Ҷурабек Мирзоев
Ходими калони илмии шуъбаи таърихи навтарин
Тел: +992987-16-82-25
E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru
Мирзоев Ҷурабек Абдулович 1 декабри соли 1969 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна дар соли 1986 ӯ ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, дар соли 1992 факултети номбурдаро бо дипломи «аъло» хатм кард. Дар соли 1992-1993 ба ҳайси коромӯзи кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърих кор карда, аз моҳи декабри соли 1993 то моҳи декабри соли 1996 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи мазкур таҳсил кардааст. Мирзоев Ҷ.А. аз моҳи январи соли 1997 ба ҳайси ассистент ва аз соли 2001 ба ҳайси муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърих ифои вазифа намуда, дар зимни фаъолияти кориаш борҳо бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои давлатӣ сарфароз гардидааст. Ӯ дар ҳоли имрӯз ходими калони илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ маҳсуб ёфта, ҳамзамон бо Донишгоҳи миллӣ низ ҳамкории қавӣ дорад.
Мирзоев Ҷурабек Абдулович муаллифи як монография, ду китоби дарсӣ, теъдоди зиёди барномаҳои корӣ, зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ дар боби таърихнигории таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар масоили умдаи таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Феҳристи интишороти илмӣ
Монография
- Мирзоев Ҷ. А. Таърихнигории таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол / Ҷ.А. Мирзоев. – Душанбе, 2020. – 228 с. ISBN 978 – 99975-64-98-6
Воситаҳои таълимӣ:
- Мирзоев Дж. А. История таджикского народа (учебно-методический комплекс) / П. А. Пирназарова, Дж. А. Мирзоев. – Душанбе, 2018. – 360 с. ISBN 978-99975-49-67-9.
- Мирзоев Ҷ. А. Таърихи халқи тоҷик (комплекси таълимӣ-методӣ) / Б. Р. Қурбонов, Ҷ. А. Мирзоев, П. А. Пирназарова, А. М. Мансурзода. – Душанбе, 2021. – 444 с. ISBN 978-99975-49-67-9
Мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ба табъ расидаанд:
- Мирзоев Ҷ. Роҷеъ ба таърихнигории таърихи сиёсии Тоҷикистон дар охири асри ХХ – ибтидои асри ХХI / Ҷ. Мирзоев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2017. - №3/4. – С. 39-43. ISSN 2074 – 1847.
- Мирзоев Ҷ. Инъикоси ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар охири асри ХХ – ибтидои асри ХХI / Ҷ. Мирзоев // Муаррих. – 2018. - №2 (14). – С. 45-50. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Масоили омӯзиши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон дар таърихнигории муосир / Ҷ. Мирзоев // Номаи Донишгоҳ. – 2018. - №1 (54). – С. 56-64. ISSN 2077 – 4990.
- Мирзоев Ҷ. Масоили омӯзиши сиёсати минтақавии Тоҷикистон дар таърихнигории ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ.Мирзоев // Муаррих. – 2018. - №4 (16). – С. 37-46. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Инъикоси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) дар таҳқиқоти муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ. Мирзоев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2019. - №1. – С. 111-118. ISSN 2074 – 1847.
- Мирзоев Ҷ. Масоили омӯзиши ҳамкориҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар таърихнигории ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ. Мирзоев, Ф. Розиқов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2019. - №5/2. – С. 39-44. ISSN 2074 – 1847.
- Мирзоев Ҷ. Инъикоси воқеаҳои феврали соли 1990 дар Тоҷикистон дар таҳқиқоти муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ. Мирзоев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2019. - №5/2. – С. 54-58. ISSN 2074 – 1847.
- Мирзоев Ҷ. Масоили омӯзиши даврабандии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) дар осори муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ. Мирзоев // Муаррих. – 2019. - №2 (18). – С. 85-90. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси он дар таърихнигории ватанӣ / Ҷ. Мирзоев // Муаррих. – 2019. - №3 (19). – С. 76-83. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Инъикоси масоили сулҳу ваҳдати тоҷикон ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар таърихнигории ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ.Мирзоев // Муаррих. – 2020. - №1 (21). – С. 85-90. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. А. Инъикоси ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар таърихнигории ватанӣ / Ҷ. Мирзоев, А. Асомиддин // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – 2020. - № 8. – С. 75-80. ISSN 2074 – 1847.
Мақолаҳои дар дигар нашрияҳо ба табърасида:
- Мирзоев Ҷ. Баъзе масъалаҳои таърихи сиёсӣ дар таърихнигории Тоҷикистони соҳибистиқлол / Ҷ. Мирзоев // Муаррих. – 2016. - №3 – 4 (8). – С. 102-108. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар таърихнигории ватанӣ / Ҷ. Мирзоев // Муаррих. – 2017. - №1 – 2 (10). – С. 99-107. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон дар интиҳои асри ХХ – ибтидои асри ХХI / Ҷ. Мирзоев // Муаррих. – 2017. - №3 – 4 (12).–С.82-94. ISSN 2789294 – 8.
- Мирзоев Ҷ. Инъикоси таърихи фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҳқиқоти муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ / Ҷ. М. Неъмонов, Ҷ. Мирзоев // Международная научно-практическая дистанционная конференция. – Душанбе, 2019. – С. 198-202.