Раҳматов Ҳасан Умарович
Докторанти PhD, курси 2-юми Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
 
НУКТАҲО АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ САНОАТ
 
 28 декабри соли 2023 Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ аз ҷумла: иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, саёҳӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ доир гашта, ҳамчун раҳкушо ва раҳнамои дурахшоне дар самтҳои гуногун, бахусус маориф, фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт, хизмат менамояд.
 Мавриди зикр аст, ки Паёми Пешвои муаззами миллат хулоса ва ё ҷамъбасти соли сипаригашта буда, ҳамасола дар пеши мо, аҳли зиё, ва омӯзгорон вазифаҳои наву пурифтихор ва ҳамзамон бомасъулиятро мегузорад. Зеро ҳар як фарди ватандӯсту хештаншиноси ҷомеа пас аз шунидани ин Паём кӯшиш менамояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои татбиқи нақшаю барномаҳои наҷибу манфиатбахш саҳмгузор бошад.
 Мустаҳкамшавии вазъи иқтисодии минтақаҳо аз бисёр ҷиҳат аз ҳолат ва тараққиёти соҳаҳои саноат вобастагии калон дорад, зеро иқтисодиёти бозорӣ бо баробари васеъшавии бозори молӣ ва молиявӣ, инчунин беҳтаргардонӣ ва шиддатёбии муборизаи рақибонаро дар назар дорад. Бинобар ин, баланд намудани самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолгардонии ҷараёни тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳама соҳаҳои саноати минтақавӣ ба мадди аввал мегузарад. Зарурати муайян намудани имкониятҳои захиравии корхонаҳои саноатӣ барои фаъолияти босамари тамоми кишвар, зарур арзёбӣ карда мешавад.
 Дар ин радиф таҳлили иқтидори бахши аслии иқтисодиёти минтақа, баҳодиҳии имкониятҳои баланд намудани рақобатпазирии он, таҳлили эҳтиёҷот барои захираҳо ва оқибатҳои интихоби самти сиёсати саноатӣ муҳим арзёбӣ карда мешаванд.
 Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар Тоҷикистон солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуданд.
 Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
 Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.
 Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.
 Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд.
 Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки соли ҷорӣ содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо кардааст.
 Соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид.
 Дар ин самт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифагузорӣ намуданд, ки ба афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баҳри баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шаванд.
 Аллалхусус, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус диҳанд.
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
 Ҷоиз ба таъкид аст, ки беамалигардонии таҷдиди соҳаҳои саноат таъмин намудани саноатикунонии босуръати иқтисодиёт имконнопазир мебошад. Аз ин лиҳоз таҷдиди самараноки соҳаҳои саноати иқтисодиёти минтақа бо дарназардошти таҷрибаҳои кишварҳои дар ин самт пешрафта муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
 Ҳар як Паёму суханронӣ ва баромадҳои Президенти кишвар моро ба хештаншиносию ватандӯстӣ ва эҳсоси ғурури миллӣ водор месозад. Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, моро зарур аст, ки барои пешрафти саноат ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.