Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ
Номзади илмҳои таърих
мудири Шуъбаи таърихи илм ва техника
E-mail: abduvali05@mail.ru
тел: +992900-55-75-75
Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ -12- июни соли 1968, дар ноҳияи Кӯлоби вилояти Кӯлоб) таваллуд шудааст. Соли 1992 факултети таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ: Солҳои 1993-1994 дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи ДМТ.
Солҳои 1994-2011 дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, аз ходими хурди илмӣ то директори ин муассиса.
Солҳои 2011-2021 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи апрели соли 2021 мудири Шуъбаи таърихи илм ва техника
Заминаҳои фаъолияти илмӣ: сиккашиносӣ, катибашиносӣ, манбаъшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ. Чандин катибаҳои аҳамияти калони илмӣ доштаи Тоҷикистон, аз ҷумла катибаи куфии Меҳроби Искодар (асри X), катибаҳои куфии мақбараи {азрати Шоҳ (асри X), катибаҳои куфӣ, насх ва сулси мақбараи Муҳаммад Башоро (асрҳои X-XIV) ва катибаҳои аксари ёдгориҳои меъмории асрҳои XIX-XX-и вилоятҳои Хатлону Суғд нахустин бор аз ҷониби ӯ таҳқиқ ва хонда шудаанд.
Мақолаҳои илмӣ:
Муаллифи китобҳои «Клад кушанских монет из Вахшской долины» (Душанбе, 2010), «Клады средневековых монет» (Душанбе, 2011), «Экспозитсия ва экскурсияи осорхона» (Душанбе, 2012); «Шаҳраки кушонии Сайёд», (Душанбе, 2017), “Ганҷинаи Кӯлоб ” (Дирҳамҳои сомонӣ) (2019) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
«Китобу-л-фароиз»-и Мавлоно Яъқуби Чархиро баргардон ва нашр намудааст.
Сардабири нашрияи «Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон», раиси Шӯрои илмӣ ва Комиссияи экспертии Осорхонаи миллии Тоҷикистон(то соли 2021) ва узви Комисияи ҷумҳуриявии экспертизаи бадеӣ ва коршиноси дараҷаи байналмилалист.
Дар чандин ҳафриёти бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок кардааст.
Хатмкардаи курсҳои такмили ихтисос дар Академияи фарҳанг ва санъати Федератсияи Россия дар ш. Челябинск (2008), Пажӯҳишгоҳи байналмилалии реставратсия ва консерватсияи шаҳри Теҳрон (2004) ва барномаи байналмилалии «Идоракунии осорхонаҳо дар асри XXI» дар кишварҳои Федератсияи Русия, Украина ва Белорусия (2007-2010).
Муаллифи Нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионии Осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи вилоятии ба номи «Авасто»-и ш. Қурғонтеппа ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ аксбардори ҳирфаист ва асарҳояш дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон чоп шудаанд.
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста ва нишони тиллоии ЭКО мебошад.