31-соли Истиқлоли давлати муборак!
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА ба ифтихори ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми сокинони сарбаланди кишварро аз номи ҳайати профессорону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ ва аз номи худам табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми саодату сарфарозӣ бароятон саломатию умри дароз, бахту толеи фирӯз, файзу баракати рӯзгор, эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандориро орзумандам.
Истиқлол беназиртарин неъмат барои мардуми шарафманди кишвари азизамон мебошад. Истиқлол ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум буда, барои  миллати заҳматкашу соҳибфарҳанги точик имконоти нави рушдро фароҳам овард. 
Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки дар остонаи 31-юмин солгарди Истиқлоли  давлатӣ  қарор дорад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф шуда, бо дастовардҳои назарраси худ мавқеи шоистаро дар ҳалқаи давлатҳои ҷаҳон соҳиб гардидааст. Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва дастовардҳои марњалаи давлатдории навин, бешак, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд. 
Дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами  миллат арзишҳои волои аҷдодӣ, оину суннатҳои давлатдории миллӣ эхё шуда, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва таҳқиқу омўзиши он вусъати тоза пайдо намуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо амали намудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар Ҷумҳурии Точикистони соҳиби пешрафти назарраси иқтисодию фарҳангӣ гардида, рў ба фардои ободу дурахшон овардааст. 
Боиси ифтихору шукургузорист, ки дар арафаи 31-умин солгарди Истиқлоли  давлатии кишвари азизамон қарор дорем, ин ҷашни муҳимми таърихиро дар якҷоягӣ бо ободкорию созандагӣ таҷлил намуда, ба дигарон собит намоем, ки мо миллати сулҳпарвару соҳибфарҳанги тоҷик  якдилу яктанем.
Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, ҳамчун як кишвари соҳибистиқлолу пешрафта эътироф менамоянд. 
31-умин солгарди Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон  муборак бошад!