Бахшида ба ҳафтаи илм

9 апрели соли 2024 дар толори осорхонаи Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш мизи мудаввар таҳти унвони омӯзиш ва нигоҳдошти ёдгориҳои водии Зарафшон ва дурнамои он баргузор гардид. Дар ин ҷаласа ходимони илмии пойгоҳи Панҷакент-Саразм, кормандони илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Рӯдакӣ бо роҳбарии Мақсуд Мизробзода мудири бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихии ш. Панҷакент Шабнам Файзуллоева, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар ш. Панҷакент бо роҳбарии устоди донишкада Раззоқов иштирок намуданд. Доир ба ин мавзӯъ Аминов Ф, Отабоев О ва Суфиев А маърӯзаҳои илмӣ намуданд.