Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–005 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос аз рўйи ихтисоси 6D020300-Таърих

  Бо қарори Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 20, аз 29 майи соли 2017 Шўрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос аз рўйи ихтисоси 6D020300-Таърих, дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ таъсис ёфта, аз рўйи ихтисосҳои 07.00.02-таърихи ватанӣ, 07.00.03-таърихи умумӣ, 07.00.06-бостоншиносӣ, 07.00.07-мардумшиносӣ ва 07.00.09-таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти  таърихӣ фаъолият мекард. Мутаассифона, аз санаи 04.06.2018 бо баъзе сабабҳои техникӣ, бо фармоиши Раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Шўрои диссертатсионии 6D.КОА–005 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос аз рўйи ихтисоси 6D020300-Таърих  муваққатан боздошта шуд.

  Бо қарори Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 46, аз 06 марти соли 2019 ба ҳайати Шўрои 6D.КОА–005  тақйироту иловаҳо ворид карда шуда, аз 11 марти соли 2019 ба фаъолияти он иҷозат дода шуд. Шўрои мазкур тибқи талаботҳои Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ихтисосҳои 07.00.02-таърихи ватанӣ, 07.00.06-бостоншиносӣ, 07.00.07-мардумшиносӣ, этнология ва антропология ва 07.00.09-таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти  таърихӣ фаъолият намуда истодааст.

  Шўрои 6D.КОА–005  дар ҳайати 15 нафар аъзо ба фаъолият оқоз карда, раиси Шўро – доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К., муовини раиси Шўро – узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳ. ва котиби Шўро - доктори илмҳои таърих Хоҷаева Н.Ҷ. ба ҳисоб мераванд.