МОДАР БО ЯК ДАСТ ГАҲВОРА ВА БО ДАСТИ ДИГАР ДУНЁРО МЕҶУНБОНАД
“Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан, қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте модар мегӯем ин фақат як калима нест, балки уқёнуси бекаронест аз ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, самимият, садоқат, раҳмат, бахшиш, илм ва маърифат аст, ки бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунем. Худованд ҳастии инсонҳо ва бақои аҳли башарро ба воситаи модар амалӣ менамояд. Модар мӯъҷизаи илоҳист ва танҳо мавҷуд аст, ки моро қабл аз ба дунё омадан ҳамроҳӣ мекунад ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамдаму ҳамнафаси мост.
Модар ҳастиашро ба фарзанд мебахшад, ҳамеша ба ёди ӯст ва мисли гаҳвараки чашм муҳофизаташ мекунад. Дар ғаму нороҳатии ҷигарбандаш нотобу гирён мешавад ва дар шодию муваффақияти ӯ хушҳол ва ашки шодӣ мерезад. Оғӯши гарму саршор аз муҳаббати модар ҳамеша паноҳгоҳи амну бехатар барои фарзандаш мебошад.
Модар намехобад, то фарзандаш осуда бихобад, намепӯшад, то бипӯшонадаш, намехӯрад то шикамашро сер кунад, бахшиш аз гуноҳону нофармониҳояш мекунад, то ислоҳ шавад. Модар ҳамчун оҳанрубоест, ки фарзандон дар атрофи ӯ ҷамъ мешаванд ва эҳсоси танҳоию бекасӣ намекунанд. Бо ҳузураш муҳити хона гарму равшан ва аз набуданаш фазо дилгиру торик аст.
Паёмбари Ислом (С) бузургтарин суханро дар ситоиши модар баён намудаанд, ки касе чунин ҷойгоҳро барои ин олиҳаи олами ҳастӣ қоил нашуда аст: "Биҳишт зери қадамҳои модарон аст".
Бале, мо ба шарофати модар ҳаст шудаем ва бо ризояти ӯ ба саодати абадӣ мерасем. Агар тамоми умр дар хидмати модар бошем, боз ҳам дар пешгоҳи ӯ қарздорем ва аз ҳазор як ҳиссаи заҳматҳояшро ҷуброн накардаем.
Ҳақ ба ҷониби шоири ширинбаён Эраҷ Мирзо, ки гуфтааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Ба дурустӣ, модар фариштаест, ки аз ҷониби Офаридгор бидуни болу пар фиристода шуда аст, то зиндагии инсониятро сару сомон бахшад ва ба дидагон нур, ба дилҳо сурур, ба бозувони тавон ва ба равон оромиш ато намояд.
Бузургони ҷаҳон суханони зиёде дар васфу ситоиши модар, баён доштаанд, вале ҳамагӣ дар баробари азамати ӯ натавонистаанд ҷойгоҳи малакутиашро ба риштаи тасвир кашанд. Бале қалам оҷиз аст ва тавони васфашро нахоҳад дошт.
Инсон ниёз ба тарбият дорад ва танҳо модар аст, ки аз нахустин рӯзҳои ба дунё омадани тифлаш ба тарбияту ғамхории ӯ камари ҳиммат мебандад, барои расидан ба камоли инсониаш талоши хастагинопазир менамояд.
Мутаассифона, баъзе фарзандон вақте ба воя мерасанд, худро аз тарбияи модар бениёз медонанд ва дар натиҷа дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгум мезананд ва аз осоишу лаззати зиндагӣ маҳрум мемонанд. Бино бар ин моро зарур аст, ки дар зиндагӣ ба қадру манзалати ин ҳадяи илоҳӣ бирасем, ҳамеша дар канораш бошем ва худро комил созем.
Барҳақ дуои модар ба даргоҳи илоҳӣ пазируфтанист ва саодату хушбахтии мо дар гарави ризояти ӯст ва байте аз ашъори Лоиқ Шералӣ хотимабахши ин навиштор хоҳад буд.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.
 
Нуруллозода Ҳангомаи Мирзошариф
Докторанти PhD – соли дуюми
 Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ