RU
МАРИ ФАВЕРО ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН МАЪРУЗАИ ИЛМӢ НАМУД
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.