Убайдулло Насрулло, д.и.т., профессор
АКАДЕМИК Б.Ғ.ҒАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ИЛМИИ ТАЪРИХШИНОСИИ ТОҶИК
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Чеҳраҳои монадагор»-и худ менависанд: «Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад» [15, 328]. Яке аз чунин чеҳраҳои мондагор фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафурович Ғафуров мебошад, ки ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва роҳбари аввал дар рушду пешрафти ҷумҳурӣ ҳамчун олим ва муҳаққиқ дар омӯзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии миллат нақши бориз гузоштааст.
Имрӯз дар остонаи бузургдошти ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду нумӯи илми тоҷик, агар мо ба роҳи тайкардаи илми таърихшиносии миллӣ назар андозем дар саргаҳи он устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва як гурӯҳ шарқшиносони шинохтаро мебинем. Агар устод С.Айнӣ бо усули таҳқиқ ва назару пажӯҳишҳои таърихии худ дар таҳкими донишҳои таърихӣ ба илм мусоидат карда бошад, академик Б.Ғафуров бо пажӯҳиш ва ҳунари волои роҳбарию ташкилотчигии худ дар саргаҳи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик меистад.
Робитаи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик бо номи академик Б.Ғафуров ба назари мо пеш аз ҳама дар чанд самт зоҳир меёбад. Академик Б. Ғафуров бо коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, методологияи он, ба вижа даврабандии таърихи халқи тоҷик, гузориши масоили пажӯҳишӣ, таҳқиқотҳои бунёдӣ, ташвиқу тарғиби донишҳои таърихӣ, муаррифии таърихи халқи тоҷик дар дохил ва беруни кишвар ва ширкати бевосита дар ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси илмӣ нақши барҷастаи худро гузоштааст.
Академик Б. Ғафуров фаъолияти касбии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз намудааст ва аввалин мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бедории тоҷик» соли 1928 ба чоп расидаанд, ки мавзӯи асосиии онҳоро низ масоили таърихӣ, муборизаи ҷомеаи нав ва кӯҳна, дастовардҳои ҳокимияти шӯравӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи нав ташкил медоданд. Аз ҷумла, мақолаҳои «Хиёнаткорони Исфисор», «Аз дафтари се нафар ҷинояткор», «Аз аҳволи се нафар мунофиқи номдор» соли 1928 дар рӯзномаи «Бедории тоҷик», мақолаҳо доир ба ҳаракати колхозӣ ва дастовардҳои колхозчиён дар рӯзномаҳои «Бо роҳи ленинӣ» соли 1934, «Қизил Тожикистон» соли 1935 ба мавзуъҳои рӯзмараи замон бахшида шудаанд. Соли 1939 Б. Ғафуров доир ба мавзӯъҳои мубрами замон, пеш аз ҳама занон ва озодии онҳо, мубориза ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ силсилаи мақолаҳоро дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Коркуни партиявӣ», «Ба роҳи ленинӣ», «Коммунист Таджикистана» чоп менамояд. Дар заминаи ин мақолаҳо соли 1940 рисолаи ӯ бо номи «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ» дар ҳаҷми 36 саҳифа аз тарафи Нашриёти давлатии Тоҷиистон чоп мешавад.
Фаъолияти рӯзноманигории Б.Ғафуров солҳои минбаъда низ новобаста аз ишғоли вазифаҳои баланди сиёсию давлатӣ пайваста идома меёбад. Танҳо дар давоми соли 1940 зиёда аз 13 мақолаи илмӣ-оммавии Б. Ғафуров доир ба мавзуъҳои таърихӣ тавассути васоити ахбори умум бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба чоп расидаанд. Дар солҳои ҷанги ватании 1941-1945 ва давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ низ Б. Ғафуров аз навиштани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва тарғиботӣ канор наҷуста, баробари расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ саҳифаҳои рӯзномаҳои марказии шӯравӣ, ба мисли «Известия»-ро низ истифода менамояд. Аз ҷумла, соли 1941 дар саҳифаҳои «Известия» ду мақолаи ӯ бо номҳои «Ба музаффариятҳои нав» («К новым успехам») ва «Тоҷикистон ба ҷабҳа» («Таджикистан фронту») чоп шуданд, ки ҳар ду ба мавзӯи муҳимми дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иҷтимою иқтисодӣ ва кӯмаки бевоситаи ҷумҳурӣ ба ҷабҳа бахшида шуда буданд. Ҳамин гуна мақолаҳо дар давраи иҷрои вазифаҳои масъулиятноки муншӣ, муншии дуюм ва билохира муншии аввали Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ будан низ тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои умумишӯравӣ, пеш аз ҳама рӯзномаҳои «Правда» ва «Известия» ба чоп расидаанд, ки дар онҳо муборизаи қаҳрамононаи тоҷикистониён дар ҳимояи марзу бум ва корномаи меҳнатии онҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодию фарҳангӣ инъикос ёфтаанд. Дастовардҳо ва пешравиҳои ҷумҳурӣ ва инчунин вазифаву ҳадафҳои аввалин дар ягон самт аз мадди назари ин фарди меҳанпараст берун намондааст. Беш аз ҳама Б. Ғафуров ба масоили тарғибу ташвиқи донишҳои сиёсӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, сатҳи фарҳангию донишмандии кормандони мақомоти ҳизбию давлатӣ, адабиёти шӯравии тоҷик ва вазифаҳои он, рушди минбаъдаи фарҳанги халқи тоҷик, пахтакорӣ ва ривоҷи он дар мақолаҳои илмӣ-оммавии худ таваҷҷуҳ намудааст.
Рӯ овардани академик Б. Ғафуров ба пажуҳиши илмии таърихи халқи тоҷик охири солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Қадами аввал дар ин самт ба чоп расидани ду рисолаи илмӣ- «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ» [6] ва «Афтидани аморати Бухоро» («Падение Бухарского эмирата: к 20-летию Советской революции в Бухаре (1920-1940 гг.»), дар ҳаммуалифӣ бо Н. Прохоров [3] маҳсуб меёбанд. Таваҷҷӯҳ ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз тарафи як нафар ҷавони содиқ ба ҳокимияти нави шӯравӣ ва ҳадафҳои асосии он бесабаб набуд. Агар аз як тараф тавассути фаъолияти рӯзноманигории худ ба масоили таърихӣ бештар ошно шуда бошад, аз тарафи дигар ӯ аз авзои сиёсию ҳуқуқии мардуми тоҷик ва маҳдуднамоии маснӯии ҳуқуқу манфиатҳои он дар ибтидои асри XX ва, махсусан, дар ду даҳсолаи аввали мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ пурра бархурдор буд. Б. Ғафуров роҳи асосии ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои халқи худро дар таҳқиқ ва муаррифии таърихи бой ва пурғановати он дид, роҳҳои дигар дар он солҳои равнақи таъқиботи сиёсӣ басо хавфнок ва фоҷиаовар буд.
Бо ин мақсад Б. Ғафуров соли 940 роҳи таҳсил дар аспирантураро пеш мегирад ва 11 апрели соли 1941 дар Шӯрои махсуси Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавзӯи «Таърихи сектаи исмоилиён аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми империалистӣ» рисолаи номзадиро дифоъ менамояд. Ҳарчанд пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ӯро оҷилан барои ишғоли вазифаҳои баландтари ҳизбию давлатӣ ба ҷумҳурӣ даъват менамоянд, вале ӯ аз таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик канор намеҷӯяд. Соли 1942 бо ҳамроҳии Н. Прохоров мақолаи илмие доир ба муборизаи халқи тоҷик ба муқобили ғосибони бегона ва истилогаронро дар маҷмӯаи «Кори мо ҳақ, душман саркӯб хоҳад шуд» («Наше дело правое, враг будет разбит») [2] ба нашр мерасонад. Соли 1944 дар заминаи ҳамин мақола рисолаи илмии Б.Ғ. Ғафуров ва Н.Н. Прохоров “Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” [7] аз чоп баромад. Баробари ин соли 1945 маҷмӯаи “Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон”[13] китоби якум аз ҳамин силсила таҳти роҳбарӣ ва назари ӯ чоп шуд.
Солҳои 1942-1948 Бобоҷон Ғафуров дар баробари иҷрои вазифаҳои масъули сатҳи ҷумҳуриявии сиёсию давлатӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири сектор (бахш)-и таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АИ ИШ-ро низ ба зимма дошт. Рисолаи илмии “Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърих и тоҷикон ва Тоҷикистон” дар доираи фаъолияти ҳамин шуъба омода гардид. Китоби мазкур соли 2012 бо кӯшиши нашриёти «Адиб» ба ифтихори 21 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан. (Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон)» [11] ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Ин китоб нахустин рисолаи илмии фарогирандаи таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то соли 1944 буд, ки 23 фасл дошта фасли аввали он «Гузаштаи пурғановати халқи тоҷик» номгузорӣ шудааст. Арзиши илмии китоби мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки бори аввал муаллифон ҷасурона таърихи тоҷиконро дар алоҳидагӣ ва тибқи талаботи методологияи нав ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд. Дар он шароит, ба чунин шакл манзур намудани таърихи халқи тоҷик ва, ба замми он, ҳамчун сокинони бумӣ ва соҳиби таъриху тамаддуни минтақа муаррифӣ намудани тоҷикон ғайрату ҷасорати беандозаро талаб мекард. Дар пешгуфтори китоб аз номи ҳайати таҳририя омадааст, ки «то имрӯз ақидае ҷорист, ки гӯё навиштани таърихи алоҳидаи тоҷикону Тоҷикистон …… зарурате надорад, мувофиқ ин аст, ки барои тамоми халқҳои Осиёи Миёна як таърихи умумии Осиёи Миёна навишта шавад» [11,3]. Ин ақидаро бархе аз шарқшиносони шинохта низ ҷонибдорӣ менамуданд.
Академик Б. Ғафуров на танҳо ин чаҳорчӯбаро шикаст, балки исбот намуд, ки таърихи ҳар як халқи муқими Осиёи Миёнаро метавон дар алоҳидагӣ таҳқиқ ва таълиф намуд. Баъдан, соли 1949 дар нашри русии «История таджикского народа в кратком изложении» [4, 465] ӯ менависад, ки новобаста ба муқовимати баъзе аз шарқшиносони шинохта бояд таъкид намоем, ки «ҳар як халқи Осиёи Миёна дорои хусусияти махсус ва таърихи хусусии худ аст». Б. Ғафуров дар ин рисолаи илмии худ бо як ҷасорати олимона на танҳо талошу муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва ҳимояи марзу буми хеш ба риштаи таҳқиқ мекашад, балки таърихи пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси воҳид ва аз қадим сокинони бумии ин минтақа будани онҳо, дар заминаи халқҳои ориёии шарқиэронӣ ташаккул ёфтани тоҷиконро ба миён мегузорад. Аз ҷумла таъкид менамояд: «Назар ба онҳое, ки дар ҳайаташ эрониёни ғарбӣ шомил будаанд, халқи тоҷик дар чаҳорчӯбаи давлати дигари муташаккил (яъне Сомониён- Н.У.) нашъу намо кардааст, вай истиқлолияти вижаи худ, фарҳанг, анъанаҳои маданиву таърихии мустақил ва новобаста ба Эронро дорад» [11, 8]. Дар ҳамин ҷо доир ба ватани ниёкони гузаштаи тоҷикон – ориёиҳо, тақсим шудани онҳо ба ориёиҳои ғарбӣ ва шарқӣ, давлатҳои нахустини ориёӣ маълумот дода, дар заминаи ориёиҳои шарқӣ- суғдиёну бохтариён, хоразмиён, парфиёниҳо ташаккул ёфтани тоҷикон ҳамчун этноси воҳид ҷасурона андешаҳояшро пешниҳод менамояд. Ба замми он дар ҳавошӣ оид ба пайдоши истилоҳи тоҷик мулоҳизаҳояшро баён намуда, таъкид менамояд: «Истилоҳи «тоҷик» бо калимаи «тоҷ», ки маънояш «сарир» («венец, корона») аст, алоқаманд аст. Калимаи тоҷик маънои «одами тоҷдор»-ро дорад.
Ақидае ҳаст, ки бори нахуст истилоҳи «тоҷик» маҳз ба ҳамин маънои мазкур, дар асри II то милод истифода шудааст ва он дар сарчашмаҳои таърихии Чин доир ба шоҳигарии Тяожи ҳаст» [11, 7].
Ҳамин тариқ дар рисолаи нахустини таҳқиқотии ба таърихи халқи тоҷик бахшидаи худ Б. Ғафуров на танҳо зарурати таълифи таърихи комили онро пеш гузошт, балки тавонист масоили умда ва мубрами онро низ муайян намояд. Дар пажӯҳишҳои баъдинаи худ академик Б. Ғафуров ин масоилро дар заминаи санаду асноди қавӣ ва маъхазҳои хаттӣ боз ҳам асоснок намудааст.
Доир ба зарурати боз ҳам чуқуртар омӯхтани таърихи халқи тоҷик Б. Ғафуров 24 апрели соли 1944 дар ҷаласаи сессияи аввали илмии Филилали тоҷикистонии АИ ИШ бо маърӯза баромад намуда, таҳқиқу таълифи таърихи комили халқи тоҷикро пеш мегузорад. Ва дар роҳи иҷрои ин вазифа ӯ аввалин шуда соли 1947 нахустин таърихи ҷомеи халқи тоҷикро бо унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» [8] манзури муҳаққиқону хонандагон менамояд. «Ин таълифот,- менависад яке аз ғафуровшиносони шинохта, - аввалин ва қотеътарин ҷавоби побарҷое ҳисоб меёфт, ба муқобили таърихсозони гузаро, ки илми муқаддаси таърихро бо мақсадҳои ғаразмандонаи сиёсии худ истифода мебурданд» [14, 247]. Нақши ин китоб ва арзиши илмии онро асос намуда академик Б.А. Литвинский Б.Ғафуровро асосгузори илми таърихи халқи тоҷик номид [12, 49-66].
Устод Садриддин Айнӣ дар тақризи муфассали худ ба «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шудани ин китобро самимона табрик намуда, онро «дар пешрафти маданияти советии тоҷик як ҳодисаи бузург» номидааст [1, 135]. Ҳамзамон устод С. Айнӣ навиштааст, ки «Ҳарчанде аҳволи таърихии гузаштаи таърихи халқи тоҷик дар манбаъҳои шарқӣ ва ғарбии гуногун ба тарзи пароканда қайд шуда бошад ва бо ҳуҷҷатҳои илмӣ-археологӣ ба субут расида бошад ҳам, он аҳвол ба тарзи илмӣ ба оммаи тоҷикон маълум набуд ва бо тафтишҳои ҷудогона ба даст даровардани он гуна маълумот барои ҳар кас муяссар ҳам намешуд» [1, 98].
Академик Б. Ғафуров бо чопи тоҷикии ин китоб қаноат накарда, онро бо иловаю такмил ва таҷдиди назар ба забони русӣ зери унвони «История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г.» [4] соли 1949 дар Москва нашр намуд. Академик Б.Ғафуров барои такмили нашри русии китоб 10 сол вақт масраф намуда, бо назардошти эродҳои роҳбари мамлакат Иосиф Сталин (дар суҳбати шахсӣ моҳи январи соли 1948) ба он тағйироти зиёд ворид намудааст [14, 248]. Доир ба зарурати таълифи китоб Б. Ғафуров таъкид менамояд, ки «то ин вақт таърихи навишташудаи тоҷикон мавҷуд набуд. Асарҳои зиёди олимони шӯравӣ ва шарқшиносон асосан таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро дар маҷмуъ инъикос намуда, таърихи алоҳидаи халқҳои муқими ин минтақаро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд» [4, 465]. 25 феврали соли 1952 Шӯрои илмии Институти таърихи фарҳанги моддии АИ ИШ барои китоби мазкур ба Б. Ғафуров якдилона дараҷаи илмии доктори илмҳои таърихро дод. Ин таҳқиқоти бунёдии Б. Ғафуров бо такмилу иловаҳо боз ду маротибаи дигар, солҳои 1952 ва 1955 дар Москва аз чоп баромад.
Чопи тоҷикӣ ва русии таърихи ҷомеи халқи тоҷик қадами аввал дар таҳқиқи таърихи комил ва пурраи сокинони бумии Осиё Миёна – тоҷикон буд. Нақши ин ва дигар таълифоти академик Б. Ғафуров пеш аз ҳама дар он аст, ки новобаста аз нооромии замон ва чаҳорчӯбаи маҳдуди идеологӣ, ҳадафҳои ғаразмандонаи бархе аз муаррихин ва ҳатто мактабҳои таърихнигории минтақа дар доираи принсипи интернатсионализм ва дӯстии халқҳо тавонист таърихи пурғановати халқи тоҷикро барои мардуми тоҷик ва ҷаҳониён навишта кунад, балки ба ҳама он тоҷикситезоне, ки мавҷудияти ин халқи тамаддунофарро инкор карда, онҳоро омада ё зери таъсири фарҳанги дигарон афтода мепиндоштанд, ҷавоби сазовори олимона диҳад. Таълифоти Б. Ғафуров ҳамеша дар асоси мадраку сарчашмаҳои илмӣ иншо шуда, дар марказҳои калони илмии Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди баррасию қазоват қарор мегирифт.
Баробари таваҷҷӯҳ ва посдоштани таърихи миллати худ ба таъриху фарҳанги дигар халқҳо, пеш аз ҳама халқҳои минтақа арҷ мегузошт. Аммо нисбат ба оне, ки ба таърихи миллати тоҷик назари манфӣ дошт ва ё таърихи онро нодида мегирифт, ҳамеша ҷавоби солими олимона медод. Масалан, солҳои 30-юми асри гузашта як тамоюле дар байни муаррихон ва умуман олимон паҳн шуд, ки тибқи он бояд таърихи ҳар як халқи минтақа дар доираи ҷуғрофияи ҷумҳуриҳои шӯравии мавҷуда мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирад. Ҳатто соли 1936 доир ба навиштани китобҳои дарсӣ дар Душанбе конференсияи калоне баргузор шуд, ки дар он профессори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна В.Я. Яротскӣ пешниҳод намуд, ки таърихи халқи тоҷик дар заминаи ҳудуди кунунии ҶШС Тоҷикистон таълиф ва омӯхта шавад ва ӯ ҳатто номгӯи мавзуъҳои китоби дарсиро чун «Ҳукмронии Ҳахоманишҳо дар Тоҷикистон», «Искандари Мақдунӣ дар Тоҷикистон» ва ё «Давлатҳои турк (Сомониён, Қарахониён, ва Қарахитоиҳо) ва Тоҷикистон дар асрҳои IX-XIII», «Чингиз ва Темур ва мақоми онҳо дар Тоҷикистон» ва ғайра ба таври худ пешниҳод намуда буд. Дар ҳошияҳои маърӯзаи ин «таърихшиноси номӣ», ки он вақт декани факултети таърихи ДДОМ буд, Б. Ғафуров дар қайдҳояш ҷасурона ва бо қатъият изҳори норизоӣ намуда «Консепсияи ғайриилмию ниҳоят зараровар» зикр намудааст. [муфассалтар ниг:. 14, 136-138].
Б. Ғафуров дар ҷавоб ба чунин олимтарошон таърихи халқи тоҷикро на дар чаҳорчӯбаи ҷумҳурии шӯравӣ, балки дар тамоми қаламрави тоҷикнишин - Варорӯду Хуросон мавриди таҳқиқ қарор додааст. Осори таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон, ки имрӯз берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мондаанд, мансуб ба таъриху тамаддуни тоҷиконанд, на ба он мардуме, ки имрӯз он ҷо сукунат доранд. Имрӯз низ азхудкунии таърих, моли худ ва ба таърихи гузаштаи халқи худ марбуд донистани осори таърихию фарҳангии тоҷикон дар қаламрави минтақа бо суръат идома дорад.
Академик Б. Ғафуров бо асарҳои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро мураттаб намуда, ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок намуда, даврабандии комилан илмии таърихи халқи тоҷикро пешниҳод намуд. Консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ки Б. Ғафуров пешниҳод намудааст, аз ҷониби олимони шинохта ва марказҳои бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва дастгирӣ қарор гирифтанд ва он имрӯз низ қиммати илмии худро аз даст надодааст. Вале, Б. Ғафуров бо ин қаноат накарда, мӯшикофона таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро боз ҳам мукаммалу комилтар намудааст, ки натиҷаи заҳматҳояш дар роҳи шинохти таърихи ниҳоят тӯлонии мардуми тоҷик чопи асари безаволи «Тоҷикон» аст, ки соли 1972 ба забони русӣ [5] ва солҳои 1983, 1985 ба забони тоҷикӣ [9; 10] манзури хонанда гардид. Ин китобро, ки Пешвои муаззами миллат барҳақ «шиносномаи миллат» ном мондаанд имрӯз ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ чун тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки мондагортарин заҳмати фарзанди фарзонаи миллат ба халқу кишвари азиз мебошад.
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар заминаи асноду далели сарчашмаю мадракҳои таърихӣ ва таҳлили жарфи пажӯҳишҳои илмии таърихшиносию ховаршиносии ватанию хориҷӣ таълиф гардидааст. «Тоҷикон» ҳамчун асари бунёдӣ аз ибтидо аз ҷониби муаррихон ва ховаршиносони ҷаҳонсазовори баҳои арзанда гардид, ки шаҳодати он чопи тақризҳои зиёд аз тарафи олимони шинохта ва тарҷума гардидани он ба забонҳои гуногун дар хориҷа мебошад. Б. Ғафуров ба таърихи миллати хеш аз мавқеи воқеият бо асноду далелҳои қавӣ дар чаҳорчӯбаи муқаррар намудаи илми замон ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи умумибашарӣ муносибат намудааст.
Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бой ва гузаштаи тӯлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд. Ӯ дар ҳама ҳолат ҳангоми таҳқиқи ин ё он масъалаи илмӣ ҳадди муайяну заруриро нигоҳ дошта, пайваста таъкид менамуд, ки «ҳадде ҳаст, ки аз он гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, таърихшинос не, балки қиссапардоз мешавад».
Олими шинохта тавассути асарҳои хеш, махсусан «Тоҷикон» ба мо ва оламиён саҳифаҳои таърихи бою рангини миллати тамаддунофари тоҷикро бо ҳама бурду бохташ таҳқиқ намуда, нишон дод, ки ин халқ дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, сокинони аслии Хуросону Варорӯд, офарандагони тамаддуни минтақа ва оину суннатҳои наҷиби то имрӯз побарҷои аҷдодӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамеша ҳамчун мардуми давлатсозу давлатдор, эҷодкору бунёдкор, тамаддунсозу сулҳофар ва дар баробари ин муборизи роҳи озодию истиқлолият, ҳомии марзу бум ва суннатҳои аҷдодӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёкон тасвир ёфтаанд. Аз саҳифаҳои асар бармеояд, ки миллати тоҷик ҳамеша аз ҳама гуна гирдобҳои замона, ки ҷонкоҳу камаршикан буд, на танҳо зиндаву саломат берун омад, балки дар андак фурсат аз нав қомат меафрохт ва эҳё мешуд.
Академик Б. Ғафуров ба замми таълифоту таҳқиқоти бунёдӣ, инчунин тавассути талошу заҳматҳои зиёд дар роҳи ташкили муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, марказҳои таърихшиносӣ, тайёр намудани таърихшиносони касбӣ дар ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик нақши амиқ гузоштааст. Кӯшишу талошҳои ӯ дар роҳи ташкили нахустин донишгоҳи давлатӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст. Нақши ӯ дар таъсиси институти мустақили таърих ҳамчун маркази асосии омӯзишу таҳқиқи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик мавриди таваҷҷуҳ аст. Вақте соли 1951 ИТБМ таъсис ёфт, маҳз бо пешниҳоди Б.Ғ. Ғафуров нахустин директори он донишманди шинохта ва донандаи таърихи халқи тоҷик А.А. Семенов таъйин гардид. Баробар ба ин академик Б. Ғафуров барои ба роҳ мондани фаъолияти босамари институт гурӯҳи калони олимони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б.А. Литвинский, Е.А. Давидовичро ба кор даъват намуд. Ба кор дар институт ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҷалб шудани ин муҳаққиқон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши мақоми таърихшиносии тоҷик дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Иқтидори илмии институт ва доираи баррасии масоили мавриди таҳқиқ ба маротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтҳои таърихшиносию таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳои илми таърих ба роҳ монда шуд.
Хулоса, академик Бобоҷон Ғафуров бо таҳқиқотҳои мондагори бунёдии худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва нақши барҷаста дар ташкили марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфавӣ, бешак бунёдгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад.
Пайнавишт:
-
Айнӣ С. Таърихи мухтасари халқи тоҷик// Андар шинохти тоҷикон. Китоби сеюм. Мураттиб Н. Убайдуллоев. - Душанбе: ДДОТ, 2018.- С. 97-135.
-
Гафуров Б.Г. Наше дело правое, враг будет разбит.- Сталинабад: Таджикгосиздат, 1942.-С.34-73.
-
Гафуров Б.Г., Прохоров Н. Падение Бухарского эмирата: к 20-летию Советской революции в Бухаре (1920-1940 гг.).- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1940. - 95 с.
-
Гафуров Б.Г. История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г. - М.: Госполитиздат, 1949.- Т.1.- 468 с.
-
Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история.- М.: Наука, 1972.- 664 с.
-
Ғафуров Б. Ғ. Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ.- Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1940.- 36 с.
-
Ғафуров Б.Ғ., Прохоров Н.Н. Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон.-Сталинабад: Таджикгосиздат, 1944.- 212 с.
-
Ғафуров Б.Ғ. Таърихи мухтасари халқи тоҷик. -Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1947.- Ҷ.1.-382 с.
-
Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон: (Иборат аз ду китоб). Китоби якум: Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. (Муҳаррири масъул –академик А. Мухторов) – Душанбе: Ирфон, 1983.- 704 с.
-
Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон: (Иборат аз ду китоб). Китоби дуюм: Охирҳои асри миёна ва давраи нав. (Муҳаррири масъул –академик А. Мухторов) – Душанбе: Ирфон, 1985.- 416 с.
-
Ғафуров Б.Ғ., Прохоров Н.Н. Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии ватан. (Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон).-Душанбе: Адиб, 2012.
-
Литвинский Б.А. Бободжон Гафурович Гафуров-основоположник таджикской исторической науки// В масштабе века. Сб. воспоминаний о Б.Г. Гафурове – ученом, политике, гражданине. М., 1999.- С. 49-66.
-
Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон. Зери назари Б.Ғафуров - Сталинабад: Таджикгосиздат, 1945.- 145 с.
-
Пирумшо Ҳ. Ахтари илму сиёсат. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2019.
-
Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016.