Неъматов И. – ходими илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А.Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих, дотсент
 
 
ПАЁМ ИНЪИКОСКУНАНДАИ АВЛАВИЯТҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ КИШВАР
 
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 28 декабри соли 2024 ироа гардид)
 
Яке аз масъалаҳои муҳим дар Паёми Пешвои миллат, самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат ибрози ақида намуда, дар чорчӯбаи сиёсати “Дарҳои кушода” самтҳои минбаъдаи ҳадафмандона ва воқеъбинонаро дар ин замина таъкид доштанд ва оид ба густариши ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар алоҳидагӣ баён намуданд.
Дар бораи сиёсати хориҷӣ сухан намуда, Пешвои миллат дар Паём аввалан оид ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ дорад, гуфта гузаштанд.
Чуноне, ки аз Паём бармеояд, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси принсипи ҳусни ҳамҷаворӣ муайян гардидааст.
Таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳою сохторҳои минтақавию байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии кишварамон қарор гирифтааст.
Чуноне, ки дар Паём дарҷ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешсаф боқӣ монда, саҳми босазои худро дар ҳалли онҳо дареғ намедорад.
Яке аз масъалаҳои хеле муҳимми имрӯзаи рӯзномаи байналмилалӣ ҳалли мусолиматомези низоъҳои байналмилалӣ мебошад, ки Пешвои миллат мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур чунин муайян намуданд: “Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем. Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем». Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ниҳоӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муаррифӣ ва эътирофнамоии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим мебошад. Қабули якдилонаи ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» санаи 14-уми декабри соли 2023, боиси боз ҳам баланд шудани нуфузу эътибори кишварамон гардид.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Пешвои миллат дар ин замина чунин мулоҳизаронӣ намуданд: “Қобили ёдоварист, ки соли гузашта бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.”
Шоистаи зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Тоҷикистон дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, то имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.