НАМОИШИ БОЗЁФТҲОИ ЗАМОНИ ПАЛЕОЛИТИ ЗАРДХОК БО ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ХОРИҶӢ

23 майи соли 2023 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ намоиши бозёфтҳои сангии асри санг, ки аз бошишгоҳҳои  Кӯлдара, Лоҳутӣ, Хонақо, Оби Мазори ноҳияи Ховалинг ва   Қаратоғи ноҳияи Ёвон ёфт шудаанд, баргузор гардид. Дар он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов Абдусаттор Самадович, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Насрулло Каримзода, олимони  Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Россия, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия,  Донишгоҳи техникии Дания, Донишгоҳи давлатии Гургени Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳайати кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ иштирок намуданд. Намоиш дар чаҳорчӯбаи Экспедитсияи байналмилалии бостоншиносӣ ва дар заминаи барномаи байналхалқии TOCA баргузор гаридид.
Зимни намоиш бори дигар эълон шуд, ки  бошишгоҳҳои палеолити зардхоки  Кӯлдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг қадимтарин масканҳои одамони ибтидоӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Ба андешаи мутахассисон  натиҷаи корҳои ҳафриётӣ фарзияи дар яке аз роҳҳои қадимтарини паҳншавии одамони ибтидоӣ ҷой доштани бошишгоҳҳои мазкур тақвият мебахшанд.
Мақсадии асосии намоиш муаррифии бозёфтҳои асри санг, махсусан давраи палеолит, ҷалби олимони хориҷӣ дар омӯзиши ёдгориҳои зикршуда ва тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати омӯзиши бошишгоҳҳои асри санги ҷумҳурӣ мебошад.
Па аз намоиш ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои рушди ҳамкории илмии муассиса бо Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин, махсусан дар самти бостоншиносиро баррасӣ намуданд.

 

 

10_0.jpg  12.jpg  3_0.jpg 2_0.jpg  1_1.jpg