"ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАХШИ ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН"
 
26 апрели соли 2024 дар "Маркази пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати АМИТ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва Маркази номбурда соати илмӣ-сиёсӣ дар мавзуи "Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши эҳёи таъриху фарҳанги тоҷикон" бо иштироки докторантони PhD ва магистрантон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ доктори илмҳои таърих, профессор, академик Ю.Я. Яқубов иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки саҳми Пешвои миллат дар эҳёи фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик хеле бузург аст. Дар мисолҳои мушаххас зикр карда шуд, ки маҳз бо иқдоми ин абармарди дунёи сиёсат санаҳои муҳимми таърихи миллӣ ва солгардҳои бузургони илму адаб ва фарҳангу сиёсати халқи тоҷик тоҷик ҷашн гирифта мешаванд.

 

 

 

 

1.jpg2.jpg3_0.jpg