Абдуқаҳҳор Саидов

доктори илмҳои таърих, профессор,

сарходими илмӣ

Email:saidov.45@mail.ru

Тел:919134184

 

Саидов Абдуқаҳҳор, доктори илмҳои таърих, профессор, 28 октябри соли 1945 таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1971 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намуд.

Аз соли 1971 то соли 1972 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати лаборанти калон кор карда аст.

Аз соли 1972 то соли 1975 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР (Москва) таҳсил намудааст.

Солҳои 1975-1977 – корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1977 то соли 1980 маъмурияти тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Яманро дошт.

Солҳои 1980-1982 – корманди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1982 то соли 1985 маъмурияти тарҷумони забони арабӣ дар Либияро дошт.

Аз соли 1985 то соли 1994 – корманди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.  Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1994-2004 кор дар созмонҳои байналмилалӣ.

Аз соли 2005 то имрӯз корманди Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Моҳи феврали соли 1989 рисолаи номзадиро зери унвони «Мулҳақот ас-Суроҳ»-и Ҷамол Қаршӣ ҳамчун маъхази таърихӣ (ибтидои асри XIV)» дифоъ кард.

28 маи соли 2007 дар мавзӯи «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии хонии Бухоро дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Аз соли 2008 то ҳол сарходими илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш.

Аз соли 2012 - профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.

Аъзо-корреспонденти Академияи улуми табиатшиносии Россия (бахши илмҳи таърих, 2018).

Профессори Академияи улуми табиатшиносии Россия (бахши илмҳи таърих, 2018).

Академики Академияи улуми табиатшиносии Россия (бахши илмҳи таърих, 2020).

 

Заминаҳои фаъолияти илмӣ: омӯзиши таърихи асрҳои миёнаи мардумони Осиёи Марказӣ, таърихнигорӣ ва сарчашмашиносӣ.

Асарҳои зиёде дар Тоҷикистон ва хориҷа дар мавзӯъҳои таърихи халқи тоҷик, маъхазшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ ба табъ расонидааст. Муаллифи 10 рисола, 13 китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла рисола ва китобҳои дарсии зерин ба қалами ӯ тааллуқ доранд:

  1. Социально-экономическое положение Бухарского ханства в XVII – первой половине XVIII вв. -Душанбе: Ирфон, 2006. -220 с.
  2. Ишораҳое ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой. –Душанбе: Дониш, 2006. -94 с.
  3. Политическая история Бухарского ханства в XVII – первой половине XVIII вв. -Душанбе: Ирфон, 2007. -149 с.
  4. Политическое и социально-экономическое положение Бухарского хангства в ХVII – первой половине ХVIII вв. -Душанбе: Дониш, 2010.

     -292 с.

  1. Худомӯзи забони арабӣ (бо ҳаммуаллифии Қозӣ Махсумов).

     Нашри 3. -Душанбе: Шуҷоиён, 2010. -300 с.

  1. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (илова) (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол). –Душанбе: Граф Полиграф, 2010. 116 с.
  2. Маъхазшиносӣ (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол). -Душанбе: Сабрина-К, 2015. –102 с.
  3. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (бо ҳаммуаллифии А.Мухторов ва Ҳамза Камол). -Душанбе: Маориф, 2016. –303 с.
  4. Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ). -Душанбе: Дониш, 2020. 491 с.

Зери роҳбарии А. Саидов 11 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия тасдиқ шудаанд.

Ба магистрҳо ва доктор PhD аз фанҳои «Маъхазҳои асримиёнагӣ  дар таърихнигории муосир» ва «Усулҳои таҳлили манобеи таърихӣ»  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ дарс мегӯяд.

Саидов А. узви шӯрои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ,  узви шӯрои диссертатсионии Д.737.004.02 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-005 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷонишини раиси шӯрои  диссертатсионии 6Д. КОА-046 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мебошад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» ва Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гашта аст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.