САҲМИ БАХШИ БОСТОНШИНОСӢ
ДАР ОМӮЗИШИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Ҳайати кормандони Шуъба
|
Сайфуллоев Нурутдин - мудири Шуъба
|
Каримова Галина - Ходими пешбар илмӣ |
Худжагелдиев Тура - Ходими калони илмӣ |
Қаландарова Олия - Ходими илмӣ |
Шарипов Абдулло - Ходими хурди илмӣ
|
Ашурмадов Исломҷон - Ходими хурди илмӣ |
Қараев Аслиддин - Ходими хурди илмӣ |
Қодирова Малика - Лаборант |
Раванди бавуҷудоӣ ва ташаккули илми таърихи кишвар бо бозёфт ва таҳқиқи маводҳои бостоншиносӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ алоқаи зич дорад. Таърихи омӯзиши бостоншиносии Тоҷикистон ин таърихи бисёрсолаи ҷустуҷӯҳои илмиест, ки дар он ҳамасола нафарони зиёд иштирок мекунанд ва карда истодаанд.
Гуфтан мумкин аст, ки сароғози омӯзиши бостоншиносӣ дар қаламрави Тоҷикистон ин тавассути Ҷӯраалии Мамадалӣ дар соли 1932 бозёфти бойгонии ҳуҷҷатҳои суғдии асри VIII аз кӯҳи Муғ, буд ки аввалину то ҳол ягона дар Осиёи Миёна мебошад. Пас аз омӯзиши ҳуҷҷатҳои арабӣ тавассути В.А. ва И.Ю.Крачковскийҳову аз ҷониби С.Л.Волин бозомӯзии маълумотҳои муаллифони форсу араб оиди Болооби Зарафшон ва ахбори А.А.Фрейман дар бораи ҳуҷҷатҳои суғдӣ диққати шарқшиносони дунё ба Кӯҳистон зиёд гашт ва инчунин он ба оғози корҳои бостоншиносӣ мусоидат намуд.
Тадқиқотҳои мунтазами бостоншиносӣ дар Тоҷикистон аз соли 1946, пас аз ташкилшавии Экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷик – СТАЭ (Согдийско-таджикская археологическая экспедиция) аз ҷониби Институти таърихи фарҳанги моддии Академияи илмҳои ИҶШС, Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС ва Эрмитажи давлатӣ бо сардории А.Ю.Якубовский оғоз гардидааст.
Тадқиқотҳое, ки тавассути ин экспедитсия бо сардории А.И.Беленитский ва М.М.Дяконов сурат гирифтанд ин оғози омӯзиши илмии ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон буд. Ба А.Ю.Якубовский муяссар шуд, ки гурӯҳи калони бостоншиносон ва шарқшиносонро гирд оварад. Баъдан ин коллектив барои насли ояндаи бостоншиносони Тоҷикистон ва Иттифоқи Шӯравӣ ҳамчун намунаи ибрат хизмат намудааст.
Пажӯҳишҳои оғознамудаи А.Ю.Якубовскийро, ки тадқиқоти пурраву сартосарии бостоншиносии Кӯҳистон ва Фалғарро дар бар мегирифт ва дар ҷои аввал ҳаффории Панҷакенти қадим меистод, минбаъд О.И.Смирнова (солҳои 1947-1948), А.М.Мандельштам (солҳои 1952-1953) ва Б.Я.Ставиский (1957-?) давом доданд. Дар соли 1949 бо ташаббуси А.Ю.Якубовский гурӯҳи махсуси бостоншиносии Уструшан ташкил гардид, ки мутахассисони он (О.И.Смирнова, А.М.Мандельштам, Н.Негматов) ба омӯзиши пешакии ёдгориҳои таърихии ҳудуди васеъи Тоҷикистони Шимолӣ, аз соҳилҳои Сирдарё сар карда то доманакӯҳҳои Туркистон пардохтанд. Пажӯҳиши Тоҷикистони Ҷанубӣ ба зиммаи Гурӯҳи бостоншиносии Хуттал зери сарварии А.М.Беленитский вогузор гардид.
Ҳаффории ёдгориҳои маъруф ба монанди Кайқубодшоҳ, Қалъаи Мир, Тӯпхона ва ғ. оғоз гардид. Роҳнамову чашмандозҳои таърихӣ – Ҷуғрофияи Фалғар (С.Л.Волин), Водии Ҳисор (М.М.Дяконов), Топографияи таърихии Хуҷанд (А.Е.Маджи), Хуттал (А.М.Беленитский), таҳия шуда ҷадвали таҳаввули маданияти Бохтар (М.М.Дяконов) тайёр гардид. Вобаста аз васеъ гардида аз ҳудуди як ноҳия баромадани тадқиқотҳо, сохтори экспедитсия босозӣ шуд. Соли 1952 вай номи Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон – (ТАЭ) (Таджикская археологическая экспедиция) – ро гирифт. Барои ташкилшавии ин экспедитсия котиби КМ ҲК Тоҷикистон Б.Ғ.Ғафуров, саҳми бузург гузошт. Вай аҳамияти корҳои бостоншиносиро хело хуб дарк намуда, соли 1944 дар нахустин нишасти илмии филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС гуфта буд: «Барои пажӯҳиши таърихи замони қадим ва дигар даврони таърихии халқи тоҷик ва Тоҷикистон маводҳои бостоншиносӣ маълумотҳои зиёду пурарзиш дода метавонанд». Ташкили Институти таърихи Академияи илмҳо моҳи апрели 1951, ва шӯъбаҳои бостоншиносиву сиккашиносӣ дар он бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Б.Ғ.Ғафуров сурат гирифтааст. Дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ набуданд ва тайёр намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва муҳими шуъбаи навсохтор маҳсуб мешуд.
Соли 1947 зери сарварии А.Н.Бернштам экспедитсияи нав ба фаъолият оғоз намуд, ки он бешубҳа қадамҳои нахустин дар омӯзиши ёдгориҳои қадим дар ҳудуди Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ ба ҳисоб меравад. А.Н.Бернштам қариб ҳамаи водиҳои асосии Помири Шарқӣ: Оқбайтал, Оқсу, Аличур, Яшилкӯл ва Булункӯл ва дар ҳудуди Помири Ғарбӣ водиҳои Панҷ, Шоҳдара ва Ғундро таҳқиқ намуд. Аз маводҳои бостоншиносии бадастомада маълум гашт, ки қалъаҳои дар ин мавзеъ мавҷудбуда дар асрҳои III то милод – III милодӣ ва VIII-IХ сохта шудаанд.
Аз соли 1951 то 1971 сарварии бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносиро Б.А.Литвинский ба ӯҳда дошт. Дар тӯли 20 соли ҳаёт ва фаъолияташ дар Тоҷикистон Б.А.Литвинский бо ҳамроҳии Е.А.Давидович фаъолияти соҳаи бостоншиносиро куллан дигаргун намуданд. Дар Ҷумҳурӣ ҷустуҷӯйҳои пайваста ва муташаккилонаи бостоншиносӣ ба роҳ монда шуда, як зумра мутахассисони намоёни нав тарбия карда шуданд. Бо ҳамроҳии Б.А.Литвинский ба бостоншиносии Тоҷикистон аввал шогирдони нахустинаш – В.А.Ранов ва Э.Ғуломова, баъдтар – М.А.Бубнова, Т.И.Зеймал, Э.В.Сайко, Е.Д.Салтовская, Н.Неъматов, А.Д.Бобоев, Т.М.Атахонов, Ю.Яқубов, Л.Т.Пянкова, Л.П.Новикова, А.Х.Юсупов, Х.Ю.Муҳиддинов, Ӯ.Пӯлодов омаданд. Дар охири солҳои 60-ум – аввали солҳои 70-ум бошад ин гурӯҳро насли сеюми бостоншиносон – В.С.Соловёв, В.Жуков, А.Г.Амосова, А.Мирбобоев, А.Абдуллоев, Т.Филимонова, М.Муллоқандов, Н.Симакова, В.Радилиловский ва И.Маслов пурра намуданд. Ҳамзамон соҳаҳои ба бостоншиносӣ наздик ба мувафақиятҳои назаррас ноил гаштанд – пажӯҳишҳои қиёфашиносиро Т.П.Кияткина, сиккашиносиро Д.Довутов ва забоншиносиро бошад В.В.Пянков мебурданд. Дар ин солҳо гурӯҳи мутахассисони ҷавони Бахши Осиёи Миёнаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС, ки Б.А.Литвинский ташкил намуда буд, дар корҳои ҳаффорӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Ба ин гурӯҳ И.Р.Пичикян, А.В.Седов, И.Н.Медведская, Е.Антонова ва Н.М.Виноградова шомил буданд.
Маҳорати истифода аз адабиёт ва дигар маъхазҳо, фазилати беҳамто ва доираи назари васеъ ба Б.А.Литвинский имкон доданд, ки ӯ зуд фаъолияти ҳамкоронро барои омӯзиши ҳаматарафаи ёдгориҳои бостоншиносӣ равона намояд. Усули таркибии таҳлил, ки бори аввал дар Осиёи Миёна барои омӯзиши динҳои қадим ба кор бурда шуд, истифодаи васеи усули семиотикӣ ва дигар навгониҳо дар пажӯҳишҳои бостоншиносӣ маҳз ба ӯ тааллуқ доранд. Дар бахши бостоншиносӣ гурӯҳҳое ташкил карда шуданд, ки тибқи давраҳои таърихии инкишофи башарият махсус гардонида шуда буданд.
Вазъи илми бостоншиносиро баҳо дода истода, М.М.Дяконов ва Б.А.Литвинский якдилона қайд намуданд, ки дар арафаи ташкилшавии бахши бостоншиносӣ, Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳо ба таври назаррас қафо монда буд ва ҳудуди он дар харитаи бостоншиносии Осиёи Миёна доғи сафедеро мемонд. А.П.Окладников вазъияти ба амаломадаро чунин шарҳ додааст: «Дар ҳудуди Тоҷикистон кайҳо боз ёдгориҳои сершуморе маълуманд, ки инкишофи тамаддуни онро дар тӯли асрҳои зиёд инъикос менамоянд. Ин манзараи таърихӣ яку якбора дар ҳудуди ҳазорсолаи аввали то милод канда мешавад».
Соли 1973-юм Экспедитсияи бостоншиносии тоҷик (ТАЭ) ба се зергурӯҳ тақсим шуд: Экспедитсияи маҷмӯавии Тоҷикистони шимолӣ – СТАКЭ (Северо-Таджикистанская археологическая комплексная экспедиция) зери роҳбарии Н.Н.Неъматов, Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони ҷанубӣ – ЮТАЭ (Южно-Таджикистанскую), зери роҳбарии Б.А.Литвинский ва Экспедитсияи бостоншиносии Панҷакент зери роҳбарии А.М.Беленитский ва Б.И.Маршак). Аз ин лаҳза то ҳозир ҳамаи тадқиқотҳои бостоншиносии Бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар ҳамкорӣ бо ин экспедитсияҳо анҷом мепазирад.
Таърихи омӯзиши асри санги Тоҷикистон аз «…якчанд бошишгоҳҳои одамони давраи пешазсинфӣ (неолит)…», ки В.Д.Салочинский ва В.Р.Чейлитко дар солҳои 30-юми асри ХХ аз соҳилҳои дарёи Душанбе бозёфт намуда буданд, оғоз мешавад. Кӯшиши дигарро оиди омӯзиши асри санг С.Н.Замятнин ва М.З.Паничкина дар соли 1943 намуда, дар ғорҳои ноҳияҳои Орҷоникидзеобод, Ҳисор ва Варзоб корҳои ҷустуҷӯӣ гузарониданд. Ин корҳо хусусияти ҳаваскорона доштанд ва аз натиҷааш дар адабиёт маълумотҳои умумӣ боқӣ мондааст. Аз ин сабаб сароғози пажӯҳишҳои илмии асри санги Тоҷикистонро фаъолияти гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯие, ки дар соли 1948 дар ҳайати СТАЭ ташкил шуда буд, ҳисобидан мумкин аст. Бо ташаббус ва заҳматҳои А.А.Семёнов, А.Я.Якубовский ва М.М.Дяконов ба ҳайси роҳбари ин гурӯҳи махсус А.П.Окладников – яке аз олимони барҷастаи илми бостоншиносӣ даъват шуд. Иштирокчиёни ин гурӯҳ В.Д.Запорожская, З.А.Абрамова, В.Е.Ларичев, дар оянда олимони пешқадами асри санги ИҶШС гардиданд. Гурӯҳ фаъолияти худро аз таҳқиқи атрофи ш. Душанбе, қисмати миёнаи ҷараёни д. Кофарниҳон ва водии д. Варзоб оғоз намуд. Дар давоми солҳои 1948-1954 ин гурӯҳ корҳои ҷустуҷӯиро дар навоҳии зерин ба анҷом расонид: 1) дар ҷануб – дар қисмати наздисоҳилии Амударё; 2) дар навоҳии марказӣ – водии Ҳисор; 3) дар шимол – дар ҳавзаи Сирдарё. Ёдгориҳои асри санг дар ҳамаи мавзеъҳои таҳқиқшуда хело зиёд кашф шуданд. Корҳои ба анҷомрасидаро хулоса намуда А.П.Окладников қайд менамояд: «…дар давоми фаъолияти солҳои 1948-1954... дар ҳудуди Тоҷикистон, нишонаҳои фаъолияти инсони қадим дар ҳама ноҳияҳо пайдо карда шуданд» (Окладников, 1959а, с.159).
Самти асосии пажӯҳишҳои гурӯҳи бостоншиносиро таҳқиқи маданияти мустерии соҳилҳои Сирдарё (Литвинский, Окладников, Ранов, 1962), бошишгоҳи палеолити болои Хоҷаи Ғор – аввалин бошишгоҳи дақиқ омӯхташудаи маданияти хазар (баҳримиёназаминӣ), ки дуртарин нуқтаи шарқии паҳншавии ин маданият маҳсуб мешуд, ёдгориҳои давраи мезолит дар наздикии Чилучорчашмаи ноҳияи Шаҳритус, ёдгориҳои наздики деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон, ёдгориҳои Даҳана Киик ва Оби Киик дар наздикии Данғара ташкил медоданд.
Дар ин солҳо ҷустуҷӯи ёдгориҳои даврони неолит низ бомуваффақият идома доштанд. Дар вақти тадқиқи соҳилҳои рӯдхонаҳои Кофарниҳон, Хонақоҳ ва Лучоб маҳалҳои зиёде пайдо гардиданд, ки маданияти он аз маданиятҳои дар ҳамсоягибудаи Ҷайтун ва Калтаманор ба куллӣ фарқ мекарданд. А.П.Окладников ин маданияти куҳистонии Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории бузурги ин давра – Теппаи Ғозиёни Ҳисор маданияти Ҳисор номида таърихашро дар ҳудуди ҳазорсолаи IV-III пеш аз милод муайян намуд (Окладников, 1959а). Ҳамин тавр барои омӯзиши давраи асри санг дар ҳудуди Тоҷикистон заминаи мустаҳкам гузошта шуд.
Дар солҳои 1953-1959 ба ғайр аз гурӯҳи асосии А.П.Окладников инчунин гурӯҳи алоҳида бо сардории В.А.Ранов фаъолият намуд. Дар асоси маводҳои ҳаффоришуда ду варианти маҳалии палеолити миёна пешниҳод карда шуд, ки бошишгоҳи Ҷарқутан (Тоҷикистони шимолӣ) варианти техникии мустерии маъмул бо истифодаи техникаи леваллуазӣ ва Қаробура бо Оқҷар (поёноби д.Вахш)– мустерӣ-соаниро муаррифӣ менамуданд.
Соли 1959 Б.А.Литвинский ва В.А.Ранов тадқиқотҳоро дар доманакӯҳҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон шурӯъ намуданд. Дар ҳудуди шаҳраки Шаҳристон, дар мавзеъи Оқтангӣ ёдгории бисёрқабатае пайдо гардид, ки замони маводҳои он давраҳои гуногун – аз мезолит сар карда то асрҳои миёнаи мутараққиро дар бар мегирифт. Маводҳои қабати поёнӣ ба маводҳои давраи неолити Фарғонаи Марказӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, дар қабатҳои болотар коркарди санг ба маданияти Ҳисор монандтар мешавад.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯие, ки А.П.Окладников, В.А.Ранов ва Э.А.Юркевич дар миёна ва охири солҳои 50-ум гузарониданд, маълум гашт, ки минтақаи паҳншавии ёдгориҳои Маданияти Ҳисор хело васеъ будааст. Дар натиҷаи ин корҳо дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхобу Яхсу, боқимондаҳои як қатор бошишгоҳҳои муваққатӣ, ба монанди Санги Ӯғур, Тангатовтӣ, Қизилҷар, Калкот ва ғ. инчунин бошишгоҳҳои доимии – Тутқавул, Сайёд ва Кӯйи Булён муайян гардиданд.
Ҳамин тариқ то соли 1960, то аз ҷониби А.П.Окладников ба анҷом расонидани тадқиқотҳояш дар Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аллакай зиёда аз 130 ёдгориҳои асри санг ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз онҳо маводҳои зиёд ба даст омада буданд. Ҷустуҷӯйҳои худро хулоса намуда А.П.Окладников қайд намудааст, ки: «…дар давоми фаъолияти солҳои 1948-1954... дар ҳудуди Тоҷикистон, нишонаҳои фаъолияти инсони қадим дар ҳама ноҳияҳо пайдо карда шуданд» ва «… бори аввал нишониҳои сершумори фаъолияти инсони қадим муайян гардиданд». Ин ёдгориҳо муайян намуданд, ки инсон дар ҳудуди Тоҷикистон чун дар дигар манотиқи Осиёи Миёна хело барвақт, дар замони палеолити қадим пайдо гардидааст.
Ковишҳои бостоншиносии солҳои 50-ум имконияти гузаштан аз қайд намудани далелҳои хушк ба фаҳмиши ҷараёни инкишофи маданияи асри санг дар ҳудуди Тоҷикистонро доданд. Ақида оиди зиёд будани алоқаҳои аҳолӣ бо ҷануб дар замони палеолити қадим ба назар гирифта шуда бошад ҳам, масъалаи эҳтимолияти алоқаҳои маданӣ бо Сибир ва Осиёи Марказӣ низ аз байн бардошта нашуда буд. Оиди замони мезолит ақидаи А.П.Окладников дар бораи ба ду гурӯҳ ҷудо намудани ёдгориҳо, ки онро В.А.Ранов низ тарафдорӣ намудааст, роиҷ буд. Агар ба гурӯҳи якум саноати хусусияти лавҳасангӣ дохил мешуд, ки маводҳои он микролитҳои шакли ҳандасӣ дошта бошанд гурӯҳи дигар ин хусусиятро надоштанд. Аз ин лиҳоз маданияти якумро мезолитӣ меҳисобанд ва маданияти дигарро эпипалеолитӣ (Окладников,1966; Ranov, Davis, 1979,р.249-262; Ранов, 1988, с.34). Ин нуқтаи назар тахмин менамояд, ки саноати лавҳасангии мезолит аз берун бо роҳи муҳоҷират ва омезиши маданияти беруна дохил шуда бошад, маданияти эпипалеолит ин натиҷаи инкишофи маданияти таҳҷоии маҳаллӣ мебошад.
Дар замони неолити маданияти Ҳисор, дар услуби коркарди санг баъзе аз хусусиятҳо аз замони мезолит боқӣ монда бошад ҳам усули муосири пешрафтаи суфтакунӣ низ васеъ истифода мегардид.
Фаъолияти иқтисодии қабилаҳои ҳисориро омӯхта истода А.П.Окладников тахмин мекунад, ки онҳо аввалин зироаткорон ва чорводороне буданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза умр ба сар бурдаанд.
Пас аз хотимаи тадқиқоти А.П.Окладников, аз соли 1960 сар карда дар давоми 45 сол, ҳамаи корҳо оиди пажӯҳиши асри санг дар зери роҳбарии В.А.Ранов сурат гирифтааст. Дар солҳои 1956-1958 ва 1960 –ум натиҷаи корҳои назаррас дар Помири Шарқӣ ба бозёфти бошишгоҳи асри санги дар нуқтаи баландтарини дунё ҷойгиршуда – Маркансу ва ду мағораи петроглифдор – Шахтӣ ва Куртеке оварда расонд. Пас аз чанд сол бошад, В.А.Жуков дар солҳои 1971-1975 нишонаҳои ҳаёти нисбати бошишгоҳи Ошхона қадимтари Помири Шарқиро дар водии рӯдхонаи Аличур бозёфт намуд. Онҳо дар соҳили рӯдхонаи Сулистиқ, дар баландии 4060 метр аз сатҳи баҳр мағораи Истиқро дарёфт намуданд, ки он шарқтарин нуқтаи паҳншавии маданияти шарқиназдикӣ бо олоти микролитҳои ҳандасӣ ба шумор меравад.
Дар солҳои 60-ум гурӯҳи бостоншиносие, ки В.А.Ранов сардорӣ мекард тадқиқотро дар бошишгоҳҳои палеолити қадими Кӯҳипиёз ва мустерии Симиганҷ гузаронида дар бошишгоҳи палеолити ҷадиди Шуғнов, ки дар баландии 2000 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ҳаффорӣ менамоянд. Инчунин онҳо дар бошишгоҳи Оби Киик тадқиқотро давом доданд, ки маълумотҳои дар он вақт нокифояи маданияти мезолитро пурра намуданд.
Дар соли 1963 гурӯҳи Норакии Экспедитсияи Бостоншиносии Тоҷикстон таҳти роҳбарии В.А.Ранов дар яке аз калонтарин бошишгоҳҳои одамони асри санг – Тутқавул ба пажӯҳиш оғоз намуд. Қабатҳои мадании ин ёдгорӣ давраҳои ҳам мезолит бо олоти шакли шарқиназдикидошта ва ҳам неолитро бо маснуоти хоси маданияти Ҳисор доро буданд. Дар Тутқавул бори аввал барои маданияти Ҳисор маводҳои антропологӣ дарёфт карда шуданд.
Дар ҳамин замон Э.А.Юркевич дар вақти таҳқиқи соҳилҳои Сурхоб якчанд бошишгоҳҳои хурд ва як бошишгоҳи бузург – Макониморро дарёфт намуд, ки саноати олоти сангии он якхела набудани маданияти замони неолитро дар ҳудуди Тоҷикистон нишон медиҳад.
Соли 1967 гурӯҳи бостоншиносӣ зери роҳбарии А.Х.Юсупов ба таҳқиқотҳои дарозмуддат дар минтақае, ки бояд зери обанбори Норак мемонд оғоз намуд. А.Х.Юсупов ба ҳаффории бошишгоҳи давраи неолит – Сои сайёд, ки аз рӯи масоҳат дуввумин буд, оғоз намуд. Маълум гашт, ки ин ёдгорӣ се қабати маданӣ – ду қабати давраи неолит ва як қабати мезолитӣ дошта олоти сангии меҳнати он махсусиятҳои ёдгориҳои неолитӣ доранд. Ин имкон дод, ки масъалаи ташаккули Маданияти Ҳисор қисман ҳал гардад.
Фаъолияти солҳои 60-умро хулоса намуда Б.А.Литвинский қайд менамояд: «…бори аввал дар Осиёи Миёна дар масоҳати маҳдуд (Пастхамии Тоҷик) зинаҳои инкишофи муттасил ва мунтазами асри санг ошкор гардид, ки аз давраи мустерӣ (Қара Бура, Симиганҷ, Оғзи кичик) оғоз гардида, баъдан ба воситаи палеолити қадим (Шуғнов) ва мезолит (Шуғнов, Тутқавул) ба марҳалаи аввали инкишофи Маданияти Ҳисор (Тутқавул, Сайёд) ва пас ба марҳалаҳои минбаъда Кӯи булён, Муллониёз, Кӯҳнабой) омада расидааст».
Солҳои 70-ум дар ҳафориҳои бошишгоҳҳои палеолити поён, ки зери роҳбарии В.А.Ранов мегузаштанд, омӯзиши палеолити зардхок, ки намуди махсуси ёдгориҳои палеолит маҳсуб мешуд дар ҷои аввал меистод. Дар натиҷаи ҳамкории зич бо геологҳо А.А.Лазаренко, А.Е.Додонов ва дигарон В.А.Ранов корҳои зиёдеро оиди нақшакашӣ ва санагузории қабатҳои зардхок ба анҷом расонид. Ӯ бо ҳамроҳии шогирдонаш В.А.Жуков ва А.Г.Амосова дар ёдгориҳои палеолити поён – Қаратоғ I, Лоҳутӣ I, Кӯлдара, Обимазор, Қарамайдон, Хонақоҳ ҳаффорӣ гузаронд. Ин маданияти палеолити қадим, ки бо қадимтарин коркарди қайроқсанг асос ёфта аст, вобаста аз номи бошишгоҳи нахустин дар илми ҷаҳонӣ бо номи Маданияти Қаротоғ маъруф аст. Бошишгоҳи Кӯлдара бошад то имрӯз қадимтарин ёдгории Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта синни таърихии он 950 ҳазор сол мебошад.
Дар солҳои 70-ум низ барои давраҳои палеолити миёна ва неолит корҳои назаррас ба итмом расонида шуданд. Дар ин бобат фаъолияти В.А.Ранов, В.Жуков ва А.Г.Амосоваро дар ғори Оғзикичик қайд намудан бамаврид аст. Аз рӯи миқдор, гуногунрангӣ ва такмил дар байни ёдгориҳои мустерии Осиёи Миёна олоти Оғзикичик ҷои аввалро ишғол намуд. А.Г.Амосова дар водии Бешкент бошишгоҳҳоеро кашф намуд, ки олоти сангии он инкишофи баланди саноати хусусиятҳои микролитидоштаро инъикос намуда мансуби ҳазорсолаи чоруми то милод буданд.
Дар солҳои 70-ум, аввали солҳои 90-ум гурӯҳи бостоншиносии Вахш корҳои бостоншиносиро дар минтақаи обанбори Норак давом доданд. Дар натиҷа 143 ёдгории замонҳои гуногун маълум гаштанд, ки баёнгари инкишофи саноати асри санг, аз палеолит то давраи биринҷӣ буданд. Бошишгоҳҳои мустерӣ мавҷудияти инкишофи дугонаи саноати коркарди санг – леваллуазии омада ва қайроқсанги таҳҷоӣ ва дар баъзе бошишгоҳҳо махлутшавии онро таъкид намуданд. Маводҳои сангии аз бошишгоҳи Дараи шӯр бадастомада, ки ҳамгунаи қабати геологии Тутқавул 2 мебошанд имконият доданд, ки ин гурӯҳи ёдгориҳоро бо намунаи маҳалии Маданияти Вахш, ки асоси неолити Ҳисор аст, муттаҳид намоем.
Дар натиҷаи фаъолияти А.Юсупов дар водии Ёвон 86 адад ёдгориҳои гуногунзамон кашф шуданд, ки бошишгоҳҳои палеолити миёнагии Қаротоғ II, Кулон III, Ғофилобод; палеолити болоии Тӯтибулоқ, Қапчиғай, Ғорбулоқ I, Қамбар I, Тӯйроп; мезолитии Дастгираки Боло, Пӯстхур, Навобод, Тоқидара, Обимӯкӣ, Қашқараҳа аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ба миқдори зиёд – 70 ёдгориҳои неолитӣ, ки бо якгуншавии усули коркарди олоти сангии чахмоқсанги пластикӣ ва қайроқсанги махсуси Маданияти Ҳисор фарқ мекарданд, кашф ва тадқиқ карда шуданд.
Дар солҳои 80-ум бошад В.В.Радилиловский ва Т.Г.Филимонова дар болооби дарёи Ширкент як қатор бошишгоҳҳои замони палеолити болоро кашф ва тадқиқ намуданд, ки саноати коркарди санги онҳо бо ёдгориҳои даштии Шарқи наздик алоқаҳои зиёд доштанд. Ин гуногунрангии роҳҳои тарақиёти ҳаёти одамони замони асри сангро дар қисмати кӯҳистони Осиёи Миёна таъкид менамуд. В.В.Радилиловский дар соҳилҳои дарёчаи Оҷук – шохоби Варзоб бори нахуст олотҳоеро дарёфт намуд, ки дар он булӯри кӯҳӣ истифода шуда буданд. Аз байни онҳо Бошишгоҳи Оҷук-6 қобили таваҷҷӯҳ мебошад, ки дар панҷ қабати мадании он маданиятҳо аз палеолити миёна то мезолит муттасил ва мунтазам иваз мешуданд. Барои қабати 3-юми Оҷук санаи радиокарбонӣ ба даст омад, ки 21900±800 ё 19950±800 сол пеш аз милодро ташкил медод.
Барои дақиқтар намудани тахминҳо оиди Маданияти Ҳисор, ки пештар баён шуда буданд, тадқиқот дар бошишгоҳи неолитии Кӯйи Булён (Т.Г.Филимонова) ва Теппаи Ғозиён (А.Г.Амосова) аз нав ба роҳ монда шуданд. Маълумотҳое, ки дар натиҷаи ин кофтуковҳо ба даст омаданд тасавуротро оиди нақша, хусусиятҳои қабатҳои маданӣ ва фаъолияти қабилаҳои Маданияти Ҳисор ба таври назаррас дигар намуданд. Дар худи ҳамин вақт В.А.Ранов ва Т.Г.Филимонова ба омӯзиши қабати неолитии Кангурттут шурӯъ намуданд, ки нақшаи ҷойгиршавиаш ба масъалаи марҳалаи охирини Маданияти Ҳисор, ки то ивазшавии он ба замони биринҷӣ тӯл мекашид, равшанӣ меандохт.
Дар солҳои 90-ум дар робита бо ҷанги шаҳрвандӣ ва қатъ гаштани маблағгузорӣ, соҳаи бостоншиносӣ фақат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ гузаронда мешуд. Қисман дар чорчӯбаи барномаи INTAS (Ас-сотсиатсияи байналмилалии маблағгузории олимони ИДМ), Бунёди олмонии тадқиқотҳои илмӣ, Ҷамъияти миллии географии ИМА, гурӯҳи Тоҷикистону Олмонии кофтукови бостоншиносии тоҷикӣ-русӣ-белгиягӣ, буришҳои зардхоки навоҳии Файзободу Ховалинг ва ҳафриёти зардхок дар бурришҳои Хонақоҳ III, IV ва Оби-Мазор тадқиқ карда шуданд.
Бозёфти боқимондаҳои бошишгоҳҳои палеолити миёна дар заминҳои зери хокмонда хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, ки таърихи 70-240 ҳазорсола доранд. Дар бурриши Хонақо III, дар қабати дуюми зардхоки бошишгоҳ, ки таърихи 180-240 ҳазорсола дорад, бори нахуст боқимондаҳои муътамади истифодаи оташ – оташдонҳои кушод ёфта шуданд. Корҳои муштарак аз ҷиҳати мушаххастар омӯхтани шароити иқлимии ташаккулёбии палеохок фарқ мекарданд.
Дар доираи ҳамин лоиҳа дар бошишгоҳҳои палеолити миёнаи Хӯҷӣ (ноҳияи Шаҳринав) низ кофтуков гузаронда шуд. Олоти сангии ба даст омада нишон медод, ки онҳо ба намунаи коркарди леваллуа-мустерӣ тааллуқ доранд. Дар бошишгоҳ дандони одами неандартал ёфт шуд, ки дар Тоҷикистон бозёфти аввалини антропологӣ буд. Чунин бозёфт дар бошишгоҳи Дӯстӣ, воқеъ дар пуштакӯҳи Харгӯшон низ ёфта шуд, ки ташхиси термолюминестсентӣ санаи онро 71,5±15,6 ҳазор сол нишон дод. Солҳои 2001-2002 ҳангоми кофтуковҳои ёдгории давраи Юнону Бохтарии Тахти Сангин (А.П.Дружинина, Т.Хӯҷагелдиев), кашфиётҳои ҷолиби таваҷҷуҳ карданд. Онҳо аз байни қабатҳои бостонӣ, қабати дар ҳолати хуб боқимондаи давраи неолитро пайдо намуданд, ки барои маданиятҳои манотиқи даштии болооби Амударё бори аввал буда, санаи дақиқи он ба солҳои 4250-3790 то замони мо рост меояд. Ин кашфиёт назарияи дар як замон вуҷуд доштани ду маданияти гуногуни давраи неолитро дар қаламрави Афғонистону Тоҷикистон тасдиқ месозад. Оғози солҳои 2000-умро давраи эҳёи илми бостоншиносии тоҷик номидан мумкин аст, зеро дар ин солҳо масъалаи таҳқиқи дақиқи тамоми ёдгориҳои таърихию бостоншиносии вуҷуддоштаи қаламрав ва атрофи шаҳри Кӯлоб ба миён гузошта шуд. Дар муддати се мавсими саҳроӣ аз тарафи гурӯҳе, ки ба кофтукови ёдгориҳои асри санг машғул буд (Т.Г.Филимонова, М.Р.Ахметзянов), ду бошишгоҳи калони давраи неолит – Чармгарон ва Лӯлакӯтал ёфта шуданд. Бошишгоҳи Лӯлакӯтал бештар ҷолиби диққат мебошад, зеро дар он ҷо иншооте ёфта шуд, ки назираш дар ягон минтақаи ҷаҳон нест ва аз ин хусус он ҷоро «макони муқаддас» ном ниҳоданд. Дар соҳили муқобили дарёи Яхсу, дар наздикии деҳаи Ғелот ду гӯрхонаи давраи неолит пайдо карда шуданд, ки дар он ҷо боқимондаҳои оташи маросимӣ боқӣ монда буд. Вижагии бозёфтҳои асри санг имконият доданд, ки гурӯҳи ёдгориҳои мутааллиқ ба навоҳии Кӯлобро ба ҳайси варианти махсуси маданияти неолитии Ҳисор ҷудо намоянд.
Натиҷаҳои таҳқиқи давраи ибтидоиро ҷамъбаст намуда, чунин хулоса бароварда метавонем, ки бахши бостоншиносӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз намуда дар тӯли 60 сол таҳаввули маданияти асри сангро дар Тоҷикистони Ҷанубӣ пурра тавсиф карда тавонистааст. Дар ҳоли ҳозир мо метавонем силсилаи маданиятҳои якдигарро ивазкунандаи инсонро, ки бори нахуст дар Кӯлдара маскун шуда буданд ва таърихи 950 ҳазорсола доранд, мушоҳида кунем. Таҳқиқи ёдгориҳои хуб табақабандишуда бо истифода аз усулҳои табиию илмӣ ба В.А.Ранов имкон доданд, ки даврабандии асосноки асри сангро дар ҳудуди Тоҷикистон тартиб диҳад, ки он дар саросари Осиёи Марказӣ ба равияи асосӣ табдил ёфт. Дар рафти корҳои ҳафриётӣ ва сафарҳои ҷустуҷӯии 60-сола теъдоди бузурги бозёфтҳо ҷамъоварӣ гаштанд, ки бештар аз 300 ҳазор ададро ташкил мекунанд. Бештар ба табъу нашри корҳои таҳқиқотӣ диққати махсус дода шуд, ки натиҷаи онҳо асарҳои зерин мебошанд: «Асри санг дар Тоҷикистон» («Каменный век Таджикистана», Ранов, 1965); «Палеолит ва табақабандии антропогени Осиёи Марказӣ» («Палеолит и стратиграфия антропогена Средней Азии», Несмеянов, Ранов, 1973); «Таърихи ташаккулёбӣ ва қадимтарин минтақаҳои аҳолинишини водии Бешкент» («История формирования и древнейшее заселение Бешкентской долины», Амосова, Ломов, Несмеянов, 1991).
Яке аз дастовардҳои бузург дар пажӯҳиши давраи палеометалл ин дар соли1976 кашфи шаҳраки кишоварзии қадимаи Саразм дар водии Зарафшон буд. Пайдоиши ин шаҳрак ба давраи неолит таллуқ дошта алҳол дар ҳудуди Тоҷикистон ягона мебошад. Ҳафриётро дар солҳои 1977 – 1997 А. Исҳоқов гузаронида баъдан шогирдони ӯ А.Р.Разоқов, Ш.Ф. Қурбонов, Г.Р. Каримова идома додаанд. Ҳафриёт аз тарафи экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Фаронса бо роҳбарии А.Франкфорт ва Р.Безенвал гузаронида шуда бозёфтҳои он мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор гирифтанд.
Махсусан қабре, ки бо номи «Маликаи Саразм»машҳур аст ҷолиб мебошад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз муносибатҳои маданӣ ва тиҷоратии сокинони он бо Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон шаҳодат медиҳанд. Онҳо ҷабҳаҳои гуногуни фаъолиятҳои аҳолӣ – масъалаи рушди маданияти моддӣ, фаъолияти истеҳсолии аҳолӣ, маънавиёт ва дину оини саразмиҳоро тавзеҳ медиҳанд.
То кадом андоза омӯхта шудани давраи биринҷӣ дар лаҳзаи ба вуҷуд омадани бахши бостоншиносӣ аз тарафи Б.А. Литвинский дар мақолаи ҷамъбастии ӯ оид ба омӯзиши бостоншиносии Тоҷикистон баръало инъикос гардида буд: «Ҳоло дар бораи ёдгориҳои асри биринҷӣ кам маълум аст. Бояд қайд кард, ки ягон ёдгории замони биринҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ дарёфт нашудааст, танҳо якчанд бозёфтҳои тасодуфӣ маълуманд. Инҳо як чанд қабр бо зарфҳои сафолӣ, ки П.И. Смоличев ва А.И. Тереножкина дар ҳудуди шаҳри Душанбе бозёфт намудаанд, табарҳои мисӣ аз деҳаҳои Арақчин (Варзоб) ва Шаршар (дар ҷануби Душанбе), ва ханҷари биринҷии аз Ромит ёфташуда мебошанду халос».
Дар солҳои 1954-1956 Б.А.Литвинский ҳангоми тадқиқоти бошишгоҳҳо ва қабристонҳои замони биринҷӣ ва оҳани қадим дар Қайроққум, нишонаҳои муҳоҷирати «Ориёиҳо»-и афсонавиро аз саҳроҳои шимолӣ ба Осиёи Миёнаро ошкор намуд. Бозёфтҳои Қайроққум имконияти хеле хуб фароҳам оварданд, ки таърихи қабилаҳои ҳиндуэронии давраи биринҷӣ, бевосита дар Тоҷикистон омӯхта шаванд. Дар натиҷа маданияти нави то ин замон номаълуми давраи биринҷӣ шарҳу тавсиф шуд, ки бо номи Маданияти Қайроққум машҳур аст. Натиҷаҳои тадқиқоти давраҳои қадим ва қадимтарин дар китоби «Қайроққуми қадим: таърихи антиқаи Тоҷикистони Шимолӣ (Древности Кайрак-Кумов: Древнейшая история Северного Таджикистана» (Литвинский, Окладников, Ранов, 1962) инъикос ёфтааст.
Кашфиёти ёдгориҳои замони биринҷӣ дар шимоли Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи ёдгориҳои ҳамин давра дар ҷануби кишвар мусоидат намуд. Тадқиқоти ёдгориҳои давраи биринҷиро аввал М.М.Дяконов ба ӯҳдаи худ гирифт. Вай дар Тӯпхонаи Ҳисор нахустин қабрҳои тасодуфиро аз қабристони давраи кушониҳо меёбад. Баъдтар А.М.Менделштам ҳангоми пажӯҳиши водии Бешкент қабристонҳои қӯрғонии Тулхори қадим ва Аруқтоғи қадимро ошкор менамояд, ки барои ба тартиб даровардани давраҳои хронологии қабрҳои Бохтари қадим асос гузоштаанд. Дар асоси ин маводҳо маданияти нави даштии аҳди биринҷии Бешкент, ки чорводорони қабилаҳои Бохтар ба вуҷуд оварда буданд ҷудо карда шуд. Марҳалаи муҳим дар пажӯҳиши давраи биринҷӣ ин тадқиқоти қабристонҳое буданд, ки дар поёноби дарёҳои Вахш, Панҷ, Қизилсу (Сурхоб) ҷойгиранд. Бо роҳбарии Б.А. Литвинский ва шогирдони ӯ ҳафриёти қабристонҳои Вахш I (Э.А.Юркевич), Макони Мор (Л.Т.Пянкова, Ю.Яқубов, Х.Ю.Муҳитдинов), Бешаи Палангон, Ойкӯл ва Ҷаркӯл (Х.Ю.Муҳитдинов, Л.Т.Пянкова) шурӯъ шуданд, ки онҳо инъикоскунандаи маданияти моддии нави аз маданиятҳоии пештар маълумшуда фарқкунанда мебошанд. Б.А.Литвинский онро ҳамчун маданияти нав, яъне маданияти Вахшро ҷудо намуд ва Л.Т.Пянкова аз маводи қабристони аз ҳама калони он – Бешаи Палангон рисолаи илмии «Чорводорони қадими Тоҷикистони Ҷанубӣ»-ро (1989) навишт. Дар ин рисола таснифоти иншоотҳои дафнкунӣ кор карда баромада шудааст, ки то ҳол он нусхаи намунавӣ (эталон) мебошад. Тадқиқотҳои бисёрсола нишон доданд, ки аз қадимулайём мавқеъи ҷойгиршавии қабристонҳоро сокинон як чанд бор истифода мебурданд ва дар ин қабристон дафнкунии якчанд замонро мушоҳида кардан мумкин аст. Маводҳои антропологӣ имконият доданд, ки қиёфашинос Т.П.Кияткина барои муайян кардани генӣ-нажодӣ тадқиқоти васеъ гузаронд. Тадқиқот нишон дод, ки аз замонҳои хеле қадими маскуншавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон нажоди аҳолӣ аврупоии намуди баҳримиёназаминиро ташкил менамуданд. Ҳафриёти Б.А.Литвинский ва В.С.Соловев дар бошишгоҳи совхози ба номи Киров (Қӯрғонтеппа) боз як роҳи дигари маскуншавии ҳудуди Тоҷикистонро дар давраи биринҷӣ нишон дод.
Маводҳои сафолии нақши шонамонанддошта ба навъи андроновӣ – федоровӣ монанд буданд. Дар солҳои минбаъда ҳузури қабилаҳои андроновӣ дар мавзеъҳои қадимаи Саксанохур, дар атрофи Қаробура, дар қабатҳои болои бошишгоҳҳои неолитии Тутқавул, Сои Сайёд, Қамишлӣ, Тегузак, Кангурттут ва қабристони Туюн ба қайд гирифта шуданд.
Тадқиқоти гурӯҳи экспедитсионии Қаротегин ЭАТҶ (ЮТАЭ) бо роҳбарии Ю.Яқубов нишон дод, ки дар давраи биринҷӣ маскуншавӣ на танҳо дар водиҳо ва доманакӯҳҳо, балки дар худи мавзеъҳои кӯҳӣ низ сурат мегирифт. Махсусан аз худ кардани Рашти қадим дар ҳамин давра ба вуқӯъ омада буд ва инро бозёфти табари биринҷии деҳаи Оқсой, ки ба асри XI п.аз м. мансуб аст, тасдиқ мекунад.
Дар давраи аҳди биринҷӣ чарогоҳҳои баландкӯҳ фаъолона азхуд карда мешуданд. А.Д.Бобоев дар Помири ғарбӣ, дар ноҳияҳои Ишкошим (Вахони қадим) ва Роштқалъа (водии дарёи Шоҳдара) аз байни ёдгориҳои давраҳои гуногун қабристони давраи биринҷии Южбок, Южбок I, II.-ро пайдо намуд. Ташхиси бозёфтҳои дастрасшуда алоқамандии муносибатҳоро бо маданияти андроновии Ҳафтрӯд ва Фарғона ошкор намуд. Ин муносибатҳо на танҳо дар Помири ғарбӣ, балки дар Помири шарқӣ – дар сағонаҳои Кокуйбелсу ва Қизилработ, ки ба ҳазорсолаҳои II ва аввали I-и п. аз м. тааллуқ доранд, низ ба чашм мерасанд.
Аз соли 1973 то замони ҳозира, давраи сермаҳсул ва самараноки омӯзиши аҳди биринҷӣ маҳсуб мешавад, ки сабабгори он таъсисёбии Экспедитсияи археологии Тоҷикистон (ТАЭ) ва муттаҳид гардидани ходимони се ташкилот—Институти таърих, архология ва этнографияи АФ Тоҷикистон, Институти шарқшиносии АФ ИҶШС ва Эрмитажи давлатӣ мебошад.
Омӯзиши ёдгориҳои аҳди биринҷӣ ба ду самт равона шуда буд: тадқиқоти маҳаллаҳо (шаҳракҳо, деҳаҳо) ва қабристонҳо. Л.Т.Пянкова ҳафриёти деҳаҳои Тегузак ва Даҳанаро гузаронид, ки онҳо ёдгорҳои кишоварзони қадим мебошанд. Бо вуҷуди ин дар маводҳои сафолӣ ва маснуоти оҳанӣ нишонаҳои маданиятҳои Бешкенту Вахш ва андроновӣ мушоҳида мешаванд. Н.М.Виноградова дар вақти омӯзиши шаҳраки кишоварзии Кангурттут коллексияи фаровони зарфҳои сафолӣ ва маснуоти биринҷӣ ба монанди кордҳо, досҳо, ханҷарҳо, тирҳо, дарафшҳо инчунин лавозимоти маросимӣ барои дафнкуниро ба даст овард. Ҳамаи ин маҳсулот дар худи ҳамин ҷой тайёр карда мешуданд, чунки оташдонҳои сафолпазӣ ва қолабҳои сангии рехтагарӣ дарёфт шуданд. Дар солҳои 1996-1998 Н.М.Виноградова ҳафриёти аввалин сокинони Маданияти Вахш – Тошгузарро дар водии Данғара гузаронд. Дар фарқият аз масканҳои зироаткорӣ, ки хонаҳо дар болои таҳкурсии сангин бино мешуданд, ин ҷо нимтаҳхонаҳое пайдо карда шуданд, ки ба қабилаҳои андроновӣ хосанд ва ба Маданияти саҳроӣ алоқаманд будани Маданияти Бешкентро тасдиқ мекунанд.
Аз тарафи ходимони ЭБТҶ (ЮТАЭ) дар ёдгориҳои Маданияти саҳроии водии Бешкент ҳаффориҳо самаранок ва сермаҳсул бурда мешуданд, ки дар натиҷа дар ин ҷо се қабристон – Бешкент I, II, III кашф шуданд ва дар гӯристони Бешаи Палангон низ тадқиқотҳо идома дода шуданд. Н.М.Виноградова дар водии Ҳисор қабристони зироаткорони Тандирюлро ҳаффорӣ намуд, ки дар он ҷо бори аввал ҳайкалчаҳои схематикии антропоморфии гилӣ дарёфт шуданд. Ӯ инчунин дар қабристони Қумсой ду намуди дафнкунӣ – зироаткорӣ ва андроновиро муқаррар намуд.
Як силсила қабристонҳое, ки ба маданиятҳои зироаткорӣ ва Бешкенту Вахш тааллуқ доранд ҳангоми мушоҳидаи вайроншавии соҳилҳои обанбори Норак ва дар ҳавзаи дарёҳои Сурхобу Яхсу кашф шудаанд. Хосияти фарқкунандаи қабристони Обкӯҳ, ки Л.Т. Пянкова тадқиқ кард, бартарӣ доштани зарфҳои дар чархи кулолӣ тайёркардашуда нисбат ба дастӣ мебошад, ки ин аз алоқаи зичи чорводорони Бешкенту Вахш бо аҳолии таҳҷоии Бохтар шаҳодат медиҳад. Тадқиқоти қабристонҳои ҳавзаи Яхсу дар ибтидо аз тарафи отряди Кӯлоб сурат гирифта баъдтар аз ҷониби экспедитсияи якҷояи мутахассисони гуногунсоҳаи минтақаҳои гуногун – археологҳо аз Тоҷикистон – Т.Г.Филимонова, М.Р.Ахметзянов: аз Маскав – Н.М.Виноградова; аз Санкт-Петербург – Ю.Кутимов; аз Берлин – М.Тойфер; аз Милан – Д.Ломбардо; антрополог А.Нечволода аз Уфа ва гурӯҳи геофизикҳо аз Донишгоҳи Гумболдти шаҳри Берлин идома дода шуданд.
Қарияҳо ва қабристонҳои Бохтари шимолӣ барои ҳалли масъалаҳои басо мураккаби пайдоиши мардуми эронинажод, махсусан эрониёни шарқӣ аҳамияти бузург доранд. Дар ҳоли ҳозир бошад ҳамзистии якчанд гурӯҳҳои хронологӣ ва этникии аҳолӣ муайян шудаанд, ки аз мураккабии ҷараёнҳои дар аҳди қадим дар ҳудуди Тоҷикистон ба амал омада шаҳодат медиҳанд. Маданияти моддии давраи аввали биринҷиро омӯхта ба хулоса омадан мумкин аст, ки маҳз ҳамин маданият метавонад асоси маданияти замони ҳахоманишиҳоро ташкил диҳад, ки ин метавонад ба манфиати муттасилии этникӣ ва забонӣ дар ҳалли масъалаи пайдоиши ҷамъияти қадимаи Бохтар шарҳи худро ёбад. Ҳафриёти масканҳои зироаткории Тегузак ва Кангурттут имконият доданд, ки оиди фарқияти байни маданияти биринҷии қадим дар ҷануби Тоҷикистон ва намунаи классикии он дар ғарби Бохтари Шимолӣ хулоса бароварда шавад. Ин тафовут дар меъмориву сохти марқадҳо ва паҳншавии оини мурдасӯзӣ мушоҳида мешавад.
Омӯзиши ёдгориҳои асри оҳани қадим то ҳол дар тадқиқоти бостоншиносӣ хело суст ба роҳ монда шуда буд. Аввалин ёдгории ин давра – Макони Мор аз тарафи Х.Муҳиддинов дар солҳои 1962-1963 кашф ва кофтуков карда шуда аст. Солҳои 70-80-ум ҳангоми ҳафриёти қабатҳои болоии масканҳои давраи биринҷии Кангурттут, Тезгузак ва Тошгузар маълумоти ночизе дастрас шуданд. Маскани дуюм – Каримбердӣ аз тарафи Н.М. Виноградова танҳо солҳои 80-ум дарёфт шуд. Ҳафриёти ночиз, ки аз тарафи Л.Т.Пянкова ва М.Тойфер гузаронида шуданд, идомаи ҳатмиро талаб мекунад.
Омӯзиши давраи ҳахоманишиҳо аз тадқиқоти А.М. Манделштам дар шаҳристони Кайқубодшоҳи ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд. Ҳафриёти солҳои 1950, 1952-1953 аз рӯи нақша сохтани шаҳрро ошкор намуд, ки мутобиқи таносуби геометрӣ буда, дар бораи дараҷаи баланди шаҳрсозӣ дар асрҳои V-III-и то милод шаҳодат медиҳанд. Дар шаҳристони Қалъаи Мир М.М.Дяконов хонаи қадимии бохтариро пайдо кард. Аз қабате, ки Қубодиён 1 номида шуд ва ба асрҳои VI-IV-и то милод мансуб аст, бозёфтҳое дастрас шуданд, ки дар асоси онҳо оиди рушди косибии тахассусӣ ва зироаткорӣ ба воситаи обёрии сунъӣ хулоса баровада шуданд. Тадқиқоти Т.И. Зеймал дар шаҳраки Балдайтеппа, ки қабатҳои поёниаш мансуб ба асрҳои V – III-и то милод буданд тасаввуротро оиди маданияти моддии марҳилаи Қубодиён 1 хеле васеъ гардониданд.
Ҳангоми ҳафриёти А.Абдуллоев дар ноҳияи Панҷ ду димна —Байтудашт II ва IV бозёфт шуд ва дар ин ҷо ибодатгоҳ бо меҳробҳои хеле зебои замони ҳахоманишиҳо ёфта шуданд, ки назираш дар ҳудуди Осиёи Миёна нест. Маҷмӯаи ашёҳои бозёфтшудаи асрҳои IV-II-и то милод барои тадқиқи таҳаввулоти онҳо, ки дар зери таъсири маданияти эллинӣ ҷорӣ шудааст, имконият фароҳам овард.
Маводи зиёди кулолии асрҳои VII-VI-и то милод, ки ҳангоми ҳафриёти оташдони кулолӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби П.Т.Самойлик ва М.Азизов бозёфт шудааст вобаста ба сафолаш то ба давраи биринҷӣ мерасад, аммо бо сафоли ёдгориҳои дигари асрҳои оҳании қадими Бохтар дар як сатҳ мебошад.
Гурӯҳи дигари ёдгориҳои ҳамин давра дар қисми кӯҳӣ дар болооби дарёи Вахш ба қайд гирифта шуданд. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯие, ки А.М.Манделштам дар ҳудуди Қаротегин гузаронид, ёдгориҳое ёфт шуданд, ки асосан ба сокинони таҳҷоӣ алоқаманд аст. Дар солҳои минбаъда дар мавзеъи Лахш аз тарафи Ю. Яқубов, дар ватани кумедҳои қадим, кофтукови қӯрғонҳо ва масканҳои давраҳои қадим ва асрҳои миёна гузаронида шуданд. Қӯрғони Оқсой-I, мувофиқи пажӯҳиши антропологии Т.П. Кияткина аз сакҳо боқӣ монда буд. Пажӯҳиши антропологии қабристонҳои Лахш I ва Лахш II (асрҳои V-VI-и п. аз м.) нишон медиҳад, ки сокинони қадимаи болооби дарёи Вахш ба нажоди аврупоӣ яъне эронизабонон тааллуқ доранд. Дар қабристони Чатрсанг марқадҳои лаҳадӣ бозёфт шуданд, ки Т.П.Кияткина дар он дар қатори аврупоиҳо дафнкунии муғулҳо ва метисҳоро муайян намуд ва ин ба саҳеҳии замони дохилшавии аввалин туркзабонон ба ноҳияҳои сокинонаш аврупоинажод шаҳодат медиҳад. Масъалаи сакҳои Помири Ғарбӣ – яке аз саҳифаи махсус дар омӯзиши таърихи маскуншавии Помир мебошад. Аввалин нишонаҳои паҳншавии қабилаҳои кӯчманчии асри оҳани қадимро А.Н. Бернштам дар Помири Шарқӣ, ҳангоми ҳафриёти ёдгориҳои назди кӯли Зоркӯл ва қабристони Помири 1 (Тамди) ошкор намуд. Дар асоси ин тадқиқот А.Н. Бернштам ақидаеро баён кард, ки: «Дар Боми Ҷаҳон» қабилаҳои сакҳо сукунат кардаанд, ки аслашон аз Сибири Ҷанубӣ ва Тиёншонанд, на аз қабилаҳои ориёӣ». Баъди ҳафриётҳои водии дарёи Пшарти Шарқӣ ва болооби дарёи Оқсу, ки тадқиқот дар қабристони Оқбайт II гузаронида шуда буд, ин тахмин тасдиқ нашуд.Тавсифи муқоисавии ашёҳои маданияти моддӣ нишон медиҳанд, ки қадимтарин ёдгориҳо ин қабристонҳои Помир (асрҳои V-IV-и то милод) ва Оқбайт (асрҳои VI-IV то милод) мебошанд, ки инъикосгари ду тазоҳуроти этникӣ дар Помири Шарқӣ мебошанд: Оқбайт аз шимолу шарқ, чунки маводҳои ба дастомада дорои нишонаҳои таъсири маданияти Шарқи Пеш мебошанд ва Помири I бошад аз самти Тиёншону Ҳафтрӯд. Маводҳои ҳар дуи қабристонҳо ҳамчунин аз он сабаб муҳиманд, ки робитаи музофотҳои ҷудогонаро тасдиқ мекунанд ва муҳоҷирати ҳақиқии қавмҳои чорводорро, ки барояшон ҳатто шароитҳои шадиди табиати Помири Шарқӣ монеъ шуда натавонистааст, қайд менамоянд.
Маводи антропологии ин мавзеъ аз тарафи В.В.Гинзбург омӯхта шудааст. Ба ақидаи ӯ навъи антропологии сокинони он аврупоӣ, баҳримиёназаминӣ мебошад. Бо эҳтимолияти зиёд, сакҳои Помири Шарқӣ наслҳои бевоситаи халқҳои аҳди қадимтар, ки хешовандони аҳолии Осиёи Пеш ва ҷануби Осиёи Миёна дар давраи энеолит ва биринҷӣ буданд.
Дар соли 1958, баъди вафоти А.Н.Бернштам гурӯҳи ЭАТ-и Помири Шарқиро Б.А. Литвинский сарварӣ намуд. Вазифаҳои асосии ин гурӯҳ аз ҷустуҷӯ ва бозёфтҳо дар атрофи кӯли Яшилкӯл, инчунин поёноби дарёи Аличур ва қабристони Оқбайт, аз рӯи ҳалқахати: Мурғоб-Ҷартигумбаз-кӯли Сулунгур-Қизилработ-Мурғоб иборат буд. Омӯзиши бозёфтҳо нишон дод, ки қабристонҳои омӯхташуда ба асрҳои VI-II-и пеш аз милод тааллуқ доранд. Бори аввал дар қабристони Шайман I аспи бо афзору лаҷомаш гӯронидашуда бозёфт карда шуд. Деги биринҷӣ бо тасвири грифони уқобсар низ бозёфт шуд, ки ин тавзеҳгари муносибатҳои сокинони маҳалӣ бо Ҳиндустон аст.
Экспедитсияи дуввум бошад дар ҳавзаи дарёи Истиқ-Ҷартигумбаз, дар соҳилҳои кӯлҳои Рангкӯл ва Зӯркӯл (водии дарёи Помир), дар водии дарёи Кокуйбел ҳафриётҳо гузаронидааст. Дар болооби дарёи Оқсу қабристонҳои нави Тегирмонсу I ва Тегирмонсу II кашф ва омӯхта шуданд. Ин корҳо барои муфассал омӯхтани ҷуғрофияи ёдгориҳои бостоншиносии Помири Шарқӣ ва дар асоси он ҷуғрофияи маскуншавӣ дар замони қадим, имконияти бузург фароҳам овард. Маълумотҳои дастрасшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки маскуншавӣ дар ҳудуди Помири Шарқӣ нисбат ба фарзияҳои А.Н.Бернштам хеле васеътар будааст. Яке аз омилҳои ҳалкунандаи ин ҷуғрофия, мавҷуд будани чарогоҳҳои сералаф барои чорво мебошад. Қабристонҳои даврони биринҷӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба инҷо тоифаҳои (қабилаҳои) саҳронишини маданияти қайроққумӣ аз водии Фарғона даромадаанд. Маводҳои фаъолияти бостоншиносии солҳои 1958-1959 аз алоқамандии маданияти аҳолии Помири Шарқӣ дар давраи биринҷӣ ва оҳани қадим шаҳодат медиҳанд.
Аз солҳои 60-уми асри ХХ сар карда М.А.Бубнова ва А.Д.Бобоеву Э.А.Юркевич ба тадқиқи ёдгориҳои археологии Помир машғул шуданд. М.А.Бубнова ҳафриётҳои қабристони Харкуш, қабристонҳои болооби дарёи Оқсу (Тегирмонсу I, Тегирмонсу II ва Қизилработ) ва атрофи кӯли Рангкӯлро идома дод. А.Д.Бобоев бошад, дар қабристони Тегирмонсу маводҳои асри VI-и то милодро бозёфт кард, ки асос барои санагузории он қолаби ханҷари оҳании хоси қабрҳои скифҳои ҷануби Руссия мебошад. Дар водии дарёи Калтатур қабристоне бозёфт шуд, ки аз як қӯрғони он маводи давраи биринҷӣ ба даст омад. Дар водии дарёи Баландкиик-қабристон ва сангҳои ҳамвори шакли «думи парасту» дошта ба даст омаданд. Дар солҳои минбаъда А.Н.Бобоев ҳафриёти қабристони замони сакҳои Дараиобхарв ва Мизилдигарро, ки дар солҳои 1957-1958 А.Н.Зелинский кашф намудааст, идома дод, инчунин ҳафриёти қабристонҳои Чилахона, Ямчун ва Ричивро ба охир расонид. Дар таомули дафнкунӣ оини парастиши Офтоб (оина), ки бешубҳа анъанаи саккоӣ мебошад, дар бисёре аз марқадҳои Помири Шарқӣ ба назар мерасанд. Э.А.Юркевич бошад, поёноби дарёи Аличур ва атрофи кӯли Яшилкӯлро тадқиқ карда омӯзиши ёдгориҳоро дар водии дарёи Кокуйбел ба итмом расонид.
Ҳамагӣ дар давраи солҳои 1960-1962 24 қабристон омӯхта шудааст, 155 қӯрғон ва 10 сангиншоотҳои гирд ҳаффорӣ шуданд. Натиҷаҳои тадқиқоти саҳроӣ асоси рисолаи илмии Б.А.Литвинский «Қабилаҳои қадими Боми Ҷаҳон» (М.,1972)-ро ташкил додааст.
Маводи антропологии аз қабристонҳо ёфтшуда, ки П. П. Кияткина онро таҳқиқ намудааст (34 косахонаи сари мардона ва 27 косахонаи сари занона), як намуди антропологиро ифода намуда, бо нишонаҳои нажоди аврупоии аз Осиёи Пеш ва Марказӣ ёфташуда умумият доранд. Ҳамаи ин ба робитаҳои ҷанубу ғарбӣ (шимолӣ ва ҳафтрӯдӣ мушоҳида намешавад) далолат менамоянд. Ба асри биринҷӣ тааллуқ доштани намуди нажодии мардуми замони саккоиҳо ба эҳтимол наздиктар аст.
Ҳафриётҳое, ки аз ҷониби М.А.Бубнова дар водиҳои атрофии дарёи Шоролю ва Калтатур гузаронда шуданд, санагузорӣ ва мазмуни пешниҳоднамудаи А. Д. Бобоевро дар мавриди пайкараҳои дурангаи сангин тағйир доданд. Маълум гашт, ки онҳо тақвимҳои мавсимии офтобӣ (эътидоли баҳорию тирамоҳӣ ва инқилобҳои (ибтидои кӯтоҳшавию дарозшавии рӯз) зимистонию тобистонӣ буда, на ба асри биринҷӣ, балки ба асрҳои VI-V п. м. мансуб будааст. М.А.Бубнова ҳангоми бозёфти пайкараҳои ҳамонанди онҳо дар минтақаи назди кӯли Қарокӯл тасдиқи хулосаҳои худро пайдо намуд, ки ахиран тақвими мавсимӣ будани дутои онҳо маълум гашт. Дар ин минтақа се қабристон мавриди ковиши бостоншиносӣ қарор гирифтаанд, ки ба асрҳои V-III п. м. мансуб буданд. Таҳқиқоти қиёфашиносии яке аз қабрҳо, ки аз ҷониби Т.К.Хоҷайоев гузаронда шуд нишон дод, ки қиёфаи шахси мадфун ба гурӯҳи шарқии баҳримиёназаминӣ, аниқтараш ба қиёфаи мардуми бошишгоҳҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ мансуб мебошад. М.А.Бубнова дар навиштани «Таърихи Вилояти мухтори Бадахшони куҳӣ» («История Горно-Бадахшанской автономной области», Т. 1 (2005) аз маводи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ ба таври васеъ истифода бурдааст. Давлати Юнону Бохтар як муддати кӯтоҳ арзи вуҷуд карда бошад ҳам дар он ду маданият омезиш ёфтанд, ки дар натиҷа шоҳкориҳои санъати ҷаҳонӣ эҷод гаштанд. Дар солҳои 60-70-и асри ХХ аз тарафи олими тоҷик Х. Ю. Муҳиддинов деҳшаҳри Саксанохур мавриди таҳқиқ қарор гирифт, ки дар натиҷа бори аввал дар Осиёи Марказӣ маҷмааи дарбору маъбад ва усулҳои меъморию сохтмоние
маълум гаштанд, ки зинаи аввали инкишофи шаҳрсозии эллинистиро дар Осиёи Марказӣ инъикос менамуданд. Омезиши бештари ду маданият дар шаҳристони Тахти Сангин, дар «Маъбади Амударё» мушоҳида мешавад,ки аз рӯйи катибаҳои унвонии дар ин ҷо ёфташуда, чунин ном гирифтааст.
Маъбад аз рӯйи нақшаи оташкадаи намуди эронӣ сохта шуда бошад ҳам, дар он усулҳои меъмории эллинистӣ васеъ истифода шуда, қисман намудҳои меҳробҳои шакли юнонӣ низ ҷой доранд. Ҳафриёти маъбад солҳои 1976-1991 аз ҷониби гурӯҳи ЭБТҶ (ЮТАЭ) таҳти роҳбарии Б.А.Литвинский ва И.Р.Пичикян гузаронда шуд. Теъдоди зиёди пайкараҳои бо санъатҳои гуногун сохташуда, кандакориҳо дар устухони фил, ашёи ороишӣ ва асбобҳои ҳархелае, ки аз Тахти Сангин ёфт шуданд, ба дигар ёдгориҳои замони юнону бохтарӣ муқоисанашаванда аст. Дар асари 3-ҷилдаи «Маъбади эллинистии Амударё (Тоҷикистони Ҷанубӣ)» («Эллинистический храм Окса (Южный Таджикистан)», ки аз ҷониби Б.А.Литвинский ва И.Р.Пичикян омода ва нашр гаштааст, дар бораи тамоми ҷанбаҳои марбут ба маданияти мазҳабию моддии шаҳристон маълумот дода шудааст.
Аз соли 1998 ҳафриёти Тахти Сангин аз тарафи гурӯҳи бостоншиносӣ таҳти роҳбарии А. Дружинина гузаронда мешавад, ки ба омӯзиши қисми маскунии берун аз ҳудуди маъбад оғоз намудааст. Қабатҳои таърихии давраи юнону бохтарӣ дар ҳудуди пойтахти ҷумҳурӣ, дар шаҳристони Душанбе низ ёфта шуданд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои чандинсола (солҳои 1983, 1989, 2002-2004), ки аз ҷониби кормандони шуъба таҳти роҳбарии М.А.Бубнова гузаронда шуданд, нақшаи шаҳр муайян карда шуд, ки аз ҷойи мирнишин (ситадел) ва шаҳристон иборат буд. Аз он ҷо зарфҳои сафолӣ, олоти биринҷӣ, сангҳо ва ороишот ёфт шуданд. Фалари (зинати сарисинагии асп) биринҷии зарандуд бо тасвири олиҳа, тасвири дар рӯйи устухони фил кандакоришудаи Искандари Мақдунӣ ва ғайра ҳамчун шоҳкориҳои санъати кандакорию кошикорӣ дар Осиёи Миёна эътироф шудаанд.
Барои таҳқиқи тарзи ҳаёти кӯчиёни Осиёи Марказӣ корҳои А.М.Манделштам дар водии Бешкент арзиши бузург доранд. Ӯ қабристонҳои Тулхор, Аруқтоғ ва Қоқкӯлро таҳқиқ намуда, оид ба пайдоишу таърихи кӯшониён, муносибатҳои мутақобилаи қабилаҳои кӯчӣ ва аҳолии муқимии Бохтар ва давлатҳои пешин хулосаҳои муҳим баровард. Маводи ҷолиби диққати марбут ба ин давраи таърихиро Х.Ю.Муҳиддинов дар ҳафриётҳои Теппаи Шоҳ, воқеъ дар поёноби дарёи Кофарниҳон пайдо намуд. Идомаи омӯзиши ёдгориҳои давраи Кӯшониён дар ҳафриётҳои Б.А.Литвинский, Т.И.Зеймал Э.А.Юркевич, Т.М.Атахонов ва А.Абдуллоев дар ҳудуди Ёвон, дар ёдгориҳои Гаравқалъа, шаҳристони Ёвон, Чироқчиқалъа ва ғайра инъикос ёфтаанд. Маводи ҳангоми ин ҳафриётҳо ба даст омада, барои тартиб додани ҷадвали даврабандии ёдгориҳои давраи кӯшонӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз асрҳои I пеш аз милод – I то V милодӣ, манбаи асосӣ ба шумор мераванд. Дар қабристони Тӯпхона, 1,5 км дуртар аз қалъаи Ҳисор солҳои 1960-1961 ковишҳои оғознамудаи М.М.Дяконов идома ёфтанд. Зиёда аз 200 қабрҳои мутааллиқи асрҳои I п. м. то III милодӣ ҳаффорӣ шуданд, ки дар бораи маросимҳои дафнкунӣ ва намудҳои қабрҳо маълумотҳои нав дода тавонистанд. Маросимҳои дафнкунии ҳаммонанди онҳо дар қабристони «Иттифоқ», воқеъ дар баландии теппаи Ӯртабуз бозёфт шуданд. Навъҳои гуногуни дафнкунӣ, дар дахмаҳои хиштини бомашон дуқабата, дар зарфҳо (хумҳо ё зарфҳои гарданвасеи дудаста) муайян гаштанд. Дар зарфҳо фақат як қисми устухонҳои майитро гузошта буданд, ки дар даҳонашон танга (оболи «Ҳерай») доштаанд, ки ин расм дар Юнон ва давлатҳои эллинистии Ховари Наздик хос буд.
Солҳои 1973-1980 дар робита бо омӯзиши васеи водии Бешкент аз ҷониби гурӯҳҳои ЭБТҶ (ЮТАЭ), ки дар ҳайати он И.Н.Медведская, А.В.Седов ва А.П.Керзум, В.С.Соловёв кор мекарданд, ҳамзамон анвои ёдгориҳо аз қабили қабристонҳо, манзилҳои маскунӣ, системаи обёрӣ аз Чилучорчашма, ҳамчунин давра ба давра ба маҳалли сукунат табдил ёфтани водӣ таҳқиқ карда шуданд. Маводи нав оид ба маданияти моддӣ ва маросимҳои дафнкунии қабилаҳои кӯчии Бохтари Шимолӣ маълумоти иловагӣ доданд. Олоти аз қабрҳо ёфташуда, бахусус зарфҳои гилӣ аз рӯйи шакл ба робитаҳои қабилаҳои кӯчӣ бо мардуми таҳҷоӣ (бохтариёни шимолӣ) далолат мекарданд. Таҳлили маводи бадастомада аз тарафи А.В.Седов дар рисолаи илмии «Қабодиён дар остонаи авоили асрҳои миёна» («Кобадиан на пороге раннего средневековья») нашр гардидааст.
Дар натиҷаи ковишҳои гузарондаи Б. А. Литвинский дар воҳаи Шоҳ, воқеъ дар наздикии мавзеи якҷояшавии рӯдҳои Кофарниҳон ва Панҷ, намунаи сохтмони посбонхона, мавод оид ба кӯшкҳои давраи Кӯшонӣ (Хирмантеппа) ва ҳангоми ҳафриёти Уштурмулло (Т. И. Зеймал) хонақоҳи буддоӣ (виҳара) ёфта шуданд. Ин таҳқиқотҳо дар рисолаи илмии Б.А.Литвинский ва А.В.Седов «Теппаи Шоҳ» дарҷ гашта, ба кушода шудани боз як саҳифаи таърихӣ имкон дода, маълум намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то истилои арабҳо дини буддоӣ васеъ паҳн гашта, аз дигар ойинҳои маҳаллӣ муҳимтарин ҷараёни мазҳабӣ ба шумор мерафт.
Дар давраи Кӯшониён, дар водии Ҳисор якчанд марказҳои бузург вуҷуд доштанд. Таҳти роҳбарии Е.В.Зеймал, Т.И.Зеймал ва А.Д.Бобоев муддати тӯлонӣ дар шаҳристонҳои Чимқӯрғон ва Шаҳринав ковишҳо гузаронда шуданд, ки ба ақидаи онҳо ба шоҳигарии Аҳорун дар аввали асрҳои миёна мувофиқат мекарданд. Шаҳр дар замони худ ҳудуди 350 гектарро ташкил намуда, бо девори мустаҳками дарозиаш 7 км, ғафсиаш 3,5 метр, баландиаш бештар аз 6 метр иҳота шуда буд. Ҳамчунин каналҳое ёфта шуданд, ки аз дарёи Қаратоғ сарчашма гирифта, шаҳрҳо ва мавзеъҳои хурди аҳолинишинро обёрӣ мекарданд, шаҳристони Ӯзбаконтеппа бошад аз рӯди Ширкентдарё обёрӣ мегашт.
Дар ноҳияи Данғара, дар назди дарёи Қсиров ва теппаҳои қаторкӯҳи Сарсаряк аз ҷониби Е.П.Денисов қабристонҳои давраи Кӯшонӣ, Қсиров I-IV, Найзибулоқ, Экизак, Бешкапа ва Ҷетерғон ёфт ва таҳқиқ карда шуданд. Е.П.Денисов аҳамияти ин ҳафриётҳоро қайд намуда, ишора менамояд, ки онҳо нафақат ёдгориҳои давраи Кӯшониён, балки осори қабилаҳои юэҷӣ низ мебошанд. Вобаста ба маълумоти ночиз дар манбаъҳои хаттӣ марбут ба таърихи империяи Кӯшониён, алалхусус маълумот оид ба бунёдгузории империя, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ташкилёбии давлати Кӯшониён, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ нақши азим дорад, маҳз хидмати юэҷҳо ва тахориён мебошад.
Дар давраи Кӯшониён манотиқи куҳистонӣ низ хуб рушд меёфтанд. Ю.Яъқубов ва И.Маслов дар шаҳристони Имлок ҳафриёт гузаронданд, ки аз рӯйи маълумотҳои хаттӣ марказ ва пойтахти аморати Рашт, яъне Дарбанд будааст. Ин шаҳристон дар замони худ масоҳати беш аз 13 гектарро ташкил дода, аз асрҳои III-I п. м. то асрҳои – V-XII милодӣ арзи вуҷуд намудааст. Мавзеъҳои аҳолинишини замони кӯшониёни ҳудуди Помирро А.Н.Бернштам, А.Д.Бобоев, А.Н.Зелинский ва М.А.Бубнова дар давоми солҳои 50-80 ум омӯхтаанд. Онҳо қайд намудаанд, ки ҳамаи ин қалъаҳо хусусияти маҳаллӣ доранд. Фақат ду қалъа аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд: Ямчун дар соҳили рости Панҷ (Вахон) ва Қааҳқа дар ноҳияи Ишкошим. Қабристонҳои ин давра камшуморанд. А.Бобоев қабристони Касвирро мутааллиқи замони кӯшониён медонад. Ашёҳои ҳамроҳикунандаи қабрҳои ин давра – зарфҳои ҷоммонанд, ханҷарҳои оҳанин, сагакҳои биринҷӣ, санагузории А.Н.Бернштамро дар мавриди замони сохта шудани қалъаҳо асрҳои III п. м. – VI-VII милодӣ тасдиқ менамоянд.
Аз соли 1955 сар карда ҳафриётҳои мунтазами ёдгориҳои аввалиасримиёнагии ҳавзаи Шаҳристон-шаҳристони Каҳқаҳа-I,II, ва дигарон шурӯъ шуданд. Дар натиҷаи ҳафриётҳои таҳти роҳбарии Неъматов Н. гузаронидашуда, дар ин ҷо қасри афшинҳои Уструшан ва дигар биноҳои маркази қария – шаҳристони Бунҷикат ошкор карда шуданд. Ёдгориҳои аз ҳама ҷолиб дар ҳавзаи дарёи Шаҳристонсой ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо бори аввал боқимондаҳои иморатҳои қасрӣ, маъбадӣ ва манзилии асрҳои VIII-XII, ва ин чунин қалъаҳои Ӯртақӯрғон, Тирмизактеппа ва дигарон омӯхта шуданд. Тадқиқоти қасри афшинҳо аз тарафи Неъматов Н. соли 1972 ба охир расонида шуд, ки ин яке аз бузургтарин ва арзандатарин бозёфтҳои бостоншиносии тоҷик ба шумор меравад. Қасри афшинҳои Уструшан дар шаҳристони Қалъаи Каҳқаҳа I, бо деворнигораҳои пурзебу зинат дар мазӯъҳои фолклорӣ, мифологӣ, ҳаёти ашрофон, манзараҳои корзор ва маросимӣ ороиш дода шуда буданд, ки аз деворнигораҳои Панҷакенти қадим ҳеҷ камӣ надоранд. Дар боқимондаҳои биноҳои харобшуда нимсӯхтаҳои кандакориҳо дар чӯб бозёфт ва тоза карда шуд. Ин ва дигар бозёфтҳо қасри афшинҳоро чун яке аз боҳашаматтарин ёдгориҳои санъати Осиёи Миёна тавсиф мекунанд.
Тадқиқотҳои бостоншиносиро дар Тоҷикистон Шимолӣ натиҷагирӣ ва пешомадҳои ояндаро назарандозӣ намуда, Неъматов Н. як қатор ҷамъбастҳои ҳалталаб намуд, ки масъалаҳои этнетикӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, муқимишавӣ вобаста ба хоҷагии асосӣ, инчунин раванди инкишофи ҷараёни моддӣ ва маънавии се вилояти таърихӣ-фарҳангии қадим ва асри миёнагӣ – Уструшан, Хуҷанд ва Фарғонаи ғарбиро дар бар мегирифтанд.
Ёдгории аввалиасримиёнагие, ки нисбатан пурра омӯхта шудааст, Панҷакенти қадим – «Пампейи Осиёи миёна» ба шумор меравад. Дар натиҷаи тадқиқотҳои бостоншиносии беш аз нимасра маълумотҳое ба даст омаданд, ки барои тавсифи тамаддуни Суғд – мафҳуме, ки дар илми таърих то ҳол набуд ва худи Суғд бошад чун давлати мифиологӣ, фақат дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авасто» зикр гардида буд, асос гузоштанд. Тадқиқотчиёни дар ҳаффориҳо иштрок намуда, ки дар оянда олимони бузурги рус шуданд, масъалаҳоеро ҳал намуданд, ки баъдан асос барои омӯзиши ёдгориҳои аввалиасримиёнагии Осиёи Марказӣ шуданд. Аз ҷониби А.И.Тереножкина асоси усули тадқиқи саҳроии ёдгориҳои бисёрқабата гузошта шудааст, О.Г.Болшаков ва Б.И.Маршак бошанд ҷадвали хронологиро кор карда баромаданд, ки давраҳои таърихи шаҳрро муайян мекунад. Ба Б.И.Маршак усули ҳафриёт, нақшаи координатҳои топографӣ, роҳҳои муайян ва муқаррар намудани иншооти меъмории аз гили хом сохташуда, ки дар Осиёи Миёна беҳтарин дониста шудааст, усули математикии омӯзиши зарфҳои кулолӣ ва ғайраҳо, тааллуқ дорад..
Меъмории Панҷакент мавзӯи тадқиқоти чандин насли олимон шудааст. Аввали омӯзиши меъморӣ бо номи В.Л.Воронина алоқаманд аст, ки якумин шуда манзилҳои алоҳидаро муайян кардааст, Б.Я.Ставиский давомдиҳандаи ин кор буда манзилҳои алоҳидаро чун маҳали истиқомати табақаҳои ашрофи шаҳр муайян кардааст ва инчунин В.И.Распопова, ки дар ин мавзӯъ рисолаи илмӣ навиштааст. Дар бист соли охир маҳаллаҳои манзилӣ аз тарафи Д.Абдуллоев, И.Раҳматуллоев ва дигарон тадқиқ карда шудаанд.
Косибии Панҷакенти қадим мавзӯи тадқиқоти самтҳои касбӣ ва таснифӣ шуданд, ки онҳоро О.Г.Болшаков ва Н.Неъматов ба иҷро расониданд. Маҷмӯаи ашёҳои оҳанӣ ва шишагӣ, ки аз тарафи В.И.Распопова мураттаб шуда ба тартиби хронологӣ ҷойгир карда шудаанд, аҳамияти муҳими санагузорӣ-меъёрӣ пайдо намуданд. Шӯҳрати ҷаҳониро ба Панҷакент бозёфти ёдгориҳои беҳамтои санъати Суғд – деворнигораҳо ва кандакориҳо дар чӯб овардаанд. Ба туфайли омӯзиши ҳаматарафаи ин нигораҳо, ки аз ҷониби Беленитский А.М. ва Маршак Б.И. гузаронида шуданд, Панҷакент ганҷинаи ҳақиқии наққошии Суғди давраи тоарабӣ ба шумор меравад. Омӯзиши маросимҳои мазҳабии суғдиёнро аввалин шуда Б.Я.Ставиский оғоз намуд, ҳоло бошад ин мавзӯъро В.Г.Шкода такмил дода истодааст, ки пас аз А.М.Беленитский ва Б.И.Маршак ба тадқиқи қасрҳои Панҷакент ва меъмории мазҳабии Суғд машғул аст, ки онҳо ба иншоотҳои мазҳабии давлатҳои қадимтарин ҳамрадифанд.
Корҳои дар қисмати Арки Панҷакент оғоз кардаи Б.Я.Ставиский – ро А.И.Исҳоқов бомуваффақият давом дод. Ҳаффории девори истеҳкомӣ, ки К.Г.Большакова ва Б.Я.Ставитский ба анҷом расониданд, боиси омӯзиши сабабҳои сохтани иншоотҳои мудофиавӣ шуд. Б.И.Маршак ва Г.Л.Семёнов анъанаҳои маҳалии сохтмонҳои иншооти мудофиавиро, ки тӯли асрҳои V-VIII ҳамеша иваз мешуданду аз якчанд қабати мудофиавӣ то ба деворҳои яклухти фортификатсионӣ инкишоф ёфтаанд, маълум намуданд.
Солҳои 1947-1948 ба ғайр аз гирду атрофи Панҷакент ва ҳавзаи Моғиёндарё водиҳои Киштуддарё ва тарафи ғарбтар аз Киштуди Зарафшон низ таҳқиқ шуданд. Дар ин ҷо, дар наздикии Ғӯсар (ҳозира Колхозчиён) дар соҳили Зарафшон қалъае тадқиқ карда шуд, ки байни сокинони маҳаллӣ бо номи «Қалъаи даҳани Фалғар» маъруф аст. Эҳтимол ин қалъа сарҳади байни Фалғар ва Панҷакент бошад. Дар тарафи шарқи баромадгоҳи сойи Оғилак ба водии Зарафшон гурӯҳи ёдгориҳои Наврӯзшоҳ пайдо карда шуд, ки дар тарафи ғарби он боқимондаҳои девори аз доманакӯҳҳо то соҳили Зарафшон тӯлкашида мушоҳида карда мешавад. Мавҷуд будани ин девор ба он шаҳодат медиҳад, ки ин ҷо сарҳади мулки Панҷакент будааст. Баъдан ҳудуди Яғнобдарё аз деҳаи Равот то кӯли Искандаркӯл омӯхта шуд. Дар водии дарёи Мастчоҳ аз ҷониби О.И.Смирнова ба харитаи бостоншиносӣ даҳ ёдгорӣ, аз он ҷумла ду шаҳристон – Ҳадишаҳр ва Қалъаи Ҳисораки Падаск сабт гардиданд. Гурӯҳи бостоншиносии Моғиён ҷустуҷӯро дар ҳавзаи Моғиёндарё, ки аз он роҳҳои асосии пайвандгари мавзеъҳои кӯҳии Кӯҳистон бо Панҷакент ва Самарқанду Шаҳрисабз мегузарад, давом дод. Дар ин «остонаи» ғарбии Кӯҳистон ба Б.Я.Ставиский муяссар шуд, ки ёдгориҳои нав – Қалъаи Муғ, гурӯҳи қӯрғонҳоро шимолтар аз Филмандар ва ғ. пайдо намояд. Маводҳои ба даст омада ҳам барои омӯзиши таърихи мулкдории Панҷакент ва ҳам барои марҳилаҳои маскуншавии суғдиён дар Кӯҳистон муҳим буданд. Ҳаффории Қалъаи Муғ бори аввал дар Кӯҳистони Суғд қарияи деҳотиро муайян намуд, ки он дар замони кушониён ба вуҷуд омада то ҳуҷуми муғулҳо давом ёфтааст. Дар асоси тадқиқоти болооби Зарафшон Б.Я.Ставиский мақолаҳои сершуморро навиштааст, ки дар онҳо нуқтаи назари гуногуни таърихи Кӯҳистон таҳлил карда шудаанд – «Маълумотҳои таърихӣ оиди болооби водии Зарафшон», «Марҳилаҳои асосии азхудкунии мавзеъҳои баландкӯҳи водии Зарафшони аз ҷониби зироаткорон» ва ғайра.
Аз соли 1970 сар карда то солҳои 90-ум роҳбарияти тадқиқот дар Болооби Зарафшон аз Б.Я.Ставиский ба Ю.Яъқубов мегузарад. Тадқиқотҳои худро гурӯҳ аз ҳафриёт дар мавзеъҳои деҳаҳои Кум ва Мадм, дар ҷое, ки нахустин бор дар Осиёи Марказӣ деҳаи суғдии Гардани Ҳисор (асрҳои VII-VIII), пурра ҳаффорӣ шудааст ва дар ҳолати хело хуб боқӣ монда буд, оғоз намуд ва ин имконият дод то оиди сохт ва тарҳи деҳа баҳо дода шуда, дар асоси он масъалаи ба маҳалла ва хонаҳо ҷудо карданро ҳал намояд.
Инчунин бори аввал дар Осиёи Миёна дар мавзеъҳои кӯҳӣ ду иншооти қасрӣ ҳаффорӣ карда шудаанд. Онҳо нишон додаанд, ки иншоотҳои қасрии дар деҳот сохташуда ба қасрҳои шаҳрҳои марказӣ монандӣ дошта, танҳо бо андоза ва ҳашамат аз онҳо фарқ мекунанд. Кандакориҳо дар чӯби аз ҳафриёти Кӯҳистони Суғд бозёфтшударо бо ёдгориҳои санъати Панҷакент ва Бунҷикат муқоиса намоем маълум мегардад, ки бо нафосат ва санъати худ аз онҳо камӣ надоранд. Аз Кӯҳистони Суғд ҳайкалчаи чубии санами суғдӣ (идол) пайдо гардид, ки як вақтҳо маъбади маҳалиро оро медод. Бори нахуст дар мавзеи деҳот маъбаду меҳробҳо ва ашёҳои марбут ба парастиши оташ бозёфт шуданд.
Дар солҳои оянда аз ҷониби Яқубов Ю. маъбади оташ дар Наврӯзшоҳ II, Қалъаи Сарвода, Қалъаи Кум, кӯшки Қалъаи Наврӯзшоҳ I, қисман Қалъаи Падаск дар Мастчоҳ ва ғайра кофтуков карда шуданд. Аҳамияти натиҷаҳои тадқиқот дар навбати аввал дар он муайян мешаванд, ки як қатор масъалаҳои бастаи таърихи Суғд, аз он ҷумла меъморӣ ва мазҳабӣ дар асоси таҳлили маҷмӯавии се сарчашма – бостоншиносӣ, хатӣ ва мардумшиносӣ ҳал мешуданд. Маълумотҳои тадқиқот асоси рисолаҳои бунёдии Ю.Яқубов «Фалғар дар асрҳои VII-VIII « (1969) ва «Деҳаҳои қадимаи Кӯҳистони Суғд» (1988)-ро ташкил медиҳанд. Дар доираҳои бостоншиносии ҷаҳонӣ ҳафриётҳои дайри буддоии Аҷинатеппа, ки Б.А.Литвинский ва Т.И.Зеймал дар солҳои 1960-1975 гузаронидаанд, ҷои намоёнро ишғол мекунад. Аз рӯи он тарзи меъмории дайри аввалиасримиёнагиро барқарор карда тавонистанд, ки дар он ҳам қоидаҳои меъмории классикии буддоӣ такрор шудаанд ва ҳам усулҳои анъанавии сохтмони маҳалӣ истифода шуда аст. Маҳз дар ҳамин ёдгорӣ муҷассамаи гилии «Буддо дар ҳолати нирвана», ки дарозиаш 14 метр аст, бозёфт гардид. Порчаҳои беҳамтои деворнигораҳо ва боқимондаҳои муҷассамаҳои гилӣ тасаввуротро дар бораи таърихи буддизм, табиат ва паҳншавии ӯ дар Тахористон, ғанӣ гардониданд. Рисолаи навиштаи Б,А.Литвинский – «Аҷинатеппа» дар ҳақиқат саҳми бузурге дар омӯзиши буддошиносии Осиёи Миёна мебошад.
Ёдгории асосии аввалиасримиёнагии водии Вахш шаҳристони Кофирқалъа – пойтахти мулки Вахш, тибқи маъхазҳои муаррихони арабзабон, шаҳри Ҳалевард ба ҳисоб меравад. Ҳафриётҳои соли 1956 оғознамудаи Т.И.Зеймалро тӯли чанд сол Б.А.Литвинский Ю.А.Ёқубов, М.А.Бубнова, Е.П.Денисов ва В.С.Соловёв давом доданд. Маводҳои ба даст омада оиди меъморӣ, иншооти истеҳкомӣ, нақшаи шаҳр, тарҳи меъмории аввалиасримиёнагӣ дарёфт гардида, маъбади хурди буддоӣ ва маъбади оташ ҳаффорӣ шуд, ки дар маҷмӯи иншоотҳои қасрӣ ҷойгир шуда, дар рисолаи «Тамаддуни асримиёнагии Тахористон» (Литвинский, Соловёв) дарҷ ёфтаанд.
Маркази бузурги дигар дар Тахористони Шимолӣ, шаҳристони Золи Зар (ноҳияи Фархор) аст, ки ҳафриёташро Ю.Ёқубов гузаронидааст.
Қабати аввалиасримиёнагии Қалъаи Кофарниҳонро Б.А.Литвинский дар солҳои 1974-1980 тадқиқ намуд. Маълум гашт, ки ин шаҳристон дар асрҳои II-III бунёд гашта, ҳамзамон иншоотҳои истеҳкомӣ сохта шудаанд, ки то аввали асрҳои миёна вазифаи мудофиавии худро иҷро намудаанд. Хонаи ҳоким, ибодатгоҳи буддоӣ, манзилҳои истиқоматии мардуми оддӣ ҳаффорӣ карда шуд. Аз ин шаҳристон ёдгориҳои сершумори санъат ва аз он ҷумла порчаҳои деворнигора ва кандакорӣ дар чӯб бозёфт шудаанд.
Ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон низ дар тарақиёт аз мавзеъҳои водиҳо қафо намемонданд. Соли 1998 экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Русия (роҳбарон: Б.Я.Ставиский ва Ю.Яқубов) дар вақти тадқиқоти Қалъаи Ҳисорак дар Мастчоҳи Кӯҳӣ иморати азимеро бозёфтанд, ки аз маҷмӯи иншоотҳои қасрии Гардани Ҳисорак камӣ надошт. Инчунин аз ин ҷо маъбади оташ бо бозмондаҳои нақшунигори ороишӣ бозёфт намуданд.
Гурӯҳи кории Қаротегин бо роҳбарии Ю.Яқубов, ёдгориҳои навро дар болооби Вахш бозёфт намуданд. Дар мавзеи Тавилдара, дар деҳаи Миёнаду Қалъаи Шер I ва шаҳристони Шер II (асрҳои VII-XII), дар деҳаи Лохарв бошад Қалъа (асрҳои VII-XII) таҳқиқ ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд.
Самтҳои асосиро дар омӯзиши таърихи давраи аввалиасримиёнагии Помир (Бадахшон) фаъолияти А.Д. Бобоев муайан месозанд. Ба ғайр аз қалъаҳо аз ёдгориҳои аввалиасримиёнагии ҳудуди Бадахшони Ғарбӣ бори нахуст қабрҳои қӯрғонии ин замон, ба монанди Мизилдигар, Зумудг I-II, Канкор ва Птуп ҳаффорӣ шуданд. Таҳлили маводҳои дарёфтшуда нишон дод, ки барои аввали асрҳои миёна дафнкунӣ дар ҳотаҳои сангӣ ва дар зери санги калон хос аст. Дафнкуниҳои оммавӣ низ мушоҳида мешаванд. Бозёфтҳои фарҳанги моддӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки оини асосии қабилаҳои Помири Ғарбӣ олиҳаи офтоб ва оташ мебошанд, ки ин тадқиқотҳо бо масъалаи ҳайтолиён алоқаи зич дорад. Ба гуфтаи А.Д.Бобоев, ҳайтолиён маҳз аз ҳудуди Помири Ғарбӣ бунёди империяи худро оғоз намудаанд. Рисолаҳои А.Д.Бобоев – «Қалъаҳои Вахони куҳан» (1972) ва «Зироаткорони қадими Боми Ҷаҳон»(2006) ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.
Дар натиҷаи пажӯҳишҳои Бубнова М.А. дар Помири Ғарбӣ, дар соҳили дарёи Панҷ, рӯ ба рӯи деҳаи Рин корвонсарои Доркиш I (асрҳои VI-XII), дар деҳаи Вранг дайри буддоӣ ва дар Шуғнон маъбадҳои оташи Кофир-Қалъа мансуб ба асрҳои I-IV (IV(?)-VI омӯхта шуданд. Аз рӯи нақша онҳо бо маъбадҳои сунатии зардуштӣ монанд нестанд, дар як маврид онҳо чун «салиби озод» дар мавриди дигар чун иншооти доирашакл сохта шудаанд.
Масҷид ва мақбараҳои мусулмонии қадима аз ҷониби Ю.Яқубов ва В.Л.Хмелнитская дар Чилдухтарон ҳаффорӣ шуданд. Ду масҷид – калон ва хурд ва ду намуди мақбара кушода ва пӯшида, ки аз похса ва хишти хом бо истифодаи якчанд намуди хиштчинӣ сохта шуда буданд, тадқиқ карда шуданд. Ёдгории Ҳулбук, ки дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ҷойгир аст ва чун пойтахти Хутталони қадим шинохта шудааст, барои омӯзиши таърихи асримиёнагӣ хело муҳим ба шумор меравад. Ҳафриётҳо дар ин ҷо соли 1953 аз тарафи Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович оғоз карда шуда, соли 1957 аз ҷониби Э.Ғуломова то солҳои 90-уми асри гузашта дар як вақт бо ҳаффории ёдгории муҳими дигар – шаҳристони Сайёд (ноҳияи Ҳамадонӣ) давом дода шудааст.
Маҳз дар ҳамин ёдгориҳо омезиши таърихии фарҳанги аввалиасримиёнагӣ ва асрҳои миёна мушоҳида карда мешавад. Ба ғайр аз ин маводҳои Ҳулбук ва Сайёд оиди фарҳанги ғании моддӣ, бадеӣ ва меъмории аввалиасримиёнагии тоҷикони Тоҷикистони Ҷанубӣ тасавуроти пурра медиҳанд.
Инчунин ҳафриёти калонтарин шаҳри Хуттал – Мунк, ки дар канори деҳаи ҳозираи Ховалинг ҷойгир аст, аҳамияти бузург дорад. Ҳафриёти шаҳр ва қабристони он, ки аз тарафи Ш. Мулоқандов гузаронида шуд, маълумотҳоро оиди шаҳрсозии асрҳои миёнаи мутараққӣ ва фарҳанги моддиву маънавии он давра хело пурра сохтанд.
Омӯзиши масъалаҳои металлургӣ ва корҳои кӯҳии вилоятҳои таърихӣ-фарҳангии асримиёнагии Осиёи Миёна низ аз диққати тадқиқотчиён дур намондааст. М.А.Бубнова нахустин шуда ин мавзӯро дар тадқиқоти маҷмӯавӣ, дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ бо истифодаи комёбиҳои илми муосири кимиёвӣ ва металлургӣ таҳлил кард, ки он имконият дод то ҷараёни асримиёнагии истихроҷи нуқра аз маъданро бозсозӣ намояд.
Дар асрҳои IX-XI-и милодӣ ҳудуди Помир давраи сермаҳсули истихроҷи канданиҳои фоиданок шуда буд, ки ин дар маводҳои ёдгориҳои зиёд инъикос ёфтаанд. Соли 1962 М.А.Бубнова ҳаффориро дар кони Кӯҳи Лаъли ноҳияи Ишкошим, ки дар он лаъли асилро ихтироҷ мекарданд, оғоз намуд. Соли 1963 ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар кони нуқраи Тӯқузбулоқ (ноҳияи Шуғнон) гузаронида шуданд. Дар ҳамин ноҳия истиқоматгоҳҳои кӯҳканон ва маъдангудозон – Тӯқузбулоқ I, Варшез I ва Ҷартим I низ таҳқиқ карда шудаанд. Дар водии дарёи Оқҷилга бошишгоҳҳои маъдангудозон дар мавзеъҳои коркарди конҳо кашф карда шуданд. Солҳои 1970-1971 водии дарёи Пшарти ғарбӣ (шохоби рости дарёи Мурғоб) мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар он ҷо кони куҳане пайдо гардид, ки дар баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда дар асрҳои Х-ХI фаъолият менамуд. Дар Помири Шарқӣ дар баландии 3980 метр аз сатҳи баҳр геологҳо мавзееро ёфтанд, ки дар он шаҳраки кӯҳканҳо – Бозордара сохта шуда буд ва дар он ҷо маъдани нуқра коркард мешуд. Шаҳрак дорои корвонсарой, маркази маъмурӣ, маъбади оташ, биноҳои истиқоматӣ, ҳаммом ва қабристон буд. Истифодаи беандозаи конҳои нуқраи Помир пеш аз ҳама ба бӯҳрони нуқра, ки Осиёи Миёнаро дар вақти идоракунии Сомониён фаро гирифта буд, вобаста аст.
Вобаста ба иқлим ва табиат, Осиёи Миёна минтақае ба шумор меравад, ки дар он обёрии сунъӣ нақши асосиро мебозад. Обёрии сунъӣ шарти асосии кишоварзии мардуми муқимӣ дар Осиёи Миёна буда худи обёрӣ бошад асоси тамаддуни осиёимиёнагӣ ба шумор меравад. Тадқиқотҳо оиди обёрии сунъӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ чун шохаи алоҳидаи омӯзиш қарор дода шуд. Аввалин тадқиқотҳо ба А.М.Манделштам тааллуқ доранд, ки дар таҳияи асарҳо оиди ёдгориҳои давраи кӯшонӣ истифода шуда буданд. Баъдан Б.Я.Ставиский маълумотҳо оиди ҳавзаҳои обёрии сунъиро ба маводҳои тадқиқотии бостоншиносии Бохтари давраи кушониён зам намуд. Тадқиқотҳои Т.И.Зеймал дар таърихи обёрии Тоҷикистони Ҷанубӣ ҷои махсусро ишғол менамоянд. Аз соли 1956 то 1966 ӯ тадқиқоти ҷиддиро бо ҷалби ҳамаи маводҳои дастраси картографии водиҳои Вахш ва Сароикамар гузаронд, ки он имконият дод боқимондаҳои хатҳои обёрии сунъии қадима пайдо, қайд ва тавсиф карда шаванд. Самт, тӯл ва андозаи боқимондаҳои иншооти обёрии сунъӣ, шакл ва равиши ҷӯйборҳои асосӣ ва шохавӣ ошкор карда шуданд. Дар натиҷа илми таърих бо маълумотҳо оиди ҷараёни инкишоф, нақша ва таҷрибаи истифодаи усулҳои обёрии сунъӣ дар водии Вахш, аз асрҳои IV-III пеш аз милод то давраи асрҳои миёнаи мутараққӣ бой гашт. Омӯзиши таъмини об дар водии Ҳисор нишон дод, ки он аз водии Вахш фарқ дорад. Т.И.Зеймал дараҷаи баланди дониши муҳандисӣ дар соҳаи гидротехника ва сохтмони иншооти обёрии сокинони ин давраҳои таърихиро қайд намудааст. Ин тадқиқотҳо ба омӯзиши таърихи соҳаи обёрии натанҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи Осиёи Марказӣ саҳми ҷиддӣ гузошт.
Натиҷаҳои назаррас инчунин дар омӯзиши соҳаи сиккашиносӣ ба даст оварда шуд. Бақайдгирии мунтазам ва тадқиқоти сиккаҳои қадима, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ёфт шудаанд, дар як вақт бо ташкилёбии Экспедитсияи бостоншиносии суғдӣ-тоҷикӣ (СТАЭ) ва дар соли 1951 таъсиси бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институт оғоз гардидааст. Дар натиҷаи ҳаффориҳои миқёсан васеъи дар шаҳристони Панҷакенти қадим гузаронидашуда барои соҳаи сиккашиносии Суғд маводи зиёд ба даст оварда шуд. Санаи таърихии сиккаҳои бозёфтшуда давраҳои асрҳои I – VIII – уми милодиро дар бар мегиранд. Сиккаҳои Панҷакенту Суғдро суғдшиноси машҳур О.И.Смирнова омӯхтааст, ки вай дар ҳақиқат асосгузори соҳаи сиккашиносии Суғд ба ҳисоб меравад. Маҷмӯаи сиккаҳое, ки Е.А.Давидович ҷамъ овардааст дар чор даҳсолаи охир ба яке аз беҳтарин коллексияҳои илмии сиккаҳои қадима ва асримиёнагии маҳаллии Осиёи Миёна табдил ёфта баъзе бахшҳои он дар ҷаҳон беназир аст. Аҳамияти бузурги илмии ин маҷмӯа дар он аст, ки сиккаҳои беҳуҷҷат ҳамагӣ каме беш аз 1%-ро ташкил медиҳанд. Барои аксарияти ин нусхаҳо на танҳо маҳали бозёфт маълуманд, балки алоқаи сиккаҳо бо ёдгориҳои бостоншиносӣ, муқаррар карда шудааст, чунки бисёре аз сиккаҳо ва баъзе ганҷинаҳо дар вақти ҳафриёти бостоншиносӣ ёфта шудаанд. Маҷмӯаи сиккаҳои Институт ба аҳли илм, пеш аз ҳама ба туфайли корҳои тадқиқотӣ ва табъу нашрии дар тӯли чор даҳсола гузаронидаи Е.А.Давидович маълуму машҳур гаштаанд. Пажӯҳиши ҳаҷман бузургро сиккашинос Е.В.Зеймал ба анҷом расонидааст. Дар китоби ӯ «Сиккаҳои қадими Тоҷикистон» бори нахуст маводи калони сикашиносӣ таҳқиқ шудааст, ки он давраи қариб ҳазор сол – аз асрҳои V-IV пеш аз милод то асри V-и милодиро дар бар мегирад. Дар он ба истифодаи сиккаҳои қадима ҳамчун сарчашмаи таърихӣ диққати махсус дода шудааст.
Аз соли 1980 бо бозёфтҳои нумизматии Тоҷикистон сиккашиноси тоҷик Д.Довудов бо мувафақият кор мебарад. Дар натиҷаи тадқиқоти ӯ якчанд рисолаи илмӣ нашр шуд: «Ганҷинаи сиккаҳои Тоҷикистон»(2009), «Муносиботи пулӣ дар давраи қадим ва асримиёнагии Хатлон (асри V то м.) – аввали асри XX»(2006), «Ганҷинаи дирҳамҳои чағонии асри XI аз Ҳисор»(2007).
Ҳамин тариқ бахши бостоншиносӣ дар муддати 60 соли фаъолияташ барои омӯзиши таърихи мардуми тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Тадқиқотҳои археологӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои 50-ум оғоз ёфта буд то солҳои 80-ум ба дастовардҳои бузургеро соҳиб шуд, ва новобаста аз мушкилиҳо то имрӯз идома дорад. Дар натиҷаи тадқиқоти давраи асри санг инкишофи фарҳангҳои ивазшавандаро мушоҳида намуда, хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳаёт дар ҳудуди ҳозираи ҷумҳурӣ дар муддати қариб як миллион сол идома ёфтааст. Ҳиссаи бузургро дар соҳаи бостоншиносӣ тадқиқотчиёни асри биринҷӣ гузоштаанд. Ҳафриёти Саразм ва даҳҳо ёдгориҳои дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳазорсолаҳои IV-II-и пеш аз милод дар ҳудуди Осиёи Марказӣ маҳалҳои маскунӣ ва нахустшаҳрҳо ба вуҷуд омаданд, ки бунёдкорони онҳо ориёиҳои қадими кишоварз ба шумор мерафтанд. Дар ҳамин давра шаҳр-давлатҳо пайдо шудаанд. Таҳлили маводҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳазорсолаи II пеш аз милод дар ҳудуди Бохтари қадим давлате бунёд ёфта буд, ки он то забт намудани Куруш арзи вуҷуд намудааст. Дар натиҷаи тадқиқотҳои мутахассисони шӯъба оиди давраҳои ҳахоманишӣ, юнону-бохтарӣ, кӯшонӣ ва аввалиасримиёнагӣ, дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон садҳо шаҳру деҳоти дорои маданияти баланди моддӣ ва маънавиро ошкор шуданд.
Солҳои 90-ум шӯъбаи бостоншиносӣ давраи вазнини табаддулотро аз сар гузаронид. Дар ин давра мутахассисони беҳтарин ба монанди И.В.Пянков, Т.П.Кияткина, А.Г.Амосова, Н.М.Симакова, М.М.Мулоқандов, И.А.Маслов, В.А.Жуков, В.Н.Бажутин, В.С.Соловёв ва Е.П.Денисов ҷумҳуриро тарк карданд. Инчунин дар даҳсолаи охир илми бостоншиносии Тоҷикистон талафоти вазнин дод. Мутахассисони пешоҳанги шӯъба, бостоншиносон ва олимони барҷаста А.И. Исҳоқов, Л.Т.Пянкова, В.А.Ранов, Т.М. Атахонов, Э.Г.Ғуломова, Б.И.Маршак, Б.Я.Ставиский ва Б.А.Литвинский аз ҳаёт даргузаштанд. Ҳиссаи онҳо дар соҳаи бостоншиносии Тоҷикистон бебаҳост. Ба туфайли тадқиқотҳои бунёдии онҳо ва фаъолияти кормандони шӯъбаи бостоншиносӣ таърихи ватанӣ бо маълумотҳо оиди ҳаёти халқҳои дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон зиндагидошта, дар тамоми давраҳои таърихӣ ғанӣ гардид. Имрӯз ягон масъаларо оиди таърих, пайдоиш ва таърихи фарҳанги сокинони ҳудуди Осиёи Марказӣ, бидуни ҷалби маълумотҳои бостоншиносии Тоҷикистон ҳал кардан мумкин нест.
Иштироки фаъоли кормандони шӯъба дар корҳои экспедитсионии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва хориҷи кишвар аз алоқаҳои зичи мактабҳои гуногуни илмии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон шаҳодат медиҳад. Дар навбати худ тадқиқотчиёни номдор ба монанди И.Коробков, Г.И.Медведев, Ю.А.Мочанов, Г.Ф.Коробкова, Н.К.Анисюткин (Россия), Гладилин (Украина), Б.Г.Еритсиян (Арманистон), В.С.Волошин, О.А.Артюхова, Ю.А.Мотов (Қазоқистон), М.Б.Юнусалиев (Қирғизистон), Р.С.Дэвис (ИМА), В.Клетс (Канада) ва дигарон дар ҳафриётҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мегузашт иштирок карданд. Солҳои охир ковишҳои бостоншиносӣ боз дар ҳайати зичтари байналхалқӣ мегузаранд. Бостоншиносони тоҷик бо марказҳои илмии Руссия, Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон ва Хитой ҳамкорӣ доранд.Дар асоси маълумотҳои бостоншиносӣ бисёр саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик, ки дар сарчашмаҳои хаттӣ набуданд, навишта шуданд. Асарҳои ҷамъбастӣ нақши муҳим доранд, ки ба онҳо дар навбати аввал ҷилдҳои якум ва дуюми силсилаи «Таърихи халқи тоҷик»(«История таджикского народа»), ки солҳои 1998 ва 1999 нашр шудаанд, тааллуқ доранд. Нашри нав ва пурратари он баъди қариб 40 сол пас аз табъи нашри якум ба охир расидааст. Ин китобҳо дорои маълумотҳои нав, пурра ва асоснок буда, бо мундариҷаҳои нав илми таърихроро пур намуда сатҳи муваффақиятҳои бостоншиносии Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Дигар рӯйдоди асосии 15 соли охир ин нашри якчанд рисолаҳои илмӣ оиди масъалаҳои таърихи халқи тоҷик мебошанд, ки инҳоянд: Н.М.Виноградова «Тоҷикистони Ҷанубуғарбӣ дар давраи биринҷӣ» («Юго-Западный Таджикистан в эпоху бронзы»)(2004), В.А.Ранов ва Г.Р.Каримова «Ҳамвории афғону тоҷик дар асри санг» («Каменный век Афгано-Таджикской депрессии») (2005с), А.Исҳоқов «Саразм оғози тамаддуни халқи тоҷик»(2005с), Б.А.Литвинский ва И.Р.Пичикян «Маъбади элинии Амударё» («Эллинистический храм Окса») дар се ҷилд (2001, 2003, 2010), Ю.Яқубов, Д.Довудӣ ва Т.Г.Филимонова «Таърихи Кӯлоб аз давраи қадим то рӯзгори мо» («История Куляба с древнейших времен до наших дней» (2006), Н.М.Виноградова, В.А.Ранов ва Т.Г. Филимонова «Ёдгориҳои Кангурттут дар Тоҷикистони ҷанубуғарбӣ (давраи неолит ва асри биринҷ)» («Памятники Кангурттута в Юго-Западном Таджикистане (эпоха неолита и бронзового века))» (2008). Аз силсилаи «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон» ду асари фундаменталии М.А.Бубнова доир ба Помири Ғарбӣ(1997, 2007). нашр шуданд. Миқдори мақолаҳои илмӣ доир ба натиҷаи корҳо дар ҷумҳурӣ зиёда аз 600 ададро ташкил медиҳанд. Нашру табъи ҳисоботи тадқиқотҳои шӯъба дар маҷмӯаи «Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» («Археологические работы в Таджикистане»), ки нашри 35-умаш ба табъ расидааст, давом дорад.