Ҳамза Камол         

доктори илмҳои таърих, профессор,

мудири шуъбаи таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нав

E-mail:hamza_kamol@mail.ru

Тел: +992934-21-28-44

Ҳамза Камол  (Камолов Ҳамзахон Шарифович) доктори илмҳои таърих, профессор - 10 августи соли 1960 таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 1982 факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ)-ро бо дипломи аъло хатм намуд.
Аз соли 1982 то соли 1985 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба ҳайси корманди илмӣ кор кардааст.
Аз соли 1985 то соли 1989 маъмурияти тарҷумони забони форсӣ дар Афғонистонро дошт.
Солҳои 1989-1993 - коршинос, котиби масъули робитаҳои байналмилалии Бунёди фарҳанги Тоҷикистон.
Аз соли 1993 то ба имрӯз раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон (созмони ҷамъиятӣ) ва ҳамзамон аз соли 2003 сардабири маҷаллаи «Фарҳанг».
31 декабри соли 2002 рисолаи номзадиро зери унвони «Таърихи мазорҳои Шимоли Тоҷикистон» дифоъ кард.
Аз соли 2005 то 2011 ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш.
31 октябри соли 2007 дар мавзуи «Таърихи ҳуҷуми қабоили Дашти Қипчоқ ба Осиёи Миёна (садаи XVI) рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Солҳои 2011-2019 сарходими илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш.
Аз соли 2012 профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ.
Аъзо-корреспонденти Академияи улуми табиатшиносии Россия (бахши илмҳои таърих, 2018).
Профессори Академияи улуми табиатшиносии Россия (бахши илмҳои таърих, 2018).
Аз соли 2019 – муҳаррири масъули маҷаллаи «Муаррих»
Академики Академияи улуми табиатшиносии Россия (бахши илмҳои таърих, 2020).
Аз соли 2019 то ба ҳол мудири Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Узви Шӯрои ҳимояи 73.1.017.01оид ба ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои таърих ва барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ.
Заминаҳои фаъолияти илмӣ: омӯзиши таърихи қадим, асрҳои миёнаи мардумони Осиёи Марказӣ, таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ ва фарҳангшиносӣ.
Асарҳои зиёде дар Тоҷикистон ва хориҷа дар мавзуъҳои таърихи халқи тоҷик, таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ, таърихи адабиёт, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ ба табъ расонидааст. Муаллифи 12 рисола, 12 китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ ва беш аз 250 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Аз ҷумла рисолаҳои зерин ба қалами ӯ тааллуқ доранд: «Мазорҳои Шимоли Тоҷикистон» (2004), «История мазаров Северного Таджикистана» (2005), «Политическая история Мавераннахра в XVI в.» (2007), «Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон» (китобҳои 1,2,3- 2005, 2007, 2010 бо ҳаммуаллифии М.Музаффарӣ ва З. Наботзода), «Таърихи халқи тоҷик» (китоби дарсӣ барои синфи 8 (илова, бо ҳаммуаллифии А.Саидов, Душанбе, 2010). «История вторжения кочевых племен Дашт-и Кипчака в Мавераннахр и Хорасан (XVI в.» (Душанбе, 2012) «Маъхазшиносӣ» (бо ҳаммуаллифии А.Саидов Душанбе, 2015), «Насабшиносӣ» (Душанбе, 2017), «Таърихи халқи тоҷик» (китоби дарсӣ барои синфи 8 (бо ҳаммуаллифии А.Саидов, Душанбе, 2022), «История таджикского народа» (китоби дарсӣ барои синфи 8 мактабҳои русӣ (бо ҳаммуаллифии А.Саидов, Душанбе, 2022) «Авомили ба сари ҳокимият омадани Сомониён» (Душанбе, 2022) ва ғайра.
Зери роҳбарии Ҳамза Камол 13 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.
Узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ (аз соли 1995) ва узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон (аз соли 1996) мебошад.
Бо медалҳои «10-солагии Инкилоби Савр» (1988) ва «Аз мардуми сипосгузори Афғонистон» (1988), Ифтихорномаҳои Шӯрои вазирони Ҷумҳурии демократии Афғонистон (1986), Кумитаи марказии созмони демократии ҷавонони Афғонистон (8.4. 1367 қ.), Академияи илмҳои ҶТ (2015, 2021), Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2016) ва медали ҷашнии «25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021) мушарраф гаштааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд аст