RU
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШИ АМИТ ДАР СОЛИ 2025
2 декабри соли 2025 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ҳисобот аз натиҷаи корҳои илмӣ ва илмию ташкилии Институт дар соли 2025 доир гардид. Дар он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён М., директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. ва олимон ва кормандони Институт иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии Институт дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор гирифт.
Доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов, академик Юсуфшо Яқубов ва дигарон ба музокира баромада, натиҷаҳои бадастовардаи Институтро дар соли 2025 нисбат ба солҳои гузашта хеле хуб арзёбӣ намуданд.
