Экспедитсияи бостоншиносии дар деҳаи Дараи ноҳияи Рӯдакӣ (минтақаи Симиганч)
Аз 16 то 22 апрели соли 2024 экспедитсияи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ бо мақсади таҳқиқоти бостоншиносӣ дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳотии Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ (водии дарёчаи Симиганч) гузаронида шуд. Дар экспедитсия кормандони шуъбаи бостоншиносии Институт Т.У.Хуҷагелдиев (сардор), А.Ф.Шарипов, А.Ч.Қараев, И.Қ.Ашурмадов ва ронанда Ғ.Қ.Бурҳонов иштирок карданд. Дар ибтидои таҳқиқот теппае, ки дар канори ҷанубии деҳа ҷойгир аст, аз назар гузаронида шуд. Баландии теппа қариб 30 м аз сатҳи дарёи Симиганч мебошад ва дар болои он мазори куҳнаи мусулмонӣ воқеъ аст. Пораҳои сафолие, ки дар рӯи қабрҳо ҷамъоварӣ шудаанд, ба давраи кушониён тааллуқ доранд. Шояд дар боқимондаи қалъачаҳои он замон бошад.
Дар поёнии теппа дар ҷангали дар соҳили рости дарёи Симиганч санги калони чоркунҷа (3х2 м) бо ғафсии 70 см тоза карда шудааст. Ҷойгиршавии онро ба бостоншиносон сокини маҳаллӣ Ҳ.С.Забиров нишон дод ва якҷоя бо сокини деҳаи Тангаи Н.Насруллоҳ бостоншиносонро итминон доданд, ки дар рӯи ин санг навиштаҷоти муқаддас вуҷуд дорад. Пас аз тоза кардани санг аз ҷангал ва бо об шустани он аз ҷониби бостоншиносон ягон навиштаҷот пайдо нагардид.
Тақрибан 300 м дар шимолу шарқии теппаи Мазор дар нишебии поёни стансияи алоқаи мобилӣ пораҳои зарфҳои сафолии бо даст сохташуда дарёфт гардид.
Инчунин тақрибан 500 м шимолтар аз теппаи мазор дар сатҳи теппаи дарози Саломалейкум дар соҳили рости дарёи Симиганҷ, ки дар он ҷо дар солҳои 80-уми асри гузашта сокинини маҳаллӣ чор пайкараи бузи биринҷӣ ёфтанд, ду хандаки хурд (шурф) гузошта шуд, вале қабати маданӣ пайдо нагардид.
Ҳангоми азназаргузаронии теппаи дигар, ки дар соҳили чапи дарёи Қушилич ҷойгир аст, маҷмӯи зиёди порчаҳои сафолии бо даст сохта ва сирдори асрҳои XI-XII дарёфт ва ҷамъоварӣ карда шуд.
Дар деҳаи Симиганч бо ёрии Ҳ.С.Забиров ғоре, ки аз стансияи сейсмологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тақрибан 2 км дар соҳили чапи дарёча воқеъ аст, аз назар гузаронида шуд. Ба маълумоти сокинони маҳаллӣ дарозии ғор тақрибан 15 м мебошад. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки даромадгоҳро лағжиши сангу шағалҳо бастааст ва аз ин рӯ даромадан ба ғор имкон надошт. Дар назди даромадгоҳ ва гирду атрофи он порчаҳои сафолӣ ё артефактҳои сангӣ ёфт нашуд.
Дар худуди худи стансияи сейсмологии АМИТ, дар нишебии соҳили рости дарё пораҳои сафолии асрҳои XIV-XV кашф карда шуданд.
Сардори экспедитсия Т.У.Хуҷагелдиев