Эълон!

Ба таваҷҷуҳи мутахассисон, пажуҳишгарон ва ҳаводорони забонҳои бостон расонида мешавад, ки рӯзи 12 апрел, соати 10.00 дар толори Раёсати академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ суҳбат бо донишманди маъруф аз Фаронса доктор Раҳом Аша ва рӯнамоии китобҳои тозанашри ӯ баргузор хоҳад шуд. Раҳом Аша – риёзидон ва эроншиноси маъруф, шаҳрванди ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи Самарқанд, соли 1957 дар устони Гелони сарзамини Эрон ба дунё омадааст. Аз соли 1982 дар кишвари Фаронса зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад. Соли 1985 поённомаи дуктурои худро дар риштаи риёзӣ дифоъ намудааст. Мавсуф аз соли 1987 ба омӯзиши забоншиносӣ ва санскрит дар Институти таҳқиқоти Шарқии Бҳандаркари Пунаи Ҳинд ва ҳамчунин ба мутолиаи забони оромӣ дар Донишгоҳи католикии Париж машғул шудааст. Соли 1989 Раҳом Аша мудири муассисаи пажӯҳишии Эрик дар Париж таъийн мешавад. Аз соли 1990 бо муассисаи K.R. Cama Oriental Institute ҳамкорӣ намуда, бархе аз мақолот ва китобҳои худро интишор намуда, феҳристи нусхаҳои хаттии нав аз забонҳои авестоӣ, паҳлавӣ, санскрит, гуҷаротӣ ва порсиро дар ҳамкорӣ тартиб додааст. Соли 2003 мадраки доктори улуми фалсафаро аз Донишгоҳи байналмилалии озод дарёфт мекунад. Солҳои 2018-2019 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарсҳои забони авестоӣ ва суғдиро барои пажӯҳишгарон ва омӯзгорони риштаи забоншиносиву эроншиносӣ баргузор кардааст. Муаллифи бештар аз бист китоб ба забонҳои форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ мебошанд, аз ҷумла: 1. Омӯзаи пизишкии муғон (2000). 2. Srōg nāmag ( 2000). 3. Озарбоди Маҳраспандон: партаве нав абар зиндагӣ ва бархе аз корҳош (2002). 4. šak -ud - gumānīh-vizār (2004) 5. Pārsīg Language (2017). 6. Вирозагон (як матни навёфта ба порсиг аз нигораҳои дастнавишти Ҳинд) (2018). 7. Avesta: A Grammatical Précis (2019). 8.Marriage Contracts (2021). 9. The Parthian Princeʼs Remarkable Journey (2021). 10. A Compendious Sogdian Dictionary (2024).

Акс аз раванди дарсгузарии устод дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон