29 апрели соли 2025 дар толори Маркази “Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат”- и Раёсати АМИТ  ҷаласаи васеи олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ва дигар олимони соҳаи таърихи макотиби олии ҶТ баргузор гардид. Мақсади баргузории ин ҷамъомад баррасии “Консепсияи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик” буд. Дар ҷаласа саркотиби илмии Раёсати АМИТ д.и.т., Қ.Искандаров, дитректори ИТБМ, н.и.т., Муродзода А., академики АМИТ Ю.Яқубов., узви вобастаи АМИТ Ҳ.Пирумшоев., д.и.т., Ҳ.Камолов., д.и.т., Саидов А., д.и.т., Н.Ҳотамов., д.и.т., Абдурашитов Ф.М., д.и.т., Х.Бобоев., д.и.т., Иброҳимов М., д.и.т., Ғуломов Т., н.и.т., Ҳакимов Н., н.и.т., Шарифзода А., н.и.т., Наҷмуддинов Т., доктор phd Мирзоев Ш., н.и.т., Давлатшоев Р., н.и.т.,Мирзоев Ғ., директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пӯлатов А., Наботов Ф., котиби илмии Институт Раҷабова У. иштирок доштанд. Вобаста ба мавзуи ҷаласа олимону мутахассисони соҳа фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар фарҷом д.и.т. Қ. Искандаров фикру пешниҳодҳои ҳозиринро ҷамъбаст намуда, қарори зеринро пешниҳод намуд:

  1. Амали “Консепсияи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик”, ки бо қарори раёсати АМИТ тасдиқ гардидааст, идома дода шавад.
  2. Бо ҷалби ҳозирин ва дигар олимони пуртаҷрибаи соҳа “Консепсияи рушди илми таърих” таҳия карда шуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардад.