Намоз Ҳотамов – профессор

ЗАРУРИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ШОҲАСАРИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ – “ТОҶИКОН” БАРОИ ХУДШИНОСӢ ВА МУСТАҲКАМИИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ БАЙНИ ТОҶИКОН ВА ТОҶИКИСТОНИЁН

Шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров-и “Тоҷикон” ойинаест, ки таърихи бойи аҷдодони моро аз замонҳои қадимтарин то сарнагун намудани низоми подшоҳии Русияро дар бар гирифтааст. Барои навиштани ин шоҳасар Бобоҷон Ғафуров сарчашмаҳои зиёди ватанию хориҷиро истифода бурдаанд. Дар натиҷаи мутолиаи ин шоҳасар ҳар як хонанда огоҳ мегардад, ки:

1) Миллати тоҷик ҳамчун як узви мардуми ориёӣ, яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин халқ таърихи бисёрҳазорсоларо дорост, ки он аз саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию мардонагӣ ва таназзулу фоҷиаҳо саршор  мебошад.

2) Мо саҳифаҳои дурахшони таърихи аҷдодони хешро дар муборизаи онҳо баҳри муҳофизати ватани худ бар зидди аҷнабиёни юнону мақдунӣ, арабҳо, муғулҳо, туркҳо ва  Русияи подшоҳӣ мебинем. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо на бо ҷангу ҷидолҳо, балки бо инкишофи кишоварзӣ, бунёду ободии шаҳрҳои бостонӣ, ба монанди Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот, офаридани яке аз қадимтарин китобҳои муқаддаси ҷаҳонӣ – «Авесто», бо фарзандони баруманд, ба монанди Абу Ҳанифаю Имом ал-Бухорӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсию Умари Хайём, Саъдии Шерозию Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомию  Камолиддин Беҳзод, Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ном баровардааст.

3) Халқи тоҷик махсусан, дар замони ҳуҷумҳои забткоронаи аҷнабиёни муғул, таҳдиду сахти нестшавии ҷисмониро аз сар гузаронид, ки садҳо ҳазор нафар фарзандонашро сар бурида, шаҳру деҳаҳои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд. Туркпарастони аввали асри ХХ низ тоҷиконро аз ҷиҳати маънавӣ нест карданӣ шуданд. Вале халқи тоҷик нест нашуд, ҳар бор ба захмҳои бадани худ даво ёфта, қувват мегирифт.

4) Миллати мо ба муқобили душман дар баробари сипар, фарҳанги худро пеш гузошт, ба онҳо иттифоқ, ҳамзистию ҳамкориро пешниҳод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аҷнабиёни кӯчӣ бартарии илму маърифатро исбот намуд, онҳоро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят сохт.

5) Тоҷикон тавонистанд нисбат ба ҳамсоягони худ хеле  пештар, дар тӯли аз аҳди Сосон то Оли Сомон нишонаҳои қабилавиро паси сар карда, ба халқи ягона муттаҳид гарданд. Вале онҳо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар – маҳалгароӣ гирифтор шуданд. Фоҷиаи ин беморӣ дар он буд, ки вай халқи тоҷикро ҳеҷ нагузошт ва ҳанӯз ҳам намегузорад, то худро миллати ягона ҳисобад. Ҳамин беморӣ халқи тоҷикро намегузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба ҷуз давлатҳои нисбатан хурди Ғӯриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор ва ғайра, дигар давлати бузурги мутамарказонидашудаи худро эҳё кунад. Зеро, ин беморӣ дар ҳар гуна ҳолат халқи тоҷикро пароканда нигоҳ медошт. Баръакс он ба халқҳои дигар, аз ҷумла қабилаҳои кӯчиёни аҷнабӣ, ки нисбат ба тоҷикон иттифоқтар буданд, имконият дод дар ин сарзамин давлатдории худро барқарор намоянд.

6) Халқи тоҷик ба монанди амир Исмоили Сомонӣ сарвари бузургро офарид, ки пойдории давлати хешро на дар ҷангҳои ғоратгаронаю зулму истибдод, балки дар ақлу заковат, созандагию бунёдкорӣ медид. Вале давлати пойдорнамудаи ӯро бемории дигар - рақобати мансабии ворисони Сомонӣ заиф гардонид ва ниҳоят барои аз байн рафтанаш яке аз сабабҳои асосӣ шуд.

7) Бемории рақобати мансабӣ танҳо мансуби мардуми мо нест. Баръакс дар арсаи таърихӣ бисёр давлатҳои ҷаҳонӣ маҳз дар натиҷаи авҷ гирифтани чунин рақобат заиф гардида, ниҳоят мулкашон луқмаи давлатҳои пурқуввати давр гардидааст.

8) Албатта омӯхтани чунин саҳифаҳои таърихӣ, пастию баландиҳо, қаҳрамонию нокомиҳои гузаштагони халқи тоҷик барои ташаккули шахсияти ҳар як ҷавони имрӯза дар рӯҳияи ватанпарастӣ аҳамияти махсус дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар банди “Сабақҳои таърих ва озмоишгоҳи мактаби истиқлолият” чунин таъкид мекунанд; “Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд. Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳаги миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапараст ба камол мерасанд, ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд. Ин бадбахтии бузург касро хоҳу нохоҳ ба инкори гузашта, ба фироғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба рӯҳи бузурги фарзандони миллат ва ниҳоят бегонапарастию қадр накардани таъриху тамаддуни миллӣ бурда мерасонад”. [1]

         Дар пешгуфтори ин асар Президенти муҳтарам махсус қайд кардаанд, ки “сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пеш рӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.[2]

         Ин гуфтаҳои Президенти мӯҳтарам то ба кадом дараҷа зарур будани омӯхтани фанни таърих, ҳамчун “мактаби худшиносӣ”, махсусан барои ҷавонон, дар замони мавҷуд будани ақида ва ривояҳои гуногун, бори дигар хотиррасон менамояд.


[1] Ниг.: Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориёно то Сомониён. Иборат аз чор китоб. –Душанбе, -2009. –С. 8.

[2] Ниг.: Ҳамон ҷо. -С. 5.