Муқимов Рустам Саматович
доктори илмҳои меъморӣ, профессор,
ходими калони илмӣ шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав
Тел: +992907-77-18-02
18 феврали соли 1946 дар шаҳри Каттақурғони вилояти Самарқанди РСС Узбекистон таваллуд ёфтааст. Соли 1964 мактаби миёнаи №3-и ба номи К.Маркси ш. Каттақурғони вилояти Самарқандро хатм кардааст.
Соли 1969 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Солҳои 1969-1970 хидмат дар сафи Армияи Советӣ.
Номзади илмҳои меъморӣ (1980, Москва), доктори илмҳои меъморй (1991, Москва), профессор (1993).
Академики Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон (1995), аъзо-корреспондент (1995) ва академики Академияи муҳандисии ҶТ (2006), академики Академияи байналхалқии меъмории давлатҳои Шарқ (Боку, 1996), ноиби аввали Президенти АМваС ҶТ (1995), аъзои раёсати АМиС ҶТ (баъди бақайдгирии, декабри 2015).
Аъзои Иттифоқи меъморон (1975), дизайнерон (2004), рассомони ҶТ (2011).
Дар давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур – Покистон, Туркия ва Булғория маърузаҳои илмӣ иамудааст.
Таърих ва назарияи меъморӣ, азнавбарқароркунии ёдгориҳои меъморӣ ва санъати монументалии Осиёи Марказӣ.
Фаъолияти илми ва истеҳсолӣ:
Соли 1969 - ассистенти кафедраи «Меъморӣ» ИПТ.
Солҳои 1971-1973 - роҳбари идораи тарҳрезии ш. Душанбе назди кумитаи иҷрояи ш. Душанбе.
Соли 1973 - муаллими калони кафедраи «Меъморӣ» ИПТ.
Солхои 1979-1981 - муовини декани факултаи меъморию сохтмон.
Солҳои 1981-2010 - дотсент, мудири кафедраи «Лоиҳакашии меъморӣ», «Меъморӣ», «Меъморӣ ва Дизайн».
Аз соли 1995 аввалин директори Институти илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои меъморию шаҳрсозӣ.
Соли 2004-2023 - президенти (раиси) Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои ёдгориҳо ва мавзеҳои тамошобоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (айни замон аъзои раёсати Ташкилоти Ҷамъиятӣ «ICOMOS дар Тоҷикистон»).
Солхои 1995-2001 - раиси Шӯрои диссертасионии ВАКи Русия назди ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ оид ба химояи рисолаҳои илмии номзади меъморӣ.
Аз соли 2022 - мовини раиси Шӯрои диссертасионии КОАи назди Президенти ҶТ дар назди ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ оид ба химояи рисолаҳои илмии номзади меъморӣ ва доктори PhD оид ба сохтмон ва меъморӣ.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 980 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ, аз ҷумла зиёда аз 80 монография, китоб, дастури таълимию методӣ ва брошюраҳо.
Дар ҳамкорӣ бо ҳайати муаллифон зиёда аз 1000 ёдгориҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва китоби дуҷилдаи «Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳанги ориёнии Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон»-ро ба нашр омода намуд (Душанбе, 2012).
Мақолаҳои илмиаш дар Донишгоҳи Гарвард ва Покистон ба чоп расидааст.
Мукофотҳо:
Бо медали ҶТ «Хизмати шоиста» (2009), нишони «Аълочии маорифи ҶТ» (1996), нишони «Устои меъморӣ» Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Ифтихорномаи фаҳрии Академияи бай налмиллалии давлатҳои ИДМ (2007), Ифтихорномаи Иттифоқи дизайнерони ҶТ (2012), Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи А. Рӯдакӣ дар соҳаи меъморӣ (2014).