Раҷабова Умеда Раҷабовна,
ходими илмии шуъбаи таърихи навтарин
 
ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ 
 
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ баҳри пойдор намудани мавқеи худ ҳар як миллату давлатро мебояд, рӯ ба арзишҳои миллӣ намоянд. Арзишҳои миллӣ шиносномаи миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, гузаштаву ояндаи миллатро муаррифӣ менамояд. Ин аст, ки диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт равона гардидааст. Тавре аз паёми навбатии Пешвои миллат бар меояд: “Ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ намудааст”.
Дар ин раванд, худи соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, фарҳангу таърихи бою ғании миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллал муаррифӣ намуд.
Ин аст, ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади тақвият додани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ бояд таъсис ёбад. Ин иқдоми наҷиб бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро қавӣ нигоҳ дошта, гузаштаи бою ғании худро метавонад ба аҳли башар сарбаландона шинос намояд.
Намунаи олии ёдгориҳои таърихӣ иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа ва ғайраҳо ба воситаи санъати волои меъморӣ, ороиши бадеии намои онҳо бо хишт, санг ва гил дар шаклҳои гуногун, равоқ, тоқ, панҷара ва дохили онҳо бо гаҷкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси пурарзиши ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор меравад.
Ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи муҳими давлатӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Қобил ба зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Роҳи абрешим дар тӯли таърихи садсолаҳо тамаддуни бузурги ҷаҳонии Шарқу Ғарб бо ҳам густариш ёфтанд. Роҳи абрешим дар самти ташаккули сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии кишварҳо таъсири худро гузошт. Ба ин васила, дар шаҳру кишварҳои гуногун марказҳои тиҷоратӣ бунёд гардиданд. Хусусан дар роҳи корвонгузари Осиёи Миёна дар шаҳрҳои Марв, Самарқанд, Тирмиз, Хева, Утрор, Туркистон ва ғайраҳо на танҳо марказҳои тиҷоратӣ, инчунин марказҳои илмиву фарҳангӣ ривоҷ ёфта буданд. Бояд қайд кард, ки Роҳи абрешим ин оғози афкори бузурги дӯстиву ҳамкории байни кишварҳост.
 Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна ба аъзогии ЮНЕСКО шомил гардидааст. Ба ҷаҳониён исбот шудааст, ки шаҳрҳои бостонии Кӯлоб, Саразм, Хуҷанд, Ҳисор, ёдгориҳои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷотҳои ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои “Қуръони Карим” бо хати куфӣ, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, ёдгории меъмории Карон, бозёфти “Хазинаи Амударё” аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғайра, ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд ва ҳамчун нобиғаҳои нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.
 Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси моддӣ 17 санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардидааст.
Инчунин як қатор барномаҳои давлатӣ дар ин самт бо мақсади ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба ба тасвиб расидаанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» (аз 27.12.1993), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ”, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Дар моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои хавоӣ, олами набототу хайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онхоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Дар бораи вазифаи ҳар як шаҳрванд бобати хифзи табиат дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фархангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Зимнан, бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.