RU
МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПАДИДАИ БЕНАЗИР ДАР ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОҶИКОН» БАРГУЗОР ГАРДИД
25 июни соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – падидаи беназир дар таърихи сиёсии тоҷикон» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директори Институт, Мирзоев Шуҳрат ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳамияти таърихии Ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолият раҳо ёфта, роҳи рушди босуботро пеш гирад.
Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқони институт бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён таъкид карданд, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, барои таъмини рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.
