RU
ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ЭВАКУАТСИЯ ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ: ТАЪРИХ, ТАҚДИРИ АҲОЛӢ, ҲИФЗИ ХОТИРА ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ
Рӯзи 17 апрели сорли 2026 дар шаҳри Чебоксарии Ҷумҳурии мухтори Чувашияи Федератсияи Россия бо ибтикори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мухтори Чувашия, Ҷамъияти ҳарбӣ-таърихии Россия ва Институти давлатии илмҳои гуманитарии Чебоксар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Эвакуатсия дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ: таърих, тақдири аҳолӣ, ҳифзи хотира дар фазои авруосиё” баргузор шуд. Дар кори конференсия 130 нафар коршиносон аз Россия ва дигар ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд. Дар қисмати пленарии конференсия ходими пешбари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, номзади илмҳои таърих, дотсент Абдулло Ғафуров дар мавзуи “Эвакуатсияи аҳолӣ ба Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ: масъалаҳои муҳими таҳқиқот” суханронӣ намуд. Кори конференсия дар 4 бахш идома ёфта, масоили мубраме, ки ҳануз мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд, баррасӣ шуданд. Дар бахшҳои конференсия зиёда аз 50 маърӯза шунида шуд. Дар доираи конференсия намоиши аксҳои таърихӣ таҳти унвони “Корномаи наврасони замони ҷанг” баргузор гардид.
