти онро тақвият медиҳад. Муҷассамасозӣ ва рассомии Панҷакенти Қадима ва Бунҷикат ҳамчун шоҳкориҳои фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

 Ифтихори Осорхонаи бостонӣ муҷассамаи Буддо дар нирвана мебошад, ки дарозиаш 13 метр, вазнаш – 5,5 тонна буда, дар натиҷаи таҳқиқоти бостоншиносӣ дар дайри буддоӣ дар Аҷинатеппа ёфт шудааст. Баъди тахриби муҷасссамаҳои сангини Буддо дар Бомиён (Афғонистон) бо дасти толибон, муҷассамаи Буддо дар Душанбе ёдгории бузургтарин ва қадимтарини буддоӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

 Дар давоми 58 соли экспедитсияҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон панҷ ёдгориҳои буддоӣ кашф ва омӯхта шуданд. Нодиртарин ва пурарзиштарин ёдгории аввали асри миёна буддоии Аҷинтапепа, ки аз ҷониби Б..Н.Литвинский дар солҳои 1960 – 1976 дар наздикии ш. Қурғонтеппа кашф ва таҳқиқ шуда буд, ба ҳисоб меравад.

 Барои берун баровардани муҷассамаи Буддо зимни ҳафриёт ва кулли истеҳкоми қисматҳои он кори калонро гурӯҳи тармимгарон таҳти роҳбарии П.И. Костров ба анҷом расонд, ки лозим омад муҷассама ба 92 қисм бурида шавад ва дар ҳамин ҳолат ба Душанбе интиқол дода шавад.

 Дар соли 2002 дар чаҳорчӯби ҳамкории Эрмитажи Давлатӣ (Санкт-Птеерберг) ва Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кӯмаки молии фонди байналмилалии ACTED, муҷассама дар Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Он дар толори алоҳида ба маъраз гузошта шуда, тамоми шароити лозима барои нигаҳдорӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин ёдгориҳои дигари буддоӣ аз Уштурмулло (ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон), Қалъаи Кофарниҳон, Кофир Қалъа, Хишттеппа, Варанг (Помири Ғарбӣ), воқеъ дар Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ҳамаҷониба омӯхта шуда дар Осорхонаи бостонӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Тамоми бозёфтҳо аз ёдгориҳои фавқуззикр дар Осорхона нигаҳдорӣ карда мешаванд.

 Ҳар яке аз ёдгории фарҳанги моддӣ ва маънавии ёфтшуда дар қаламрави шаҳрҳои қадимаи Хуҷанд, Истаравшан (Ӯротеппа), пойтахти Хутали қадим – Ҳулбук, Панҷакенти аввали асри миёна – ҳамаи инҳо шаҳодатҳои шайъии раванди ягона, муттасил ва автохтонии инкишофи фарҳанги халқи тоҷик, аҷдодони он аз давраҳои қадимтарин то рӯзҳои мо мебошад. Дар толорҳои Осорхона асарҳои кулолгарон, заргарон, рассомон ва ҳунармандони беноми дигар – эҷодкорони аслии таърихи қадимтарини таърихи халқи тоҷик ҷамъ оварда шудаанд.

 Бозёфтҳои аз шаҳри конканони Бозор-дарӣ дар Помири Шарқӣ (асри XI); Мушистон дар водии Зарафшон (асрҳои X-XI) ва Кони Мансур дар ноҳияи Хуҷанд (асрҳои IX-X) арзиши баланди илмиро доро мебошанд.

 Шукуфоии фарҳанги шарҳӣ ва тавлидоти саноати дастӣ дар давраи асрҳои IX-XII-ро бозёфтҳои димнаи Ҳулбук (пойтахти Хутал), Сайёд, Лягмон, Хуҷанд ва ғ. ба таври барҷаста намоиш медиҳанд.

 Махсусан фонди тиллоии Осорхонаи бостонӣ, ки коллексияи он аз маснуоти нодири заргарӣ ва сиккаҳои асри III-уми пеш аз милод то асри XIX иборат мебошанд, мавриди таваҷҷӯҳи хос ҳастанд. Аз соли 2007 шурӯъ карда, командони осорхона дар ҳудуди димнаи Қалъаи Кофарниҳон (ноҳияи Рӯдакӣ) ҳафриёти бостоншиносӣ мегузаронанд.

 Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти арзишҳои фарҳангии Токио (Япония) се семинар, бахшида ба тармим ва муваққатӣ хобондани нақшунигори рӯидевории Осиёи Марказро гузаронид, ки дар онҳо тармимгарон аз Тоҷикистон, Япония, Эрмитажи Давлатӣ (Санкт-Петербург), Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Чин иштирок намуданд.

 Дар соли 2010 нигораҳои алоҳида аз Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Искандари Мақдунӣ ва таҳаввулоти фарҳангии Осиё» дар Олмон, Австрия ва Испания ба намоиш гузошта шуданд.

 Аз ҷониби кормандони Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон ҳар сол корҳои тармимӣ аз рӯи нигаҳдории нигораҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумлаи онҳо, «Шоҳдухтари Саразм» (охири асри IV пеш аз м.), «Буддо дар нивана» (асрҳои VII-VIII), «Шива ва Парвати» (асрҳои V-VII), «Шер» (асри VIII), «Маъбади оташ» (асри VIII), «Маъбади юнонӣ» (асри II пеш аз м.), «Тимпан» (асрҳои VII-IX), «Меҳроб» (асрҳои IX-X) мебошанд.

 Дар озмоишгоҳи тармимию техникии Осорхона корҳо аз рӯи шиносномадиҳӣ, тармим ва муваққатӣ хобондани нақшунигори рӯидевории Бунҷикат ва Ҳулбук идома дорад. Дувоздаҳ қитъаҳои тармимшудаи нақшунигори рӯидеворӣ аз димнаи Қалъаи Қаҳқаҳа (Бунҷикат) дар айни ҳол дар толорҳои Осорхона ба маъраз гузошта шудаанд. Дар якҷоягӣ бо ҳампешагони ҷопонӣ се ҷилди маводи бойгонӣ аз нақшунигори рӯидевории Қалъаи Қаҳқаҳа ба чоп расид, ки дар асоси онҳо дар оянда метавон галереяи тасвирии умумии Бунҷикатро барқарор кард.

 Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон на танҳо муассисаи фарҳангӣ ва равшаннамоӣ, балки яке аз марказҳои пешбари таҳқиқоти бостоншиносӣ ба ҳисоб меравад, ки ашёҳои марбут ба таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷикро ҷамъоварӣ ва таҳқиқ намуда, ба маърази тамошобинон мегузорад.

 Дар таййи солҳои гузашта аз Осорхона нафарони сершумор – аз меҳмонони олимартабаи хориҷӣ, минҷумла роҳбарони маъруфи кишварҳои мухталифи дунё ва созмонҳои байналмилалӣ, сар карда, то сокинон ва меҳмонони пойтахт боздид карданд. Маълумоти муфассалро дар бораи Осорхонаи бостонии миллии Тоҷикистон метавон дар сомонаи интернетии www.afc.ryukoku.ac.jp/tj/ дарёфт кард.