Юсуфбекова Зинатмо
мардумшинос, номзади илмҳои таърих,
ходими пешбари илмии Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А.Дониши АМИТ
Юсуфбекова Зинатмо баъд аз хатми факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) ба Институти таърихи ба номи А.Дониши Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон соли 1972 ба кор қабул карда шуда то ҳол дар ин муассисаи илмӣ кор ва фаъолият карда истодааст. Дар давоми ин солҳо ў аз кори лаборанти сар карда, баъди гузаштани таҷрибаҳосилкунӣ (стажировка) ва аспирантура дар Институтҳои Шарқшиносӣ ва Этнографияи Академияи Фанҳои СССР ва дар соли 1987 ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ ба ҳайси ходими хурд, калон ва пешбари илмии шуъбаи этнология ва антропология (пеш-мардумшиносии) Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.
Юсуфбекова Зинатмо соли соли 1987 рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоь намуда, баъди он дар кори илмии худро дар соҳаҳои гуногуни мардумшиносӣ бомуваффақият давом дода истодааст.
Дар давоми фаъолияти илмӣ Юсуфбекова Зинатмо дар навиштани 1 монография илмӣ “Семья и семейный быт шугнанцев” М. 2015, 4 китоби дар ҳаммуаллифӣ навишта шуда ва дарҷгардида, 2 брошюра, инчунин 2 китоби дар нашр воқеъ буда, ҳамзамон зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ дар китоб ва маҷаллаҳои илмӣ нашргардида саҳмгузор мебошад.
Дар баробари ин ў пайваста бо маърўзаҳои илмӣ дар конфронсҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ баромад мекунад.
Аз соли 2017 Юсуфбекова З. сазовори унвони фахрии “Алочии фарҳанги ҶТ” гардиааст.
Китобҳои охирини аз нашр баромада:
-Монографияи Семья и семейный быт шугнанцев (конец Х1Х-начало ХХвв.).Ред. Т. Каландаров.- Москва, 2015.
-Тоҷикистон. Тадқиқоти этнографии саҳроӣ 2013 Душанбе, 2014. (ҳаммуаллифӣ)
- Тоҷикистон: Зарафшани боло: Тадқиқоти саҳрои этнографии соли 2014. Душанбе, 2017.
-Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: Тадқиқотҳои саҳрои этнографӣ. Душанбе,2018
- Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон (дар асоси маводи таҳқиқотии саҳроии солҳои 2013-2017)./ Мураттиб Н.К. Убайдулло, муаллифон-мураттибон Л.Додхудоева, З. Юсуфбекова, М. Шовалиева.-Душанбе, 2019.